Ҳодиса
Санҷидзори Конибодом. Хонаҳои қуфлзада, кӯчаҳои холӣ ва сокинони нигарон
Сокинони чанд деҳа дар Конибодом мегӯянд, ки шабҳоро бо тарсу ҳарос рӯз мекунанд, чун хабари қатлҳои пайиҳам дар ин гӯшаи вилояти Суғд онҳоро сахт ба ташвиш овардааст.
Дар бештар аз ду моҳи охир аъзои чанд оила ба таври мармуз кушта шуда, барои бошандагони Конибодом як навъ вазъи фавқулодаи эълоннашуда идома дорад. Бо ин ҳол, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қонун дар бораи ин воқеаҳо изҳороте надодаанд.
Ҳавлиҳои беодаму қуфлзада, кӯчаҳои холӣ, сокинони нороҳат. Тасвири деҳаи Санҷидзор дар шаҳри Конибодом чунин аст. Бошандагони тоҷику қирғизи деҳа мегӯянд, ҳатто дар давраи даргириҳои хунини сарҳадӣ чунин нигарону бимзада нашудаанд.
“Чунин ҳодисаро дар ҳафтод соли охир надида будем. Ҳатто нашунидем. Баъзе ҳодисаҳо байни наврасону ҷавонон мешуду тамом. Ҳоло ҳамроҳи ҳамсарам барои ба кӯча рафтан метарсем. Вазъи равониамон бад аст. Ҳатто дарвоза надорем, панҷараамонро аз се ҷояш мебандем,” – нақл кард Нишонбой Ҷулдошев, сокини Санҷидзори Конибодом.
Ин ҳолатро бошандагони деҳаҳои дигари Конибодом низ доранд. Тоҳирҷон Мараҷабови 70-сола ҳамроҳи ҳамсояаш ҳар рӯз интизори он мешинанд, ки навиди оромиеро аз раҳгузарон ё масъулони мақомот шунаванд. Ӯ мегӯяд, аз ин вазъ бештар фарзандони раҳдураш нигаронанд.
“Хоб нест, ҳама хавотир. Заноне, ки шавҳаронашон дар Русия аст, ба хонаи хешу табор мераванд. Шароит бениҳоят вазнин. Бачаҳо аз Русия занг зада мегӯянд, ки биоед. Бо рафтан чӣ мешавад? Мақомот кор карда истодаанд, ягон роҳашро меёбанд,” – афзуд ӯ.
Танҳо дар се моҳи охир дар бораи кушта шудани аъзои дастикам чор оила дар шаҳри Конибодом гузориш расид. Ду ҳодиса дар охири моҳи май рӯй дод. Мақомот ва пайвандони қурбониён ҳодисаро тасдиқ мекунанд, аммо ангезаи куштор норӯшан монда, омилон боздошт нашудаанд. Маълум нест, ин ҳодисаҳо ҳалқаҳои як занҷиранд ё аз ҳам ҷудо, дуздию ғоратгариянд ё ваҳшатангезӣ.
Ин вазъ сокинонро водор кардааст, ки ба мақомот аз тавсеаи нерӯи бехатарӣ маслиҳат диҳанд. Тоҳирҷон Мараҷабов гуфт: “Бо муовини раиси ҷамоат гап задам. Гуфтам, ки аз ҳисоби мардон дар кӯчаҳо навбатдор монанд. Як шаб ё ду шаб хоб накунанд, гапе нест. Дар он сурат занон ё бачаҳо посбон дорем гуфта бемалол хоб мекунанд.”
Ба назар мерасад, пешниҳоди сокинон мақомоти маҳаллиро бетаваҷҷӯҳ нагузоштааст. Ҳоло дар хиёбонҳои чанд деҳаи Конибодом чароғҳои иловагӣ насб кардаанд. Радиои Озодӣ феълан ба Вазорати корҳои дохилӣ бобати кушторҳои мармузи шаҳри Конибодом нома навиштааст ва дар сурати пайдо шудани тафсилот онро нашр хоҳем кард.
Видеоро дар инҷо бинед:
Куштори пайиҳам, вале мармузи аъзои чанд оила дар Конибодом
Мақомоти интизомии Тоҷикистон ба таҳқиқи ҳодисае пардохтаанд, ки дар вилояти Суғд сарусадои зиёд барпо кард.
