Сабаби фарбеҳии одамонро табибон аз меъёр зиёд ҷамъ шудани чарбу (равған) дар бадан медонанд, ки иллату омилҳои гуногун дорад.
Гулмира Юлдошева, табиби ғадудшинос рӯзи 4-уми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, яке аз сабабҳои зиёд шудани вазни одам тарзи нодурусти ҳаёт аст.
“Ҳамчунин тарзи нодуруст истеъмол кардани ғизоҳои носолим, карбогидратҳои тезҳалшаванда, чарбу, сафедаҳо, чарбуҳои ҳайвонот ва аз меъёр зиёд истифода намудани фастфудҳо ҳам ба вайроншавии мубодилаи организм ва фарбеҳӣ оварда мерасонад”, - изҳор дошт Юлдошева.
Ба гуфтаи табибон гаронвазнӣ ва ё фарбеҳӣ яке аз омилҳои асосии барангезандаи чанд навъи бемориҳо низ мебошад.
“Оризаи фарбеҳӣ ин ба бемориҳои системаи дилу рагҳо, сактаи дил, сактаи майнаи сар, бемориҳои дегенеративии буғумҳо, бемории санги талха, бемориҳои пуст ва омоси рӯдаи ғафс оварда мерасонад”, - изҳор дошт Юлдошева.
Манижа Аҳмадова, хабарнигори тоҷик мегӯяд, мубориза бо вазни зиёд заҳмати зиёд металабад, вале айни замон, кори номумкин нест. Ӯ рӯзи 5 март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи пеш омадани мушкил ба саломатияш низоми муайянеро барои худ интихоб ва дар як солу се моҳ вазни худро 27 кило кам кардааст.
“Ҳар саҳар ба муддати 8-10 дақиқа машқ кардан хеле муҳим аст. Бисёр не, чун нахостам ба дилам занад. Баъд бегоҳ, пас аз хӯроки шом хӯрдан, то 10-12 ҳазор қадам роҳ гаштан. Ин чиз ҳам ҳатмӣ аст. Вақти хӯрок хӯрдан ман ҳаракат мекунам он ғизоҳои вазнин ё равғание, ки ҳаст, мо, тоҷикон бе онҳо наметавонем, дар қисмати аввали рӯз истеъмол кунам. Дар қисмати дуввуми рӯз, бегоҳтар, ҳаракат мекунам, ки ғизои камтар хӯрам, меваҳои ширин нахӯрам ва меваҳои турштар бихӯрам. Ин барои фишорбаландиам ҳам буд”, - афзуд Аҳмадова.
4 март дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фарбеҳӣ буд. Барои Тоҷикистон ҳам, бо вуҷуди мушкили ғизову нодорӣ, ин масъала хеле муҳим шумурда мешавад.
Тоҷикистон ба хотири мубориза бо фарбеҳӣ соли 2019 барномаи махсусеро қабул ва барои иҷрои он то соли 2024 наздики 8 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ карда буд. Вале Файзалӣ Аҳмадзода, муовини вақти раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон охирҳои соли 2023 дар як муҳокимаи порлумонӣ гуфта буд, ки “татбиқи барнома дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст".
Гуфтугӯ