Хабарнигори Радиои Озодӣ Шаҳлои Абдуллоҳ мегӯяд, бар асари заминларзаи рӯзи 26 октябр шуморе аз хонандагони мактаби рақами 45-и ноҳияи Ёвон ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.
Як деҳқони суғдӣ 20 сол пули нафақа ва ҳосили заминашро ҷамъ карда, барои кӯдкони деҳааш мактаб сохтааст.
Як рӯзномафурӯши дучархасавор дар Фархор ҳазорон сокини ин минтақаро рӯзномахон кардааст. Ин мард дар аввали солҳои 2000-ум ба фурӯши нашрияҳо пардохт, ки таваҷҷӯҳи мардум ба матбуот коста шуда буд.
Сармураббии нави дастаи футболи "Ҳосилот"-и Фархор Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев мегӯяд, дастаи зери раҳбарии ӯ бояд ба лигаи олӣ роҳхат гирад.
Наздикони Акмал Шамсов, сокини ноҳияи Бохтар иддао карданд, ки писари онҳо дар вақти"облава" латукӯб ва дар бемористон бистарӣ шудааст. Вазорати дифоъ мегӯяд, ки ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад.
Дар шаҳри Хуҷанд бо ёрии техника поксозии соҳилҳои рӯди Сир аз лойу қамишзору партовҳо шурӯъ шуд. Чунин кор дар тӯли се даҳсолаи ахир бори аввал роҳандозӣ мешавад ва қарор аст 3-4 моҳ идома ёбад.
Рӯзи чоршанбе дар шаҳри Кӯлоб намоишгоҳи панҷрӯзаи маҳсулоти як идда ширкатҳои саноатиии ҳиндӣ ба анҷом расид. Дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ Маҳмудҷон Раҳматзода тоҷирони ҳиндӣ иброз доштаанд, ки аз аввалин зиёрати Кӯлоб қаноатманд ҳастанд.
Бостоншиносони тоҷик мегӯянд, мавзеи Аҷинатеппаи водии Вахш, ки аслан маъбади будоии қадимӣ мебошад, ба ҳимоят аз боду борон ниёз дорад. Ба қавли онҳо дар ин мавзеъ бар иловаи муҷассамаи 12-метраи Буддо, ёдгориҳои дигари таърихӣ ҳам нуҳуфтаанд.
То кунун расман дар Тоҷикистон лимити таъмини нерӯи барқ ҷорӣ нашудааст, вале аллакай дар деҳоти кишвар шомгоҳ таъмини нерӯи барқ маҳдуд аст.
Дар Хатлон қаиқронӣ эҳё мешавад
Идораи мубориза бо коорупсия ва фасоди молӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ду мансабдорро бо ҷурми риваситонӣ боздошт намудааст. Мақомдорони ин идора ба хабарнигори Радиои Озодӣ Орзуи Карим гуфтанд, ки яке аз боздоштшудаҳо писари собиқ раиси ноҳияи Қубодиён будааст.
Анорпарварони ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон бо ишора ба ҳосили хуб ва коркарди муносиб бовар доранд, ки имсол анори онҳо бо анори кишварҳои ҳамсоя рақобат хоҳад кард.
Ёфтҳои бештар