Танҳо дар се моҳи охир дар бораи кушта шудани аъзои дастикам чор оила дар шаҳри Конибодом гузориш расид. Ду ҳодиса дар охири моҳи май рӯй дод. Мақомот ва пайвандони қурбониён ҳодисаро тасдиқ мекунанд, аммо ангезаи куштор норӯшан монда, омилон боздошт нашудаанд.
Аз ҷумла, дар деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом шаби 28 ба 29-уми май шаш узви ду оила кушта шудаанд. Як оилаи кушташуда тоҷик ва хонаводаи дигар қирғиз ҳастанд. Мақомот дар бораи воқеа расман хабар надоданд.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, оилаи тоҷик аз модар ва ду фарзанд иборат аст:
- Маҳбуба Аҳмедоваи 38-сола
- Нозанин Аҳмедоваи 17-сола
- Дамир Аҳмедови 14-сола.
Пайвандонашон гуфтанд, дар бадани онҳо аломати куштори маҷбуриро диданд ва ҷасадҳоро дафн карданд. Маҳбуба Аҳмедова дар шифохонаи деҳа парастор буд ва фарзандонаш дар мактаб мехонданд. Шавҳараш Баҳодур Аҳмедов ҳангоми ҳодиса дар Русия қарор доштааст.
Аз оилаи кушташудаи қирғизтаборҳо Зулхо Иброҳимоваи 54-сола, додараш Абдуфаттоҳ Иброҳимови 47-сола ва Қурбонгул Иброҳимоваи 46-сола ном мебаранд. Дар он шоми ҳодиса се кӯдаки Абдуфаттоҳ Иброҳимов ва Қурбонгул Иброҳимова низ ҳамроҳашон буда, зинда мондаанд.
Ба гуфтаи ҳамдеҳагон, аксар пайвандони ин хонавода дар Қирғизистон зиндагӣ мекунанд. Зулхо Иброҳимова муовини мудири мактаби деҳаи Санҷидзор будааст. Дар ин мактаб асосан хонандагони қирғизтабор мехонанд, вале феълан дар мактаб на муаллимон ва на толибилмон ҳастанд.
Мақомоти интизомӣ то ба ҳол ангеза ё сабаби кушторро расман шарҳ намедиҳанд. Сокинони минтақа ва баъзе аз пайвандон дар суҳбатҳои бидуни сабт гуфтанд, ки аз манзили кушташудаҳо маблағу дороӣ гум шудааст. Радиои Озодӣ феълан ба Вазорати корҳои дохилӣ дар ин мавзуъ нома навиштааст ва дар сурати пайдо шудани тафсилот онро нашр хоҳем кард.
Аз ин пеш ҳам чанд нафар дар гӯшаҳои дигари Конибодом ба таври мармуз кушта шудаанд. Маълум нест, ин ҳодисаҳо ҳалқаҳои як занҷиранд ё аз ҳам ҷудо. Мақомот дар бораи онҳо низ маълумоти муфассал намедиҳанд.
Ин вазъ бисёре аз хонаводаҳо ва пайвандони онҳоро, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ва кишварҳои дигар қарор доранд, нигарон кардааст. Онҳо ва сокинони ин минтақа хоҳиш доранд, ки мақомот омилони қатлҳоро ҳарчӣ зудтар ифшо ва боздошт кунанд.
"Сел ҳамаи заминамро бурд, додамонро ба кӣ гӯем?"
Ҳукумати “Толибон” гуфт, танҳо дар моҳи май сел дар Афғонистон сабаби марги бештар аз 400 кас шуд. Танҳо дар вилояти Бадахшон 10 узви як оила ҷон додаанд. Дар ин миён бештар аз ҳама вилояти Бағлон осеб дидааст.
Муҳаммад Исмоил умед дошт, ки имсол аз гандумзораш ҳосили беҳтар мегирад. Аммо сел киштзорҳоро, ки ягона манбаи даромадаш буд, нобуд кард. Ӯ ба мисли садҳо сокини дигари Бағлон дар ғами хонаводааш аст, ки акнун чӣ гуна таъмин мекунад.
“Ҳамаи заминамро об бурд. Аз дасти мо чӣ кор меояд,” – гуфт Муҳаммад Исмоил.
Сел дар Бағлон хонаҳои мардуми фақирро вайрон кардааст. Бисёриҳо дар хаймаҳо дар шароити сахте шабашонро сипарӣ мекунанд. Мардум муҳтоҷи кумаки ҳукумат аст, ки “Толибон2 онро дар даст доранд.
