Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагӣ дар маҳаллаи сарсабз шуморо аз беморӣ нигаҳ медорад


Инҷо як гӯшаи Итолиё аст.
Инҷо як гӯшаи Итолиё аст.

Таҳқиқоти тозаи донишмандон нишон додааст, ки зиндагӣ дар минтақаву маҳаллаҳои сергулу гиёҳ ва сарсабз ва дорои дарахт, зоҳиран ба андозаи варзиш барои дил ва саломатии инсон муфид аст.

Муҳаққиқони Донишгоҳи Луивил дар иёлати Кентакии Амрико таҳқиқот ва мушоҳидаҳоеро анҷом додаанд, ки дар он таъсири вуҷуди дарахтон ва замини сарсабз ба ҳудуди 740 кас дар шаш маҳаллаи ҷанубии Луивил баррасӣ шудааст.

Натиҷаҳои таҳқиқоти мавсум бо номи HEАL (дармон) ва “Дили сабзи Луивил”, ки ба тозагӣ нашр шуд, нишон медиҳад, додааст, афроде, ки дар маҳаллаҳои назар ба дигар ҷойҳо ду баробар бештар дорои дарахту навниҳол зиндагӣ мекунанд, аломатҳои камтари хунии бемориҳои қанд, дил ва ё ҳатто бархе аз навъҳои саратонро доштаанд.

Муҳаққиқон додаҳо ва иттилооти хунӣ ва бадании сокинони маҳаллаҳои сарсабзро қабл ва баъди кишти 8 ҳазор дарахту навниҳол ҷамъоварӣ ва сабт кардаанд. Онҳо маълум кардаанд, афроде, ки дар наздикии маҳаллаҳои сарбсабзу пургиёҳ ва дарахтони бештар зиндагӣ мекунанд, аз 13 то 20 дар сад камтар аломатҳои беморизо доштаанд.

Ин муқоисаро бо афродеро кардаанд, ки аслан варзиш намекунанд ва ё муназзам ба варзиш машғул ҳастанд. Як пажуҳиш дар соли 2018, дар Донишгоҳи Пенсилванияи Амрико анҷом шудааст, нишон додааст, ки фазои зиёди сабз метавонад, ба коҳиши стресс ва афсурдагии инсон кӯмак кунад.

Таҳқиқоти монанд ба ин ҳам дар гузашта нишон додааст, ки зиндагӣ дар канори гулу гиёҳ, ба таври кулли саломати равонии инсонро беҳтар мекунад ва ҳатто метавонад, ба афзоиши умед ба зиндагӣ ва коҳиши афсурдагӣ кӯмак кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG