Ба гузориши рӯзномаи “Ҳашти субҳ”, ҳодиса шаби 9-уми апрел дар марзи Тоҷикистон Афғонистон, воқеъ дар ноҳияи Чоҳоб рух додааст.
Мақомоти Тоҷикистон ва гуруҳи Толибон то ҳол дар бораи ин ҳодиса расман хабар надодаанд. Рӯзномаи “Ҳашти субҳ” аз қавли манобеи маҳаллияш дар Тахор навиштааст, ҳодиса замоне рух дод, ки ҳафт шаҳрванди Афғонистон талош карданд аз тариқи деҳаи Навободи Тахор вориди хоки Тоҷикистон шаванд.
“Манобеъ дар мақомоти Тахор гуфтанд, ки ин ашхос қочоқбарони маводи мухаддир буданд. Онҳо сокинони вилояти Тахор ва Бадахшон мебошанд. Ҷасади ду нафарашонро дар ноҳияи Чоҳоби вилояти Тахор ба хок супориданд.
Шахсияти кушташудаҳо то ҳол маълум карда нашудааст,”- навиштааст рӯзномаи “Ҳашти субҳ”. Ин нашрия хабару гузоришҳои боварбахш нашр мекунад, вале санҷидани хабари он дар бораи марз аз тарафи манобеи мустақил алҳол дастрас нашудааст.
Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои нигаронкунанда барои ҳукумати Тоҷикистон будааст. Мансабдорони тоҷик мегӯянд, баъди ба қудрат расидани гуруҳи "Толибон" дар Афғонистон, қочоқи маводи мухаддир ба кишвар бештар шудааст.
Ҳокимони нави Кобул баръакс иддао доранд, ки кишту тавлиди маводи мухаддирро дар ду соли охир кам кардаанд. Тоҷикистонро аз Афғонистон танҳо як дарё ҷудо мекунад, аммо роҳҳои гузарондани маводи мухаддир аз кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон дар ин масир зиёданд.
Тибқи иттилои Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, соли 2023 дар Тоҷикистон наздик ба 5 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст. Аз ҳама бештар маводи мухаддир дар вилояти Хатлон мусодира шудааст, ки 2 тоннаву 731 кило мебошад. Ин вилоят бо Афғонистон ҳаммарз аст.
Гуфтугӯ