Нур Муҳаммад аз Бағлон мегӯяд, “мо аз ҳукумат мехоҳем, ки барои мо хона дуруст кунад. Ҳамин тақозоро дорем. Дар ин майдон ҳастем, мебинед, ки дар ин санглох зиндагӣ карда ҳам намешавад.”
Бунёди Ҳимоят Аз Кӯдакони Созмони Милал мегӯяд, дар селобҳои Бағлон беш аз 300 кас ҷон дода ва 12 ҳазор хона вайрон шудааст. Ба иттилои Барномаи Озуқавории Созмони Милал (WFP), аз селобҳо дар Афғонистон даҳҳо ҳазор нафар зиён дидаанд.
Зиёвуддин Сафӣ, сухангӯи дафтари WFP гуфт: “Селобҳои вайронгар, ки дар ҳафтаҳои охир рух дод, беш аз 80 ҳазор нафарро мутаасир сохтааст. Ин афрод дар вилоятҳое зиндагӣ мекунанд, ки сатҳи болои ноамнии ғизоӣ доранд.”
Дафтари Барномаи Озуқавории Созмони Милал дар Афғонистон гуфтааст, барои ёрӣ ба мардуми муҳтоҷ ва осебдида аз селобҳо ба бештар аз 14 миллион доллар ниёз дорад. Ин дар ҳолест, ки муассисаи мазкур соли гузашта ба далели камбуди буҷа, тақсими ёриҳои ғизоӣ ба 10 миллион нафарро қатъ кардааст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Баҳси $320 ҳазор. Боздошти Муқим Ашӯров, қудои сарвазири Тоҷикистон
Муқим Ашӯров, ки ӯро қудои сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ном мебаранд, ба гумони "қаллобӣ" дастгир шудааст. Маъмурони милиса дар вилояти Суғд ба зидди ӯ рӯзи 8-уми майи имсол парванда кушодаанд. Ашӯрови 65-сола дар Боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд аст. Пайвандонаш нахостанд қазияро шарҳ диҳанд.
Акбар Шарифов, сухангӯйи Раёсати корҳои дохилии Суғд, рӯзи 30-юми май гуфт, "аъмоли Муқим Ашӯров бар асоси қисми чори моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон санҷида мешавад". Ин банди қонун дар бораи "тасарруфи маблағ ба миқдори махсусан калон" аст ва ҷарима ё аз 8 то 12 сол зиндонро дар назар дорад.
"Вай чанд сол пеш ба боварии як сокини Хуҷанд даромада, барои фурӯши мағозаи чорошёна 320 ҳазор доллар гирифтааст. Баъдан он мағозаро боз ба каси дигар фурӯхта, маблағи аввалиро бозпас надодааст," – шарҳ дод Акбар Шарифов.
Мавқеи Муқим Ашӯров ва ё вакили мудофеаш маълум нест. Пайвандонаш дар ин бора гап задан нахостанд. Як шахси наздик ба ин хонавода дар суҳбати ҳузурӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, “масъала дар ҷараёни ҳалшавист.” Манзураш ин буд, ки “зарари шахси даъвогар ба зудӣ ҷуброн карда хоҳад шуд”.
Маълумот дар бораи кор ва шахсияти Муқим Ашӯров зиёд нест. Тибқи иттилои расмӣ, вай сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Худаш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ҷойи зисташро шаҳри Хуҷанд ва масъулияташро Мудири ширкати сайёҳии “Спутник” навиштааст.
Ӯро қудои сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ном мебаранд. Писараш, Парвиз Ашӯров, бо духтари калонии ин мансабдори баландпояи тоҷик оила барпо кардааст.
Видеоро дар ин ҷо бинед:
Боздошти Муқим Ашӯров дар ҳолест, ки расонаҳои таҳқиқотгар ҳамин моҳ моликияти баъзе аз пайвандони Қоҳир Расулзодаро дар Суғду Душанбе ва Дубай ошкор карданд ва ин гузориш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боис ба баҳсҳои зиёд шуд.
OCCRP ё Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта, рӯзи 16-уми май дар доираи тарҳи "Dubai Unlocked" хабар дод, ки бино бар санадҳои ёфтаи он Ихболхон Назирова (Иқболхон ё Иқболой Нозирова), ҳамсари сарвазири Тоҷикистон, дар Дубай соҳиби моликият аст.
