Пайвандҳои дастрасӣ

Узбекистон дар Русия замин ба иҷора мегирад. Эҳтиёҷ ё Тошканд ҳадафи дигар дорад?


Замини кишт дар Русия
Замини кишт дар Русия

Узбекистон, ки яке аз кишварҳои воридкунандаи асосии гандум аст, дар ҷустуҷӯйи заминҳои нави кишоварзӣ дар Русия мебошад. Ин тасмим метавонад, норасоии захираҳои кишоварзиро дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ҷуброн кунад.

Расонаҳои Узбекистон ва Русия ҳафтаи гузашта гузориш доданд, ки вазири кишоварзии Узбекистон, Ҷамшед Хоҷаев, ин мавзуъро дар мулоқоти видеоӣ бо муовини вазири кишоварзии Русия, Сергей Левин, баррасӣ кардааст. Узбекистон умедвор аст, як миллион гектар заминро барои парвариши гандуму лубиё ва зироатҳои дигар ба иҷора бигирад.

Ин кишвари Осиёи Марказӣ ҳамасола тақрибан 6,6 - 7,6 миллион тонна гандум истеҳсол мекунад ва тақрибан се миллион тоннаи дигарро аз хориҷа меорад. Тибқи гузоришҳо, воридот дар солҳои 2020-2021 ба 3,7 миллион тонна афзоиш ёфтааст.

Бино бар нақшаҳои ибтидоӣ ё пешакӣ, Узбекистон аввал дар Русия 35 ҳазор гектар заминро ба иҷора гирифта, сипас, онро то 300-500 ҳазор ва дар ниҳоят ба як миллион гектар хоҳад расонд. Левин гуфт, Русия 8-13 миллион гектар замин дорад ва 23 "субъект"-и ин кишвар аллакай ба лоиҳа таваҷҷуҳ кардаанд.

То ҳол касе дақиқ нагуфтааст, ки дар кадом минтақаи Русия ба Узбекистон заминҳои кишоварзиро ба иҷора додан мумкин аст. Бахши узбекии Радиои Озодӣ дар ин бора бо як мутахассиси пешбари соҳаи кишоварзии Узбекистон ҳамсуҳбат шуд. Ӯ гуфт, бисёр суолҳои марбут ба созишнома ҳанӯз беҷавоб ҳастанд.

Коршинос, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, чунин созишнома байни Узбекистон ва Русия "як воқеаи мусбат аст", аммо дар асл маълум нест, "дар сурати ворид шудани кишоварзони узбек ба Русия. ба онҳо чӣ гуна замин дода хоҳад шуд."

Вай афзуд, "метавонанд, ба кишоварзони Узбекистон заминҳои азхуднашуда ва обёринашударо диҳанд, ки барои киштукор ва ҳосил гирифтан аз он пули зиёд лозим аст."

Моҳи декабри соли 2020 президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз тоҷирони маҳаллӣ даъват кард, ки заминҳои кишоварзиро дар Русия ба иҷора гиранд, то дар он ҷо истеҳсолро ба роҳ монанд ва ба ватани худ маҳсулот фиристанд.

Вазири кишоварзии Узбекистон, Ҷамшед Хоҷаев, гуфт, ҳама зироате, ки тибқи қарордод бо Маскав дар саҳроҳои Русия кишта ва парвариш карда мешаванд, ба Узбекистон содирот хоҳанд шуд, аммо нагуфт, ки барои иҷораи замин чӣ қадар маблағ лозим меояд.

Бо ин вуҷуд, пешниҳод як таҷрибаи ҷолиб аст. Дар сурати муваффақ шудан, ҳама ҷонибҳо манфиат хоҳанд дид, зеро лоиҳа барои садҳо ҳазор муҳоҷири кории узбек дар Русия низ имкониятҳои нав фароҳам меорад.

Аммо ҷолиб ин аст, ки Узбекистон на бо Қазоқистон, ҳамсояи наздиктаринаш, ки заминҳои корами фаровон дорад, балки бо Русия шартнома мебандад.

Дар Қазоқистон, ки байни Узбекистон ва Русия воқеъ аст, чанд сол пеш пешниҳод шуда буд, як қисми замини кишоварзиро ба Чин бидиҳанд. Ин тасмим боиси эътирозҳо шуд, чун сокинон аз сарозер шудани сели деҳқонони чинӣ ба Қазоқистон изҳори нигаронӣ карданд. Дар пасманзари гирдиҳамоиҳои густарда мақомоти Қазоқистон иҷрои ин тасмимро ба таъхир гузоштанд.

Дар ҳоли ҳозир дар бораи имкони ба иҷора додани заминҳои кишоварзии Қазоқистон ба хориҷиён сухан рондан барвақт ба назар мерасад.

Дар солҳои 2020-2021 Узбекистон дар 1,4 миллион гектар тақрибан 6,5 миллион тонна гандум парвариш кардааст. Дар сурати амалӣ шудани созишномаи охир бо Маскав, Тошканд метавонад, эҳтиёҷоти худро ба гандум қонеъ кунад.

XS
SM
MD
LG