Бахтиёр Тоҳирови 43-сола, ки дар як макони нимавайрона дар Хуҷанд зиндагӣ мекард, мисли чанд рӯз пеш дигар маъюсу гирён нест. Ҳоло дар як ҳуҷраи гарм зиндагӣ дорад.
Дар вокуниш ба як хабари Радиои Озодӣ, ки гӯё Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо фиристодани номае ба ҳамтоёни қирғизистонии худ хоҳони азсаргирии ҳамкориҳо шудааст, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон изҳор дошт, ки он ҳеч гуна номае ба Қирғизистон нафиристодааст.
Ба зане, ки бо чаҳор кӯдак аз хонаи шавҳараш дар Кӯлоб ронда шуда, дар кӯча мезист, хонаи нав тақдим кардаанд.
Вазири тандурустӣ, Ҷамолиддин Абдуллозода, баъди бештар аз як моҳ ба гузориши Радиои Озодӣ дар бораи латукӯб шуданаш аз тарафи хоҳарзодаҳои раиси ҷумҳурии Тоҷикистон вокуниш кард, аммо ба таври рӯшан онро тасдиқ ё инкор нанамуд.
Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар посух ба шикояти сокинони ду деҳа, ки иддао доштанд "яке аз хешони президент" онҳоро беоб гузошт, раиси Идораи оби ноҳияро аз мансаб барканор кардаанд.
Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, раиси бахши марзбонии гузаргоҳи "Фотеҳобод" ("Ойбек") дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон ва муовинонаш аз мансаб барканор шудаанд.
Пас аз ду рӯзи таркиш дар кони ангишти "Шӯроб" маъмурияти корхона тафсилоти онро ошкор карданд.
Бонки милии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот дар сомонаи расмиаш ба як хабари кутоҳи Радиои Озодӣ таҳти унвони “Раҳбарони "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" аз мақомҳояшон барканор шуданд” вокуниш нишон додааст.
Раёсати Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба матлаби Радиои Озодӣ дар робита ба худкушии як сокини шаҳри Конибодом вокуниш нишон дод.
Додситонии ҳарбии Тоҷикистон дар вокуниш ба матлаби Радиои Озодӣ гуфтааст, ҷавони беморе, ки барои хидмат дар артиш ҷалб шуда буд, пас аз маълум шудани натиҷаҳои ташхис, аз ӯҳдадории ҳарбӣ озод шудааст.
Тафтишҳои пай дар пайи маъмурони додситонӣ дар мактабҳои шаҳри Хоруғ боис ба баҳсу вокунишҳои зиёд шуд.
Парвиз Орифзода, додситони вилояти Бадахшон, рӯзи 18-уми март дар номае ба Радиои Озодӣ аз санҷиши кормандонаш дар мактабҳо пуштибонӣ карда, онро қонунӣ донист. Дар ҳоле ки масъулони Раёсати маориф онро "дахолати бемаврид" номидаанд.
Ёфтҳои бештар