Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон созишномаро дар бораи марзи давлатии ду кишвар имзо карданд. Маросим рӯзи 13-уми март дар шаҳри Бишкек баргузор шуд. Дар ин рӯз 16 санади дигари ҳамкорӣ дар мавриди дастрасӣ ба иншооти обу энержӣ ва сохтмону истифодаи роҳҳо байни ду кишвар имзо шуд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз ҳазор километр сарҳад доранд. Зиёда аз 519 километри он то соли 2011 мувофиқа ва беш аз 486 километри боқимонда дар се соли охир мушаххас шудааст. Номуайянии сарҳад солҳо сабаби ҷангу хунрезӣ буд. Дар муноқишаи солҳои 2021-2022 аз ду тараф даҳҳо нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.
"Гуфтушуниди имрӯза дар фазои созанда ва дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоядории нек гузашт. Мо тамоми паҳлӯҳои муносибати Тоҷикистон ва Қирғизистонро ботафсил баррасӣ кардем. Як қатор созишҳо ба даст омаданд. Пеш аз ҳама, имзои таърихии созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ. Санадҳои дигар низ имзо шуданд, ки пояи ҳуқуқии ҳамкориҳои ҷонибҳоро таҳким мебахшанд," -- гуфт Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек.
Президенти Тоҷикистон афзуд, ду тараф барои ба 500 миллион доллар расондани додугирифт низ тавофуқ кардаанд. Дар тақрибан чор соли охир ба сабаби баста будани марз ва ҷанҷолҳои сарҳадӣ додугирифти ду кишвар ба сатҳи поинтарин расидааст. Парвози ҳавопаймоҳо низ аз 14-уми март аз сар гирифта мешавад.
Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, изҳор дошт, ки аз ин ба баъд вазъият дигар хоҳад буд: "Аз ин ба баъд ва то ҳамеша марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон сарҳади дӯстии абадии ду кишвар ва ду халқи бародар хоҳад монд. Мо тасдиқ мекунем, ки барои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмиву техникӣ, фарҳангию гуманитарӣ чораҳои ҳамаҷониба андешида мешаванд."
Марзнигорӣ ё кашидани хати сарҳад рӯзи 21-уми феврали имсол ниҳоӣ ва аз тарафи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бишкек имзо шуд. Порлумони Қирғизистон рӯзи 27-уми феврал созишномаро баррасӣ ва қабул кард.
Дар мавриди баррасӣ шудани ин созишнома дар порлумони Тоҷикистон маълумоте дар даст нест. Мақомоти Тоҷикистон на дар гузашта ва на ҳоло тафсилоти гуфтушунид бо ҷониби Қирғизистон ва ҷузъиёти созишномаро эълон накардаанд.
Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, ҳангоми муаррифии созишнома дар порлумони кишвараш гуфт, ҷонибҳо хати марзро бар асоси харитаи соли 1991 кашида, дар ҷараёни музокироти се соли охир ба ҳамдигар "гузаштҳо" карданд. Ин дар ҳолест, ки пештар Тоҷикистон ба харитаи солҳои 1924-27 ва 1989 такя дошт.
Баъзе аз намояндагони мухолифони тоҷик дар хориҷа бо такя ба маълумоти Қамчибек Тошиев "гузаштҳо"-и Тоҷикистонро бисёр шумурданд.