Наздик ба 50 муҳоҷири тоҷик, ки аз ҷониби як ниҳоди ҳукуматӣ ба Қазоқистон фиристода шуда буданд, мавриди фиреби корфармо қарор гирифтаанд.
Қосимҷомарт Тоқаев дар интихоботи зудҳангоми 20-уми ноябр, ки ба хулосаи нозирони байнулмилалӣ бе рақобати воқеӣ гузашт, дигарбора раиси ҷумҳури Қазоқистон интихоб шуд. Вай ба иҷрои дурнамои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвараш 7 сол муҳлат дорад.
Интихоботи Қазоқистонро, ки ба гуфтаи мақомоташ бо пирӯзии раисҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаев хотима ёфт, вале ба иддаои мухолифону нозирони байнулмилалӣ бе рақобат гузашт, дар Тоҷикистон ҳам дидаанд.
Дар Қазоқистон, ки моҳи январи имсол шоҳиди эътирозҳои хушунатомез ва боздошту кушта шудани даҳҳо нафари норозӣ буд, рӯзи 20-уми ноябр интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор шуд.
“Гўшае аз Тоҷикистон”. Ин номи ошхонаест, ки як зани тоҷик дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон таъсис додааст.
Ҳукумати Қазоқистон талош дорад донишҷӯёни донишгоҳҳои давлатиро ба ҳайси нозири мустақил дар интихобот ҷалб кунад.
Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар ҷаласаи порлумони ин кишвар ва дар вокуниш ба танқидҳои вакил Адахон Мадумаров баъзе аз ҷузъиёти гуфтугӯҳои марзиро бо Тоҷикистон ошкор кард.
Дар ноҳияи Мақтаарали Қазоқистон, 150 километр дуртар аз Тоҷикистон маҳаллае аст бо номи Фирдавсӣ, ки дар он асосан тоҷикон зиндагӣ мекунанд. Гузаштагони онҳо 90 сол пеш аз ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи Тоҷикистон ба Қазоқистон кӯчидаанд.
Фасодкорӣ дар миёни нухбагон (элита), аз ҷумла хонаводаҳои қудратманди Осиёи Марказӣ, барои расонаҳои мустақили минтақа мавзӯи хатарноке шудааст. Ҳамзамон маҳдудиятҳои дигар ҳастанд.
Раҳбарони Созмони Кишварҳои Туркзабон чӣ гуфтанд? Бе Русия ва Тоҷикистон. Нақши Чин чӣ хоҳад буд? Агар Эрдуғон набошад, созмон хоҳад монд ё..?
Дар нишасти сарони кишварҳои туркзабон дар Самарқанд ба масъалае дахл шуд, ки бо Тоҷикистон пайванд мегирад. Раиси ҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) гуфт, баҳсҳои сарҳадӣ дар минтақа бояд бо роҳи сулҳомез ва дипломатӣ ҳал шаванд.
Мансабдорони Қазоқистон беш аз як миллион долларро дар қиморбозӣ ё казино бохтаанд. Харҷи ин миқдор маблағ, ки аз маошу даромади кормандони давлатӣ бештар аст, дар ҷомеа мавҷи танқидҳоро ба бор овардааст.
Ёфтҳои бештар