Чанде аз сокинони як деҳа дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 30-юми ноябр аз ҳузури зиёди низомиёни Қирғизистон дар атрофи хонаҳояшон ибрози нигаронӣ карданд. Ин деҳа бо ҷамоати Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз аст.
Дар Қирғизистон президент амр дод, ки орои интихоботи парлумонии рӯзи 28-уми ноябр аз нав ҳисоб карда шавад. Қарори Содир Ҷабборов дар вокуниш ба эътирози мухолифон буд, ки мегӯянд, аксар ҳизбҳои рӯ ба ҳукумат ва ношинохта ба парлумон роҳ ёфтаанд. Гузориши ҳамкори мо дар Бишкек Акрами Абдуқаҳҳор.
Додситонии кулли Тоҷикистон аз мақомоти Русия хостааст, Диловар Ҷӯраев, як шаҳрванди кишварро, ки бо дархости Қирғизистон дастгир шуд, аз боздошт озод кунад, зеро ӯ бегуноҳ аст.
Идораи ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон бо муроҷиат ба Умед Бобозода, омбудсмени Тоҷикистон аз ӯ тақозо кардааст, то нагузорад, ки ҳуқуқи шаҳрвандони боздоштшудаи қирғиз дар кишвар поймол шавад.
Мақомоти Русия бо дархости такрории Қирғизистон як шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кардаанд. Бишкек Диловар Ҷӯраев, сокини 52-солаи шаҳри Исфараро ба "авбошӣ ва барангехтани низои миллӣ" гумонбар медонад. Пайвандонаш ва мақомоти Тоҷикистон ин иттиҳомро сохта мешуморанд ва ба озодии ӯ талош доранд.
Ҳукумати Қирғизистон дар пасманзари муноқишаҳои марзӣ бо Тоҷикистон ба харидани силоҳу муҳиммот иқдом кардааст. Ин амалкарди Бишкек ба раванди музокирот чӣ таъсире мерасонад ва дар Душанбе дар ин бора чӣ фикр доранд?
Душанбе ба сохтмони пойгоҳе дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон (наздик ба сарҳади Афғонистон) бо пули Чин “чароғи сабз” нишон дод. Пойгоҳи навро дар пасманзари ба дасти “Толибон” гузаштани Афғонистон ва афзоиши таҳдидҳо аз кишвари ҳамсоя месозанд.
Шавкат Мирзиёеви 64-сола, ки ҷонибдоронаш ӯро барои ба роҳ мондани ислоҳот ситоиш мекунанд, аммо мунтақидон ба ваъдахилофӣ муттаҳам менамоянд, дигарбора президенти Узбекистон шуд. Вай то панҷ соли дигар ҷилави қудратро дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ба даст хоҳад дошт.
Рӯзи 24-уми октябр дар Узбекистон интихоботи президентӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни он Шавкат Мирзиёев, президенти ҳозираи ин кишвар, рақиби қавие надошт ва, аз ин рӯ, пирӯзии ӯ тақрибан қатъӣ ба назар мерасад.
Президенти Қирғизистон гуфт, дар таъину нишонагузории марз бо Тоҷикистон се нуқтаи баҳсӣ аст, ки, ба гуфтааш, "аз замони истиқлоли кишварҳо ҳал намешавад".
Ёфтҳои бештар