То кунун расман дар Тоҷикистон лимити таъмини нерӯи барқ ҷорӣ нашудааст, вале аллакай дар деҳоти кишвар шомгоҳ таъмини нерӯи барқ маҳдуд аст.
Дар Хатлон қаиқронӣ эҳё мешавад
Идораи мубориза бо коорупсия ва фасоди молӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, ду мансабдорро бо ҷурми риваситонӣ боздошт намудааст. Мақомдорони ин идора ба хабарнигори Радиои Озодӣ Орзуи Карим гуфтанд, ки яке аз боздоштшудаҳо писари собиқ раиси ноҳияи Қубодиён будааст.
Анорпарварони ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон бо ишора ба ҳосили хуб ва коркарди муносиб бовар доранд, ки имсол анори онҳо бо анори кишварҳои ҳамсоя рақобат хоҳад кард.
Осифаи Ғуломсафдар, зани афғоне, ки солҳо дар ноҳияи Бохтар бидуни ҳуҷҷати расмӣ ва бо шароити сангин бо 7 фарзанди ноболиғаш зиндагӣ мекард, мегӯяд, ки баъди нашр ва пахши гузориши Радиои Озодӣ, ки зиндагии сангинашро нишон додаанд созмоне ба ӯ кумак кардааст.
Мақомдорони идораи "Кӯлобгаз" мегӯянд, баъди тафтиши лӯлаи тозабунёд шаҳри Кӯлобро бо гази табиӣ аз конҳои маҳаллӣ таъмин хоҳанд кард.
Мавсума Назирова мегӯяд, 14 сол инҷониб бо тири силоҳи пневматикӣ дар танаш зиндагӣ дорад.
Кишоварзони ноҳияи Фархори вилояти Хатлон мегӯянд, имсол ҳосили хуби хурмо ба даст дароварда, бо кумаки тоҷирони суғдӣ муваффақ шудаанд, ки маҳсули заҳматашонро ба бозорҳои Қирғизистону Русия ирсол намоянд.
Мӯзадӯзи тоҷик Тешахон Фатҳиддинов, ки ба мақомдорони тоҷик ва аз ҷумла раисҷумҳури кишвар-Эмомалӣ Раҳмон ва писари ӯ Рустами Эмомалӣ, мӯзаи бузкашӣ дӯхтааст, мегӯяд, барои ҳифзи ин ҳунари асил ӯ ба кумак ниёз дорад.
Раҷабгул Сафарова -- қаҳрамон-модари 73-сола аз Кӯлоб мегӯяд, ки кори ҷисмониро дӯст медорад ва аз ин рӯ, сарфи назар аз мухолифати фарзандону набераҳо ҳар рӯз ба заҳмати ҷисмонӣ машғул аст.
Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар шаҳри Кӯлоб аз пардохти садҳо ҳазор сомонӣ қарзаш ба Идораи “Обу корез”-и ин шаҳр сарпечӣ кардааст
Розиямоҳ Боронова, модари як зани ҷавон, ки 18 майи соли равон дар пеши чашми ду фарзандаш худкушӣ карда буд, васияти духтарашро ба ҷо овард ва ду фарзандони ӯро ба тарбияи худ гирифт, аммо барои нигоҳубини ин ду кӯдак ӯ ҳеҷ сармояе надорад.
Ёфтҳои бештар