Баъд аз як рӯзи нашри хабар дар сомонаи Радиои Озодӣ, бо имзои "Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз имейле, ки зоҳиран ба сарвазир тааллуқ дорад, номае расид, ки дар он гуфта мешавад: "Ҷавобан ба гузориши Радиои озодӣ аз 16 майи соли 2024, ки аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор шуд, иттилоъ медиҳем, ки маълумоти ин хабар дар бораи ба ҳамсари Сарвазири Тоҷикистон мансуб будани виллаҳо асоси воқеӣ надорад ва ба ҳақиқат рост намеояд."
Дар посух Радиои Озодӣ ба ҳамин имейл нома фиристод, ки далелҳои тасдиқкунандаи ба дафтари сарвазир тааллуқ доштани нома пешниҳод карда шаванд. Ин нома беҷавоб монд ё шояд посух ҳамоно дар роҳ аст. Дар ин байн, 27-уми май OCCRP дар сомонаи худ матни пурраи марбут ба мавзуъро мунташир намуд. Вобаста ба ин хабар низ мавқеи расмии нахуствазир ва ё наздиконаш айни ҳол маълум нест.
Қоҳир Расулзода аз соли 2013 сарвазири Тоҷикистон аст. Аз он пеш раиси вилояти Суғд ва вазири об буд.
Ҷасади духтареро, ки зери сел монд, аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ёфтаанд
Дар натиҷаи омадани сел дар вилояти Хатлон як духтари дувоздаҳсола аз ноҳияи Фархор ҷон бохтааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ҷасади ӯро аз ҷамоати Лангари ноҳияи Шамсиддини Шоҳиён ёфтанд. Ҳодиса рӯзи 25-уми май иттифоқ уфтодааст.
Назари пайвандонаш дастрас нест. Мақомот мегӯянд, ӯ ҳангоми ёрӣ ба падараш дар чарогоҳ дар ноҳияи Муъминобод зери сел монд ва дар марги духтар волидонашро муттаҳам медонанд.
Бар асари борони зиёд дар бисёре аз гӯшаҳои Тоҷикистон сел омада, роҳу хона ва пулҳоро вайрон кардааст. Ба иттилои расмӣ, танҳо дар рӯзҳои шанбе ва якшанбеи гузашта зиёда аз 200 хона ва иншооти дигар вайрон шуда ва ё зери об монданд.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Шаҳринав рӯзи 26-уми май беш аз панҷоҳ хона зери об монда, ду пул вайрон шудааст. Дар ноҳияи Файзобод маҷбур шудаанд, ки сокинони як деҳаро бикӯчонанд, то зери ярч намонанд. Дар вилояти Хатлон ва минтақаи Рашт низ вайронгариҳои сел сабт шудааст.
Тоҷикистон кишвари осебпазир аз фалокатҳои табиӣ аст ва ҳар сол ба ин далел миллионҳо доллар зиён мебинад. Сокинон дар гузашта борҳо аз зиёни селу боронҳои пуршиддат ва камтаваҷҷӯҳии мақомот шикоят кардаанд.
Навори "марде аз Тоҷикистон", ки мегӯяд дар Украина асир афтодааст
Як мард ба номи Ҷаъфар Муҳаммадзодаи 51-сола дар наворе мегӯяд, ки аз Тоҷикистон аст, вале мақомоти Русия ӯро маҷбурӣ ба майдони ҷанг фиристоданд ва ҳоло дар Украина асир аст.
Замон ва шароити сабти видео маълум нест. Тасдиқи гуфтаҳои мард низ дар ҳоли ҳозир имкон надорад.
Наворро рӯзи 20-уми май як саҳифаи зоҳиран наздик ба мақомоти Украина дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштааст. Қаблан созмони байнулмилалии Human Rights Watch аз низомиёни украинӣ хоста буд, ки аз нашри навору суҳбати асирон барои бехатарии онҳо худдорӣ кунанд.
Ҷаъфар Муҳаммадзода дар ин видеои беш аз 8-дақиқаӣ аз ҳамсараш дар Тоҷикистон хостааст, ба сафорати Русия рафта, дар ин бора хабар диҳад, то ӯро ҳамон тавр ки ба ҷанг фиристоданд, аз асорат халос кунанд.
