Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико тавофуқи оташбасро "хабари хуб" хонда ва таъкид кард, ки акнун барои оташбас дар Ғазза талош мекунад.
Кобинаи амниятии Исроил рӯзи 26-уми ноябр пас аз суханронии Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири ин кишвар ва эълони ҳимояташ аз тарҳи оташбас, онро қабул кард, то аз субҳи рӯзи чаҳоршанбе ба иҷро дарояд.
Бар асоси тарҳи созиш, нерӯҳои исроилӣ давоми ду моҳ бояд мавзеъҳои худ дар хоки Лубнонро тарк кунанд ва ба Исроил бозгарданд. "Ҳизбуллоҳ" низ вазифадор аст, ки ба ҳузури низомиёни худ дар ҷануби Лубнон поён диҳад. Ҳайати байналмилалӣ бо раҳбарии Амрико низ риояи оташбасро назорат хоҳад кард.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико зимни суханронӣ дар Кохи Сафед созишро "далерона" ва хабари хубе донист, ки боиси оғози нав дар Лубнон хоҳад шуд. Ӯ гуфт, оташбас тавре тарҳрезӣ шудааст, ки "доимӣ" бошад.
Байден афзуд, ки "Ҳизбуллоҳ" ва Исроил бо тарҳи оташбаси пешниҳодшуда аз сӯи Амрико мувофиқат карданд ва ин тарҳ аз соати чаҳори субҳи чаҳоршанбе ба вақти маҳаллӣ ба иҷро медарояд.
Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин хабар дод бо нахуствазирони Лубнон ва Исроил тамос гирифта ва ҳар ду таъйид кардаанд, ки ҳукуматҳояшон ин тавофуқро пазируфтаанд.
Ӯ аз талошҳои Эммануэл Макрон, ҳамтои фаронсавии худ барои дастёбӣ ба ин созиш, қадрдонӣ кард.
Байден сипас таъкид кард, ки ҳукумати ӯ акнун барои даст ёфтан ба созиши оташбас дар Ғазза талош мекунад ва дар ин миён эҳтимоли оддисозии робитаҳои Арабистони Саудӣ ва Исроил ҳам вуҷуд дорад.
Вай гуфтааст, "Амрико ҳамроҳ бо Туркия, Миср, Қатар, Исроил ва дигар кишварҳо талошҳои худ барои даст ёфтан ба созиши оташбас дар Ғаззаро бештар хоҳад кард".
Байден ҳамчунин хостори озодии гаравгонҳои исроилӣ шуд, ки дар асорати гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" мебошанд. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ин гурӯҳро созмони террористӣ медонанд.
Пештар, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар суханрони телевизионии худ эълон карда буд, ки ба се далел аз ин тарҳи оташбас ҳимоят мекунад.
Ӯ гуфт, "таваҷҷуҳ ба таҳдиди Эрон, ки дар ин марҳила ҷузъиёти бештаре аз онро ироа намекунам, зарурати тамдиди қувваҳои низомӣ ва ғалаба бар монеаҳои таслиҳотӣ, ки ба зудӣ бартараф хоҳад шуд ва далели севум, қатъи робита миёни "Ҳамос" бо ҷабҳаҳои дигар ва танҳо гузоштани "Ҳамос" аст, ки дар ҳоли ҳозир ҳам танҳо мондааст".
Ҷеенин Ҳеннис, ҳамоҳангкунандаи Созмони Милали Муттаҳид дар Лубнон бо нашри баёнияе аз созиши оташбас истиқбол кард ва аз тарафҳо ташаккур кард, ки фурсатро барои ба поён расонидани ин фасли вайронгар ғанимат шумурданд.
Антонио Гутерриш, дабири кулли СММ ҳам ибрози умедворӣ кард, ки ин оташ "ба хушунат вайронӣ ва ранҷҳое, ки мардуми ҳар ду кишвар таҷриба кардаанд, поён диҳад".
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин аз тарафҳо хост, то гомҳои фаврӣ барои иҷрои комили қатъномаи 1701-и Шӯрои Амнияти СММ бардоранд. Ин қатънома даргириҳои хунини қаблии соли 2006 байни "Ҳизбуллоҳ" ва Исроилро поён дод.
Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо созиши оташбас миёни "Ҳизбуллоҳ" ва Исроилро бо таваҷҷуҳ ба вазъияти бӯҳронии Ховари Миёна, "мояи оромиши хотир" донист.
Ӯ зимни ташаккур аз ИМА ва Фаронса барои миёнҷигариашон гуфт, "акнун зарур аст, ки оташбас барқарор бимонад, то амнияти шаҳрвандони Лубнон ва Исроил тазмин шавад ва оворагон битавонанд ба хонаҳояшон бозгарданд".
Гуфтугӯ