Ойниҳол Бобоназарова, ҳомии ҳуқуқ ва ягона зан дар Тоҷикистон, ки 12 сол пеш довталаби курсии президенти Тоҷикистон шуда буд, мегӯяд, занон бештар дар мақомҳое раҳбар таъйин мешаванд, ки чандон таъсиргузор нестанд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ба Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон номае фиристода дар он пешниҳод кардааст, ки барои расидан ба созиш дар бораи барномаҳои атомии Эрон музокира кунанд.
Мақомоти Амрико чанде пеш як шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони фиристодани даҳҳо ҳазор доллар ба ҷангҷӯёни ДОИШ ва оилаҳои онҳо дар Туркия ва Сурия боздошт карданд. Ин қазия дар пасманзари талошҳои давомдор ва баҳсбарангези ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи мубоиза бо ифротгароии исломӣ сурат мегирад.
Модари Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори зиндонӣ, талош дорад, то ду кӯдаки хурдсол, аз ҷумла Шукронаи 9-моҳаро ба дидорбинии модарашон ба зиндон барад. Вале намегузоранд ва ба дархостҳои расмии хонавода посухе дода намешавад.
Ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон занону духтаронро аз кор, таҳсил, рафтан ба боғ, толорҳои варзишӣ ва ҳаммом манъ кардааст. Занон ҳамчунин иҷоза надоранд, ки бе роҳбаладии мардони оила аз хона берун шаванд ва бояд тибқи қонунҳои бераҳмона зиндагӣ кунанд.
Ҳукми Абдураҳим Восиев, як намояндаи зиндонии мухолифонро дар Тоҷикистон ҳафт соли дигар дароз кардаанд.
Дар Эрон овозхоне, ки зидди ҳиҷоб тарона навишт, ҷазо гирифт.
Дар Тоҷикистон мизони фарбеҳӣ, бахусус миёни бонувон афзоиш ёфтааст. Як таҳқиқот нишон додааст, фарбеҳӣ дар миёни бонувони тоҷик, ки дар солҳои 2016–2017 дар саросари кишвар 38 дарсадро ташкил медод, дар соли гузашта ба 42 дарсад расидааст.
UNAIDS ё Барномаи мубориза бо СПИД-и СММ аз боздошта шудани кӯмакҳои Оҷонсии рушди байналмилалии ИМА (USAID) дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуд.
Додгоҳи олии ИМА дархости маъмурияти президент Доналд Трампро дар бораи масдуд кардани 2 миллиард доллар маблағ барои пардохти пули тарҳҳои аллакай иҷрошудаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) рад кард.
Ёфтҳои бештар