Шӯрои уламои Маркази исломӣ, танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, барои таҷлил аз мавлуди паёмбари Ислом расман иҷоза дод, вале аз сокинон хост, ки ин маъракаро бе додани ошу зиёфат баргузор кунанд. Дар қарори расмии Шӯрои уламо таъкид шудааст, ин маросим рӯзи 9 декабр баргузор мешавад.