Ширкати Moody’s охири моҳи марти имсол гуфт, ки рутбаи эътибори қарзии Тоҷикистонро аз нав арзёбӣ мекунад. Ҳадафаш маълум кардани он аст, ки тавоноии ҳукумати Тоҷикистон дар қарз гирифтан ва баргардонидани он суст шудааст ё не.
Як намояндаи ҳукумати Амрико масъалаи вобаста ба маъюбонро бо мақомоти Тоҷикистон баррасӣ кардааст. Сара Минкара, мушовири вижаи Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида, ҳафтаи гузашта дар Душанбе буд ва ба чанд суоли Радиои Озодӣ посух дод.
10-уми декабр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол (World Football Day) таҷлил мешавад. Ин санаро Созмони Миллали Муттаҳид интихоб кардааст.
Дурсултон Таганова, духтари ҷавоне аз Туркманистон, кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ, ки чанд сол пеш дар Туркия як муҳоҷири одии корӣ буд, ҳоло ба рамзи муборизаи сиёсӣ бо режими президенти худкома, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, табдил шудааст.
Раҳмон Набиев, аввалин президенти аз ҷониби мардум интихобшудаи Тоҷикистон, рӯзи 11-уми апрели соли 1993 дар хонааш вафот кард. Даргузашти ӯро мармуз ва суолбарангез меноманд.
Далер Шарифов, хабарнигори мустақил ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, баъд аз тақрибан се моҳи озодӣ аз маҳбас дар бораи ҳукмаш, шароити зиндону мулоқот бо Хӯҷа-командир ва нигоҳи дигар ба кори ҳукумат бо Радиои Озодӣ суҳбат кард.
Шарофиддин Гадоев, раҳбари ҷунбиши "Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон", ки дар хориҷа аст ва ҳамвора аз сиёсатҳои ҳукумат танқид мекунад, ногаҳон моҳи феврали соли 2019 дар Душанбе пайдо шуд.
Ин мусоҳиба соли 2014, ба муносибати 60-cолагии нависандаи шаҳир Баҳманёр сабт шудааст.
Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, ки номзадияш ба мақоми президент пешбарӣ шудааст, гуфт, бо чанд барномаи муҳим вориди корзори сиёсӣ хоҳад шуд.
Рустам Латифзода, раиси Ҳизби аграрӣ ва номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон, гуфт, қасди иштирокаш дар интихоботи моҳи октябр "намоишӣ” нест ва талош мекунад ройи бештарро соҳиб шавад.
Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар ҷараёни сафараш ба Ҷумҳурии Чех рӯзи 12 август ба пурсишҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар бораи масъалаҳои доғи ҷаҳони
Ёфтҳои бештар