Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, Қирғизистон “ниятҳои шуме” дорад ва вазири дифои Қирғизистон гуфт, байни Бишкеку Душанбе “сулҳ буда наметавонад”, зеро ҳар яке ҳақиқати худро дорад. Ин баёнияҳоро таҳлилгарон хатарнок ва баёнгари эҳтимоли такрори муноқишаҳои хунин дар марз меноманд.