Ҳукумати Қирғизистон дар пасманзари муноқишаҳои марзӣ бо Тоҷикистон ба харидани силоҳу муҳиммот иқдом кардааст. Ин амалкарди Бишкек ба раванди музокирот чӣ таъсире мерасонад ва дар Душанбе дар ин бора чӣ фикр доранд?
Душанбе ба сохтмони пойгоҳе дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон (наздик ба сарҳади Афғонистон) бо пули Чин “чароғи сабз” нишон дод. Пойгоҳи навро дар пасманзари ба дасти “Толибон” гузаштани Афғонистон ва афзоиши таҳдидҳо аз кишвари ҳамсоя месозанд.
Шавкат Мирзиёеви 64-сола, ки ҷонибдоронаш ӯро барои ба роҳ мондани ислоҳот ситоиш мекунанд, аммо мунтақидон ба ваъдахилофӣ муттаҳам менамоянд, дигарбора президенти Узбекистон шуд. Вай то панҷ соли дигар ҷилави қудратро дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ба даст хоҳад дошт.
Рӯзи 24-уми октябр дар Узбекистон интихоботи президентӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни он Шавкат Мирзиёев, президенти ҳозираи ин кишвар, рақиби қавие надошт ва, аз ин рӯ, пирӯзии ӯ тақрибан қатъӣ ба назар мерасад.
Президенти Қирғизистон гуфт, дар таъину нишонагузории марз бо Тоҷикистон се нуқтаи баҳсӣ аст, ки, ба гуфтааш, "аз замони истиқлоли кишварҳо ҳал намешавад".
Узбекистон, ки яке аз воридкунандагони асосии гандум дар ҷаҳон аст, дар ҷустуҷӯйи заминҳои нави кишоварзӣ дар Русия мебошад. Ин тасмим метавонад, норасоии захираҳои кишоварзиро дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ҷуброн кунад.
Ҳоло мақомоти расмӣ мегӯянд, рӯзона садҳо нафар мехоҳанд, аз Афғонистон ба Тоҷикистон гузаранд. Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфтааст, дар муддати ду моҳи гузашта 15 000 паноҳҷӯи афғон ба Тоҷикистон ворид шудаанд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch дар изҳороте ҳукумати Узбекистонро танқид кард, ки ба интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ чанд номзади воқеиро роҳ надодааст ва онро нақзи ҳуқуқ номид. Изҳорот 13-уми октябр нашр шуд.
Номи Асел Қурманбоева, ҳамсари ғайрирасмии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва ду тан аз атрофиёни ӯ дар маркази таҳқиқоти “Pandora Papers” (Авроқи Пандора) қарор гирифтаанд.
Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбекистон рузи панҷшанбеи 7-уми октябр ба Кобул рафт ва бо Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон, мулоқот кард.
Дурсултон Таганова, духтари ҷавоне аз Туркманистон, кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ, ки чанд сол пеш дар Туркия як муҳоҷири одии корӣ буд, ҳоло ба рамзи муборизаи сиёсӣ бо режими президенти худкома, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, табдил шудааст.
Ёфтҳои бештар