Парвандаи тахриби санги қабрҳо дар мазори деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ баъди ду сол баста шудааст. Як манбаи наздик ба мақомоти тафтишот рӯзи 6 май гуфт, ангезаи ин кор ва, ҳамин тавр, омилонаш нокушода боқӣ монд.
Дар Тоҷикистон аз имому имомхатибон даъват шудааст, ки писарони худро ба артиш ва духтаронашонро ба донишгоҳ фиристанд.
Мақомот дар Хатлон аз таҳсили ба гуфтаи онҳо "ғайриқонунӣ"-и 130 ҷавони вилоят дар мадориси исломии кишварҳои хориҷӣ изҳори нигаронӣ карда ва мегӯянд, ки онҳо метавонанд барои суботи кишвар хатар эҷод кунанд.
Намозгузорон метавонанд дар гӯшаҳои махсуси масоҷиди Суғд дар канори маҷаллаи “Дин ва ҷомеа” рӯзномаҳои давлатӣ, мисли “Садои мардум” ва “Ҷумҳурият”- ро мутолиа кунанд.
Намозгузорӣ дар масҷиди марказии Бишкек як бахши маъмулии ҳаёти сокинони пойтахти Қирғизистон аст, аммо ихтилофҳои динӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ҳар чӣ бештар зуҳур мекунанд.
Мақомоти Тоҷикистон тарҳи сиёсати давлат дар умури динро баррасӣ мекунанд, ки ба гуфтаи муаллифонаш, қарор аст, “фазои якмазҳабӣ”-ро ҳифз ва аз тамоюлҳои тундгароёна ҷилавгирӣ кунад.
Шӯъбаи дафн дар шаҳри Хуҷанд амр додааст, ки дар қабристонҳои маркази вилояти Суғд ба ҷои сангу сағонаи болои мазор рақам гузоранд. Мақомот гуфтанд, ки ин амр барои ҷилавгирӣ аз зуд фурӯ рафтани гӯрҳо ва ба ҳошия рондани сабқати эълоннашудаи мазори дорову камбағал содир шудааст.
Ҳукумати Ховалинг баъд аз ҳодисаи "саркафонӣ"-и 8 зоир вуруд ба оромгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дар ин ноҳияро манъ кардааст.
Муллораҳмат Охунов – имоми масҷиди панҷвақта дар ноҳияи Мастчоҳ – бо чаҳор намозгузор ба гумони пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи “Салафия” боздошт шудааст. Мақомот гуфтанд, ки ин нахустин ҳодисаи боздошти як имом бо иттиҳоми гароиш ба ҷараёни мамнӯи мазҳабӣ дар Мастчоҳ буд.
Як назарпурсӣ дар Тоҷикистон рӯшан кардааст, ки гӯё мизони бовари сокинон ба рӯҳониён дар чаҳор соли гузашта тақрибан панҷ баробар кам шудааст.
Дар Тоҷикистон табдили масҷидҳои баста ба муассисаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ идома дорад, вале на ҳама майли боз кардани фурӯшгоҳ ё корхона дар ибодатгоҳҳои собиқро доштаанд, чун ба гуфтаи худашон “барака” намеёбанд.
Мақомоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хостори манъи хондани ақди никоҳ аз тарафи рӯҳониёне шудаанд, ки расман имом-хатиби масоҷид нестанд.
Ёфтҳои бештар