Баъд аз ду ҳафтаи он ки қазияи Фаридун Зиёев ва ҳамсараш (шаҳрвандони Тоҷикистон) расонаӣ шуд, издивоҷи онҳоро дар як идораи ақди никоҳ дар шаҳри Уфаи Русия расман сабт карданд. Маросим рӯзи 6-уми марти имсол баргузор шуд.
Зану ҳамсари ҷавон тақрибан якуним сол пеш дар Тоҷикистон никоҳи мусалмонӣ карда, вале никоҳи расмӣ ё давлатӣ надоштанд. Сабти расмии издивоҷ мушкили ин оилаи ҷавонро, аз ҷумла, барои таъмини фарзанди нахустини онҳо бо бима ё суғурта ва кумаки ройгони тиббӣ дар Русия ҳал мекунад.
Радиои Озодӣ рӯзи 23-юми феврали имсол гузориш дод, ки бо сабаби набудани ақди никоҳи расмӣ, тифли аввалини зану шавҳари ҷавон аз Тоҷикистон метавонад, дар шароити пандемияи коронавирус бе ёрии тиббии ройгон монад.
Фаридун Зиёев рӯзи 8-уми март аз Бошқирдистон ба Радиои Озодӣ гуфт, "консулгарии Тоҷикистон санадҳои заруриро дастрас кард" ва идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ордженикидзе дар Уфа никоҳи онҳоро ба қайд гирифт.
Дар як паёми кӯтоҳ Элиза Маулимшина, узви Шӯрои ҳуқуқи башар ва рушди ҷомеаи шаҳрвандии Бошқирдистон, низ аз кумаки Радиои Озодӣ барои ҷалби таваҷҷуҳ ба мушкили оилаи Зиёевҳо арзи сипос кард. Ӯ гуфт, ҳоло бо ёрии ихтиёриён ҷамъоварии ҷиҳози зарурӣ барои кӯдаки ояндаи Фаридун Зиёев ва ҳамсараш идома дорад.
Зиёев мегӯяд, баъд аз ёрии аввали Маулимшина ва Вазорати тандурустии Бошқирдистон, ҳамсараш шаш рӯз дар шифохона муолиҷаи гирифт ва рӯзи 9-уми март дубора барои омодагӣ ба таваллуди кӯдак бистарӣ карда мешавад.
Мақомоти маҳаллии Бошқирдистон ваъда додаанд, ки ба ин хонавода ёрӣ медиҳанд, то аз кумаки ройгони тиббӣ бархӯрдор шаванд. Дар сурати надоштани бимаи тиббӣ, хароҷоти таваллуди кӯдак тақрибан 500 доллари амрикоӣ ҳисоб шудааст.
Фаридун Зиёеви 26-сола аз ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) мегӯяд, аз соли 2014 ба ин сӯ ба шаҳри Уфа барои кор рафта, дар як муассиса ба ҳайси боркаш кор мекунад. То замони пандемия моҳе то 25 ҳазор рубл мегирифт, аммо дар як соли охир кораш кам ва мутаносибан даромадаш низ хеле коҳиш ёфтааст.
Нопурра будани санадҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия як масъалаи ошно барои бисёре аз шаҳрвандони ҷӯёи кор дар ин кишвар аст. Коршиносони соҳа мегӯянд, баъзе аз шаҳрвандон таҳияи санадҳоро дар Тоҷикистон нодида мегиранд ва, сипас, дар кишвари мизбон бо мушкил дучор мешаванд.
Уфа пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистон буда, аксар сокинонаш мусалмон ҳастанд. Ба иттилои дипломати тоҷик Саид Эмом, дар давраи пандемияи коронавирус дар онҷо тахминан 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагии худро идома доданд ва аксари онҳо дар бахши сохтмон ва ё тиҷорат кор мекунанд.
Бозори калони “Евразия” макони кори аксар шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки ба Бошқирдистон меоянд. Ӯ мегӯяд, пандемияву маҳдудиятҳои иқтисодӣ ба кору даромади бисёр муҳоҷирон таъсири манфӣ гузоштааст.