Дар шаҳри Женева ин рӯзҳо ҷаласаи Кумисиёни ҳуқуқи башари Созмони Милал идома дорад, ки ба он як гузориш дар бораи Тоҷикистон ҳам пешниҳод шудааст.
Баҳодур Ҳасанов, рӯзноманигор ва блогери фаъол дар Самарқанд, пас аз адои ҳукми додгоҳ раҳо шуда, ба назди пайвандонаш баргаштааст.
Барномаи занони Созмони Милал дар Тоҷикистон бо баргузории ҳамоише аз блогерон ва фаъолон даъват кард, ки барои пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ ва зӯроварӣ нисбати занон фаъол бошанд.
Таҳқиқоти тозаи донишмандон нишон додааст, ки зиндагӣ дар минтақаву маҳаллаҳои сергулу гиёҳ ва сарсабз ва дорои дарахт, зоҳиран ба андозаи варзиш барои дил ва саломатии инсон муфид аст.
Қарор аст, моҳи оянда мақомоти баландпояи Тоҷикистону Русия муносибату ҳамкориҳои иқтисодии байни ду кишварро баррасӣ кунанд, ки пас аз ҳамлаи маргбори террористӣ ба толори консертии Крокус дар канори Маскав ба мушкилоту печидагиҳо олуда шудаанд.
Дар натиҷаи таркиш дар як кони ангишт дар вилояти Хуросони Ҷанубӣ дар шарқи Эрон камаш 51 кас кушта ва 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Дар ин бора Муҳаммад Ҷавод Қаноат, раиси вилоят рӯзи 22-уми сентябр хабар дод.
Дар Тоҷикистон ҳанӯз бисёриҳо ба хабари мулоқоти Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, бо намояндагони “Толибон” дар Кобул бовар надоранд ё ба сахтӣ онро ҳазм мекунанд.
Ҳар сол 22-юми сентябр дар Тоҷикистон рӯзи гиромидошти Рӯдакӣ “Одамушшуаро” ё бунёдгузори шеъри форсӣ, таҷлил мешавад. Аммо маҳфили бахшида ба нақши Рӯдакӣ дар адабиёту таърихи форсизабонон рӯзи бистуми сентябр дар Душанбе бо шумори андаке аз шоирону фарҳангиён баргузор шуд.
Вақтҳои охир дар “Инстаграм” видеоҳои зиёде дар бораи латукӯби ҳамсар, духтар ё зане нашр мешавад. Сабаб чист? Ҷабру ситам ба занону духтарон зиёд шудааст ё зиёд буду пинҳон мемонд? “Салом, хоҳар” бо ҳамин пурсишҳо ба чанд нафар рӯй овард.
Ширкати "Барқи Тоҷик" эълон кард, ки зимистони имсол "бисёр сарду тӯлонӣ" хоҳад буд ва бинобар ин аз 22-юми сентябр ба мардум бо маҳдудият нерӯи барқ медиҳад. Пештар мавсими "лимит" моҳи октябр оғоз шуда, дар моҳи апрел ба поён мерасид.
Ҷасади ду зодаи ноҳияи Ишкошим (ВМКБ)-ро, ки дар ҷанги Русия дар Украина кушта шудаанд, дар зодгоҳашон дафн кардаанд.
Артиши Исроил рӯзи 20-уми сентябр эълом кард, ки дар ҳамлаи ҳавоӣ дар Зоҳия, ҷануби пойтахти Лубнон, Иброҳим Ақил – шахси шумораи дуи “Ҳизбуллоҳ” – кушта шуд. Ин гурӯҳ зери ҳимояти Эрон аст. Амрико созмони террористӣ медонад.
Ёфтҳои бештар