Раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба матлаби Радиои Озодӣ дар робита ба худкушии як сокини шаҳри Конибодом вокуниш нишон дод.
Додситонии ҳарбии Тоҷикистон дар вокуниш ба матлаби Радиои Озодӣ гуфтааст, ҷавони беморе, ки барои хидмат дар артиш ҷалб шуда буд, пас аз маълум шудани натиҷаҳои ташхис, аз ӯҳдадории ҳарбӣ озод шудааст.
Тафтишҳои пай дар пайи маъмурони додситонӣ дар мактабҳои шаҳри Хоруғ боис ба баҳсу вокунишҳои зиёд шуд.
Парвиз Орифзода, додситони вилояти Бадахшон, рӯзи 18-уми март дар номае ба Радиои Озодӣ аз санҷиши кормандонаш дар мактабҳо пуштибонӣ карда, онро қонунӣ донист. Дар ҳоле ки масъулони Раёсати маориф онро "дахолати бемаврид" номидаанд.
Шаҳзода Назарзода (Самарқандӣ), рӯзноманигор ва адиби муқими Ҳолланд, мегӯяд, баъд аз суҳбаташ дар бораи ҳуқуқи занони тоҷик мавриди таҳқиру тавҳин қарор гирифта, ҳатто ба қатл таҳдид шудааст. Мусоҳибаи ӯ бо Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми март нашр шуда буд.
Баъд аз ду ҳафтаи он ки қазияи Фаридун Зиёев ва ҳамсараш (шаҳрвандони Тоҷикистон) расонаӣ шуд, издивоҷи онҳоро дар як идораи ақди никоҳ дар шаҳри Уфаи Русия расман сабт карданд. Маросим рӯзи 6-уми марти имсол гузашт.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар рӯзи 8-уми март ба дидани қаҳрамони достони видеоии “Бибиҷон” рафтанд. Сумбула Ятимова, ки як сол пеш аз кори машаққатбори роҳрӯбӣ қисса мекард, ҳоло шод аст, ки таваҷҷуҳ ба кору заҳмати онҳо ҳам аз сӯйи корфармо ва ҳам аз тарафи мардум бештар шудааст.
Сокинони деҳаи навбунёди Саттор Раҷабов дар шаҳри Турсунзода баъди 12 сол соҳиби барқ шуданд. Мақомот ва сокинон мегӯянд, мушкилашон баъд аз пахши гузориши Радиои Озодӣ дар тирамоҳи соли гузашта ҳал шуд.
Хадамоти зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ)-и Тоҷикистон ба баррасии шикояти донишҷӯён ва наздикони онҳо дар бораи мушкили пардохти пули таҳсил оғоз кардааст.
Додситони ҳарбии гарнизони Душанбе ба матлаби Радиои Озодӣ дар бораи сарбоз Баҳовуддин Юсупов вокуниш кард. Пайвандони сарбоз иддао доштанд, ки ӯ пас аз ним моҳи даъват ба артиш дар қисми низомӣ шадидан латукӯб шуда, "аз гап задан мондааст" ва дар шифохонаи бемориҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ бистарист.
Ҷамъияти саҳомии пушидаи "Нашриёти муосир" рӯзи 23 октябр аз Радиои Озодӣ хост дар робита ба таҳқиқоти “Аз нашри китоби "Тоҷикон" ҷайби кӣ пур шуд?” раддия ба нашр расонад. Ин ҷо раддияи комили "Нашриёти муосирро" бихонед.
Ёфтҳои бештар