Идораи зиндонҳои Русия мегӯяд, ки бо афзоиши маҳкумшудагони мусулмон аз ҷумлаи шаҳрвандони Осиёи Миёна дар зиндонҳои Русия, тундгароии исломӣ дар миёни бошандагони маҳбасҳо афзоиш меёбад.
Мақомоти Қазоқистон мехоҳанд, истилоҳҳои нав ба мисли “равияи табаҳкори динӣ” ё “ифротгароии мазҳабӣ”-ро ба қонунгузории ин кишвар дохил кунанд. Вазири корҳои дин ва ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон мегӯяд, бо ин роҳ метавонанд, ки ба фаъолиятҳои тахрибкорона баҳои қонунӣ диҳанд.
Гулнисои 33-сола, сокини шаҳри Душанбе, ҳар рӯз ҳангоми рафтан ба кор зери заррабини наздикон, ҳамсояҳо ва баъзе аз роҳгузарон қарор мегирад. Гоҳе ӯро барои домани кӯтоҳаш танқид мекунанд ва гоҳе дигар мехоҳанд, ки “мусулмони ҳақиқӣ” шавад.
Масҷид, калисо, каниса ва ҳама гуна иттиҳодияҳои динӣ дар Тоҷикистон муваззаф шуданд, дар бораи даромадҳо ва молу мулк ва даромади кормандонашон ба мақомот гузориш бидиҳанд.
Муллоҳайдар Шарифзода, имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлоб ва аз рӯҳониёни шинохта, аз фазои мазҳабӣ дар Тоҷикистон ситоиш кард.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита оид ба корҳои дини Тоҷикистон мегӯяд, ки дар кишвар озодиҳои динии шаҳрвандон нақз нашудааст ва гузоришҳо дар робита ба маҳдудиятҳои мазҳабӣ, бепоя мебошанд.
Дар пайи анҷоми имтиҳони солонаи имомхатибони масҷидҳо ҷомеи Тоҷикистон, ки аз ҷониби комиссияи Кумитаи дин ва Шӯрои уламо анҷом шуд, аз 265 имомхатиб даҳҳо нафар аз мақомҳояшон барканор шуданд. Мақомот ҳанӯз шумори дақиқи барканоршудаҳоро нашр намекунанд.
Масъулони бахши дин дар шаҳру навоҳии кишвар ҳамакнун ҳақ доранд, дархости ашхоси камбизоат ва кулли онҳоеро, ки ба назари масъулини дин “вазъи иҷтимоиаш хуб нест”, рад кунанд.
Поп Франсис – раҳбари католикҳои ҷаҳон – баъди сафараш ба Мянмар ё Бирма аз Бангладеш ҳам дидан кард, ки дар онҷо беш аз 600 ҳазор мусалмони фирории Роҳинҷа ба сар мебаранд. Вай рӯзи 1-уми декабр бо теъдоде аз паноҳҷӯёни қавми Роҳинҷа дар шаҳри Дакка, пойтахти Бангладеш, мулоқот кард ва дарди дили онҳоро шунид.
Дар масҷидҳои бузурги шаҳри Тошканди Узбакистон ба муаззинҳо иҷозат доданд, ки азонро тавассути балангӯҳо бихонанд. Дар Узбакистон 10 соли охир азон танҳо дар дохили масҷид садо медод.
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа ба эҳтимоли зиёд баъд аз чаҳор соли дигар, сирф як муассисаи писарона мешавад. Дар соли таҳсили нав ба ин донишкада ягон духтар дохил нашуд.
Кумитаи дини Тоҷикистон тавсия додааст, ки имомхатибони як маъвизаи худро дар намози ҷумъа ба “бемории сил” бахшанд.
Ёфтҳои бештар