Собиқ мушовири давлатии президент ва яке аз бунёдгузорони ҳизби ҳокими халқии давлатӣ таҳқиқоти нави худро дар мавзӯи таърихи мусалмонон нашр кардааст.
Ҳенри С. Эншер, муовини ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба саволҳо дар бораи Гулмурод Ҳалимов, мушкили дарёфти визаи амрикоӣ ва масоили дигар посух дод.
Назрӣ Асадзода, ходими Академияи илмҳо, ки аз филмҳои замони Шӯравии Тоҷикистон интиқод кардааст, гуфт, тамошобини тоҷик бояд филмҳое бубинад, ки "мавқеи миллӣ" дошта бошанд.
Маҷмуаи повесту ҳикояҳои "Андозчини рӯзадор"-и Ато Мирхоҷа беҳтарин китоби соли 2017 унвон шудааст.
Каромат Шарипов, раиси Созмони муҳоҷирони тоҷик, ки моҳи декабри соли 2017 ба Тоҷикистон ихроҷ шуд, мегӯяд, фаъолияти ӯ дар самти ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ дар Русия ба бархе “гурӯҳҳои мафиоёии тоҷик” писанд набуд.
Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ овозхон ва ҳунарпешаи тоҷик Парвиз Пӯлодӣ аз таҷрибаи кораш дар филми коргардони рус Павел Лунгин "Братство" қисса кард.
Ҷоизаи «Беҳтарин ҳимоятгари ҳуқуқи сол»-и Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуниятро Лола Насриддинова, роҳбари Созмони ҷамъиятии “Ирода” сазовор шуд, ки солиёни зиёд бо атфоли гирифтори аутизм кор мекунад
Ҳунарманди Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе дар як ҷашнвораи театрҳои миллӣ дар Русия барои бозидани нақши муҳоҷире ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона»-и ҷашнвораи театриро ба даст овард.
Барзу Абдураззоқов, коргардони маъруфи тоҷик, ки феълан дар театрҳои Қазоқистон машғули таҳияи намоишномаҳо аст, мегӯяд, ки танҳо бо сохтани биноҳои нави театр дар Тоҷикистон намешавад ин бахши фарҳанги тоҷикро дубора эҳё кард.
Туула Юрёла, раҳбари дафтари Барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе мегӯяд, бисёре аз ихтилофоти назари созмон бо мақомоти Тоҷикистон ҳал шудааст.
Вазорати маорифи Қирғизистон ба Истодаой Турсунова, узви ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон барои таҳияи китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ нишони “Аълочии соҳаи маориф” тақдим кард.
Шоираи 42-солаи сокини Самарқанд Дилшоди Фарҳодзод номзади ҷоизаи адабии АвроОсиё шудааст, ки дар Лондон аз ҷониби Ҷашнвораи бози адабии Авроосиё ташкил шудааст.
Ёфтҳои бештар