Ин мард мегӯяд, ҳамааш пас аз он сар шуд, ки мақомоти Русия ӯро соли 2020 ронданд ва ӯ барои хӯрондану пӯшондани кӯдакон бо шиносномаи ҷаълӣ (бо ному насаби сохта) ба ин кишвар баргашт ва барои гирифтани шиносномаи русӣ хост, издивоҷ кунад, вале “ба даст афтод”.
“Чораи дигар набуд, маро ба инҷо оварданд,” – нақл кардааст ӯ. Ин зодаи Тоҷикистон мегӯяд, дар Русия ваъда кардаанд, ки асосан ба сохтмон машғул мешавад, аммо дар Украина ба дасташ силоҳ додаанд, то биҷангад.
“Вақте рад кардам, маро маҳкам карданд, муносибати бад карданд, “чурка” гуфтанд,” – афзудааст мард. Ба нақли ӯ, ки тасдиқаш аз манбаъҳои дигар феълан имконпазир нест, дар майдони ҷанг ҳам ба сабаби ғайрирус буданаш рӯзи хуш надид ва дар як амалиёт ба дасти нерӯҳои Украина асир уфтод.
Ҳарчанд ӯ вазъашро хуб арзёбӣ кардааст, вале гуфта, ки “ин ҷанги бемаъност, гӯштқимакунак аст.” Ва афзудааст, агар аз инҷо раҳо шавад, “хоҳ аз Русия биронанд ва ё бипаронанд”, дигар ба майдони ҷанг барнахоҳад гашт.
Дар моҳи ноябри соли 2023 ҷавони бистсола аз Тоҷикистон, Бунёд Ҷӯраев, хабар дода буд, ки дар Украина асир афтодааст. Ӯ сарбози артиши Русия буд.
Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 хабари асир ва кушта шудани чандин зодаи Тоҷикистон дар Украина расонаӣ шуд, аммо то кунун шумораи дақиқи онҳо маълум нест.
"Бархеро ба Душанбе бурданд." Боздошти даҳҳо сокини Язгулом
Маъмурони амниятии Тоҷикистон зиёда аз 30 сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро дастгир карда, аммо ҳеч шарҳе надодаанд.
Ба иттилои дарёфтӣ, боздошти онҳо рӯзи 16-уми май сурат гирифта, ба "омодагӣ ба харобкорӣ" гумонзад ҳастанд. Дар ҳамон шабу рӯз марзбонҳои Тоҷикистон сафари сокинони ҷумҳурӣ ва хориҷиёнро ба минтақаҳои сарҳадӣ, аз ҷумла вилояти Бадахшон, маҳдуд карданд. Ин минтақа бо Афғонистон ҳаммарз аст.
Мусанниф Меҳмонов, раиси ҷамоати Язгулом, рӯзи 23-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, "12 сокини деҳаи Жамак барои бозпурсӣ ба шаҳри Душанбе бурда шуданд." Ӯ бо баҳонаи он ки қазия махфӣ асту онро намояндагони КДАМ ва Вазорати корҳои дохилӣ таҳқиқ доранд, тафсилот надод.
Бо гузашти як ҳафта аз ин ҳодиса Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қазияро ба таври расмӣ шарҳ надодааст. Маълум нест, ки ангезаи аслӣ чист.
Расонаҳои "Pamir Inside" ва "Azda TV" рӯзи 22-юми май бо такя ба манобеи худ дар бораи боздошти камаш 35 сокини деҳаҳои Жамак ва Андарбаки Язгулом гузориш доданд.
"Pamir Inside" рӯзи 23-юми май низ бо такя ба як манбааш дар ниҳоди амниятии Тоҷикистон ангезаи "амалиёти вижа"-ро ба маъракаи густурдаи зидди ҳиҷобу рӯсарӣ пайванд дод: "Он ҷавононе, ки метавонистанд барои рейд мушкил эҷод кунанд, пешопеш боздошт шуданд."
Чанд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар ҷамоати Язгулом боздошти сокинонро ба овозаҳо дар бораи гуё "ворид шудани гурӯҳе аз Афғонистон" рабт доданд. Камаш ду нафар дар деҳаи Жамак гуфтанд, "дар аввали моҳи май чанд сокини Язгулом аз Афғонистон ба ин тараф гузаштаанд. Мардум қасди онҳоро намедонистанд ва ба меҳмонӣ даъват карданд. Гурӯҳи дигар гуё дар 15-километрии деҳа силоҳ пинҳон намудаанд."
