Кишоварзони ноҳияи Фархори вилояти Хатлон мегӯянд, имсол ҳосили хуби хурмо ба даст дароварда, бо кумаки тоҷирони суғдӣ муваффақ шудаанд, ки маҳсули заҳматашонро ба бозорҳои Қирғизистону Русия ирсол намоянд.
Мӯзадӯзи тоҷик Тешахон Фатҳиддинов, ки ба мақомдорони тоҷик ва аз ҷумла раисҷумҳури кишвар-Эмомалӣ Раҳмон ва писари ӯ Рустами Эмомалӣ, мӯзаи бузкашӣ дӯхтааст, мегӯяд, барои ҳифзи ин ҳунари асил ӯ ба кумак ниёз дорад.
Раҷабгул Сафарова -- қаҳрамон-модари 73-сола аз Кӯлоб мегӯяд, ки кори ҷисмониро дӯст медорад ва аз ин рӯ, сарфи назар аз мухолифати фарзандону набераҳо ҳар рӯз ба заҳмати ҷисмонӣ машғул аст.
Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар шаҳри Кӯлоб аз пардохти садҳо ҳазор сомонӣ қарзаш ба Идораи “Обу корез”-и ин шаҳр сарпечӣ кардааст
Розиямоҳ Боронова, модари як зани ҷавон, ки 18 майи соли равон дар пеши чашми ду фарзандаш худкушӣ карда буд, васияти духтарашро ба ҷо овард ва ду фарзандони ӯро ба тарбияи худ гирифт, аммо барои нигоҳубини ин ду кӯдак ӯ ҳеҷ сармояе надорад.
Хабарнигори Радиои Озодӣ Шаҳлои Абдуллоҳ бо як хонуми дӯлонафурӯш дар маркази Душанбе ҳамсӯҳбат шуд. Ҳанифамоҳ Сафарова мегӯяд, онҳо дӯлонаро аз теппаҳои канори хонаашон ҷамъвоварӣ намуда, қабл аз фурӯш онро дар ҳамел мекашанд.
Сокинони ноҳияи Восеъ мегӯянд, сарфи назар аз он, ки то ҳол дар ҷумҳурӣ лимити таъмини нерӯи барқ ҷорӣ нашудааст, дар соатҳои муайяни рӯз онҳо аз камбуди барқ азият мекашанд.
Манижа Зардиева, мураббии дастаи шамшерзанони Кӯлоб рӯзи чоршанбеи 30 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ аввалин духтаре аз минтақа буд, ки шамшерзаниро омӯхт ва ба сатҳи устодӣ расид.
Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ карда, боиси ҳалокати се кӯдакаш шудааст. Ҳодиса рӯзи 21 сентябр рух додааст.
Дар вилояти Хатлон бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили пахта, як маҳсулоти стратегии кишвар идома дорад ва мисли солҳои пешин кори заҳматталаби пахтачинӣ бар дӯши занону кудакон аст.
Қаноат Нуруллоева, сокини ноҳияи Ғончиро аввалин зане дар деҳааш медонанд, ки қонуни нонавиштаи аз кор манъ кардани занон дар муассисаву корхонаҳоро шикаст ва даҳҳо занони ҳамдеҳаашро соҳиби ҷойи кор кард.
Деҳаи Сафо, ки 47 хонавода аз ноҳияи Мастчоҳ онро ҳудуди 10 сол пеш макони зисти худ интихоб кардаанд, тақрибан 50 километр дур аз маркази ин ноҳия ва дар наздикии сарҳади Узбакистон ҷойгир аст. Ин деҳ ба ҷуз хати барқ ва як мавҷпарокани Тиселл дигар нишонаҳое аз ҳаёти муосир надорад.
Ёфтҳои бештар