Баъзе аз паноҳҷӯёни афғонистонӣ шикоят доранд, ки Тоҷикистон се сол боз аттестат ва дипломҳояшонро эътироф ё баробарарзишӣ (нoстрификатсия) намекунад. Ин мушкил баъди ба қудрат расидани "Толибон" пеш омада, домангири хатмкардаҳои мактаби "Сомониён" дар Душанбе низ гаштааст.