Расонаҳои Афғонистон аз як сафари эълоннашудаи Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Кобул ва дидору мулоқоташ бо раҳбарони мақомоти истихборотӣ ва низомии Толибон хабар додаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар сафараш ба шимоли кишвар рӯзи 10-уми сентябр ба сохтмони роҳе шинос шуд, ки то Узбекситон мебарад.
Додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек 11 сентябр баррасии парвандаи рӯзноманигор Баян Ҷумагуловаро, ки дар барангехтани бадбинӣ гумонбар мешавад, оғоз кардааст.
Афви Байнулмилал (Amnesty International), созмони ҳомии ҳуқуқи башар, аз саркӯбу шиканҷа ва пайваста поймол шудани ҳуқуқи помириҳо дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, аз ҳукумат хостааст, ин ҳолатҳоро таҳқиқ кунад.
Додгоҳи ноҳияи Мирзоулуғбеки Узбекистон озодии як шаҳрванди 48-солаи ин кишварро барои пайвастан ба ширкати хусусии низомии “Вагнер” ва ҷангидан алайҳи Украина 4 сол маҳдуд кардааст.
Пойгоҳи таҳлилии “SpecialEurasia” моҳи августи соли ҷорӣ дар гузориши худ таъкид кардааст, ки чолишҳои чашмраси дохилӣ ва хориҷӣ барои амнияти кишварҳо ва решадор шудани фаъолияти гурӯҳҳои даҳшатафкани ДОИШ ва “ал-Қоида” метавонад суботи Тоҷикистонро халалдор кунад.
Ҳамлаи бесарнишинҳо ба шаҳри Маскав ва аз кор мондани чанд фурудгоҳ, парвозҳо миёни Душанбе ва пойтахти Русияро ба мушкил рубарӯ кардааст. Мусофирон, ки дар миёнашон муҳоҷирон низ ҳастанд, ду рӯз боз бо таърих аз Душанбе Маскав парвоз мекунанд.
Ҳукумати Тоҷикистон барои мудофиа ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар буҷаи соли 2025, 4,7 миллиард сомонӣ ($ 446 млн) пешбинӣ кардааст. Ин маблағ дар қиёс ба хароҷоти низомии кишвар дар соли равон, 972,4 миллион сомонӣ ($ 92 млн) бештар аст.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандон хостааст, ки муваққатан аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд.
Додгоҳи Самарқанд дар Узбекистон як блогери фаъолро бо иттиҳоми “авбошӣ ва таҳқир” 2,5 миллион сом (ҳудуди 200 доллар) ҷарима ва 10 рӯз аз озодӣ маҳрум кардааст.
Олмон гуфт, бо нияти сахттар кардани сиёсати муҳоҷират, аз 16-уми сентябр дар ҳама гузаргоҳҳои сарҳадии заминиаш назоратро сахттар мекунад.
Шаби 10-уми сентябр ба чанд бинои истиқоматии баландошёна дар шаҳри Раменскоеи вилояти Маскав ҳавопаймоҳои бесарнишин ё дронҳо бархурданд ва дар натиҷаи сӯхтори баамаломада як зани 46-сола ҷон дод.
Ёфтҳои бештар