Ҳукми Абдураҳим Восиев, як намояндаи зиндонии мухолифонро дар Тоҷикистон ҳафт соли дигар дароз кардаанд. Ин узви созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар моҳи январи соли 2017 дар Русия нопадид ва дертар дар Тоҷикистон ба 23 сол зиндон маҳкум шуда буд.
Бародараш, Абдухалил Восиев, рӯзи 7-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, бо ҳукми нав муҳлати ҳабси ӯ ба сӣ сол расидааст, вале намедонанд барои чӣ. Талошҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи мақомот, аз ҷумла намояндагони Идораи зиндонҳои Тоҷикистон то ин дам натиҷа надод.
Абдухалил Восиев мегӯяд, ба иттилои гирифтаи онҳо, мақомот бародарашро аз зиндони шаҳри Ваҳдат ба Боздоштгоҳи рақами аввал дар Душанбе овардаанд.
"Ба нома ва суолҳо посух намегӯянд. Мо намедонем, ки бо чӣ далел ва барои кадом гуноҳ ҳафт соли дигар додаанд. Як шахси боэътимод ва огоҳ аз қазия хабарро расонд. Дар бораи иттиҳом, таҳқиқи парванда ва ҷараёни муҳокима чизе намедонем. Барои он ки беш аз як сол иҷозаи мулоқот бо ӯ набуд," -- афзуд мусоҳиби мо.
Восиев мегӯяд, худаш дар берун аз Тоҷикистон қарор дорад ва соли 2023 дар эътирозҳои зидди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Берлин ширкат кардааст. Ӯ таъсири фаъолиятҳояшро дар қазияи Абдураҳим Восиев аз эҳтимол дур намедонад.
"Пештар бародарам ба воситаи чанд нафар ба ман паём расонда буд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гап назанам ва ҳукумати Тоҷикистонро танқид накунам, зеро дар дохил ӯро азият медиҳанд," – гуфт ӯ.
Убайдулло Саидӣ, раиси созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон", ба Радиои Озодӣ гуфт, рафтори мақомотро "хилофи меъёрҳои ахлоқӣ ва инсонӣ" медонад. Вай аз ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, ки "аз фишору шиканҷа даст кашида, Абдураҳим Восиевро фавран озод кунад".
Абдураҳим Восиев 38-сола аст ва аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон. Бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллӣ ва ҳамчунин Донишгоҳи исломии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Номи созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон" дар соли 2014, баъд аз ташкили як силсила гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷик дар шаҳрҳои гуногуни Русия матбуотӣ шуд.
Мақомот дар Душанбе "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон"-ро шарики умдаи "Гурӯҳи 24" номида, раҳбараш Мақсуд Иброҳимов ва чанд узви дигари созмонро ба зиндон маҳкум карданд. Мақсуд Иброҳимов, ки аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд, ба 17 сол зиндон маҳкум гардид.