Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, ба душмани ашаддияш – Ҷумҳурии Исломии Эрон – ҳушдори сахте дод. Вай рӯзи 27-уми сентябр дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, дар Эрон "ҷое нест", ки дасти Исроил ба он нарасад.
Абдулфайз Атоӣ, сухангӯйи пешини Вазорати корҳои хориҷӣ ва консули собиқи Тоҷикистон дар Кундузи Афғонистон, боздошт шудааст.
Латукӯби як хонандаи синфи шашум дар дарси забони русӣ дар Узбекистон ҷанҷолӣ шуд.
Бештар шудани чангу ғубор дар Осиёи Марказӣ мақомоти Тоҷикистонро нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, агар пеши роҳи чангу ғубор ва таъсири онҳо ба обшавии босуръати пиряхҳо гирифта нашавад, минтақа ба буҳронҳои экологӣ дучор мегардад.
Масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтаанд, ки пӯшидани тоқӣ барои духтарон дар мактабҳои ҷумҳурӣ ҳатмӣ нест ва танҳо хусусияти тавсиявӣ дорад.
Марзбонони Лаҳистон (Полша) гуфтанд, ки як шаҳрванди Беларусро бо гумони талоши ба ин кишвар ворид кардани муҳоҷирони беҳуҷҷат боздошт кардаанд.
Нашрияи "The New York Times" бо такя ба манбаъҳояш навишт, ки бори аввал дар таърихи ин кишвар шаҳрдори Ню-Йорк Эрик Адамс дар содир кардани ҷиноят гумонбар эълон мешавад.
Дар ҳоле ки Русия мавҷи нави ҳамлаҳои ҳавоиро ба шаҳру минтақаҳои Украина ба роҳ монд, президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 26-уми сентябр бо раиси ҷумҳури Амрико Ҷо Байден ва муовинаш, Камала Ҳаррис, “нақшаи пирӯзӣ”-ро дар миён хоҳад гузошт.
Дар поёни солҳои 90-ум, баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, расонаҳои мустақил дигарбора ба майдон омаданд. Дар баробари ин, созмонҳои рӯзноманигорӣ фаъол шуданд. Ҳадафи расонаҳо ва созмонҳо саҳм гузоштан дар бозсозии Тоҷикистони баъдиҷангӣ буд.
Мақомоти Русия дар ним соли охир шеваи нави озору азияти муҳоҷиронро пеш гирифтаанд, ки солҳои пеш кам мушоҳида мешуд. Ҳоло муҳоҷиронро аз фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои марзӣ ба Русия роҳ намедиҳанд ва ба ватан пас мегардонанд.
Кумитаи равобити хориҷии Конгресс 24-уми сентябр вазири корҳои хориҷии Амрико Энтони Блинкенро ба беэътиноӣ ба қонун ва дархостҳои вакилон муттаҳам карда, қобили сарзаниш донист. Ба гуфтаи вакилони ҷумҳурихоҳ, Блинкен ба суолҳо дар бораи берун шудани нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон посухи комил надод.
Бо идомаи ҷангу хунрезӣ дар Ховари Миёна, аз ҷумла Навори Ғазза, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ҷомеаи байнулмилал хост, ки барои поён додан ба ин муноқиша чораҳои муассир биандешад.
Ёфтҳои бештар