Радиои Озодӣ ҳақиқат ё танҳо овоза будани масъаларо аз раиси ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ пурсид. Мусанниф Меҳмонов вуҷуди овозаҳоро тасдиқ кард, аммо дар бораи он ки оё воқеан гурӯҳе аз Афғонистон ба ҳудуди Тоҷикистон гузаштааст ё не, посух надод. Ӯ гуфт, эҳтимол ба қарибӣ навори суҳбати боздоштшудаҳо тавассути телевизионҳои давлатӣ пахш шавад ва он вақт қазия рӯшан хоҳад шуд.
Одинашо Мардзода, раиси ноҳияи Ванҷ, рӯзи 23-юми май гуфт, воқеан, чанде пеш мақомот бо мардуми Язгулом мулоқот ва суолу ҷавоб карданд. "Масъалаи убури чанд тан аз Афғонистон яке аз суолҳое буд, ки мақомот дар миён гузошта буданд. Ҳоло вазъ ором аст ва пурсишу таъқиб ҷой надорад," -- афзуд ӯ.
Як сол пеш, 26-уми апрели соли 2023, дар мавзеи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷ, ду узви "Ҷамоати Ансоруллоҳ", ки аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид гардида буданд, кушта шуданд.
Маҳдуд шудани сафар ба минтақаҳои сарҳадӣ
Марзбонҳои Тоҷикистон рӯзи 17-уми май аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷиён хостанд, ки бе шиноснома ё санадҳои дигари тасдиқкунандаи ҳувият ба минтақаҳои сарҳадӣ дар Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нараванд. Ин ду вилоят дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст.
Нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон рӯзи 17-уми май дар баёнияе гуфт, "бе риояи чунин талабот даромадан ба минтақаҳои номбурда иҷозат дода намешавад... Дар постгоҳҳои сарҳадӣ даромаду баромади шаҳрвандонро зери назорати ҷиддӣ мегиранд."
Мақомот сабабро ба "вазъи минтақа ва ҷаҳон" ва "кӯшиши созмонҳои террористию экстремистӣ барои ғайриқонунӣ гузаштани сарҳадҳои давлатӣ ва амалҳои зиддибашарии террористӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон" рабт доданд.
Онҳо намунаи мушаххас наоварда, вале гуфта буданд, ин ҳолат "тақозо мекунад, ки ҳифзу ҳимояи ҳудуди мамлакат, суботу оромӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи сокинон пурзӯр карда шавад."
Маълум нест, ки ин баёнияи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон то кадом андоза ба боздоштҳо дар Язгулом рабт дорад.
Раисӣ ва вазири корҳои хориҷии Эрон дар суқути чархбол ҷон бохтаанд
Расонаҳои Эрон рӯзи 20-уми май ба таври расмӣ эълон карданд, ки раиси ҷумҳури он кишвар Иброҳим Раисӣ, вазири корҳои хориҷӣ Амирҳусейн Абдуллоҳиён ва чанд мақоми дигар бар асари сарнагун шудани чархболи ҳомили онҳо ба ҳалокат расиданд.
Хабаргузориҳои расмии "Тасним" ва "Меҳр" ин хабарро тасдиқ карданд. Як мақоми эронӣ низ дар гуфтугӯ бо хабаргузории "Рейтерз" ҳалокати Иброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳи ӯро таъйид кардааст.
Чархболи раиси ҷумҳури Эрон нимаи дувуми рӯзи 19-уми май дар вилояти Озарбойҷони шарқии ин кишвар пас аз фуруди сахт нопадид шуд. Ба гуфтаи мақомоти Эрон, ҳодиса дар пайи ҳавои номусоид сурат гирифтааст.
Расонаҳои Эрон рӯзи 19-уми май хабар доданд, ки дар дохили чархбол Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон, Ҳусейн Абдулоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, раиси вилоят ва имоми намози ҷумъаи Табрез қарор доштанд.
Бо нокомии гурӯҳҳои имдодии Эрон дар шиносоии маҳалли сарнагун шудани чархбол, кишварҳои минтақа, аз ҷумла Туркия ва Русия бо фиристодани наҷотбахшон ва таҷҳизоти ҳавоӣ ба кӯмаки Эрон шитофтанд ва дар ниҳоят паҳбоди туркӣ ҷойи ҳодисаро дар наздикии як деҳаи кӯҳистонӣ бо номи "Тавил" дар вилояти Озарбойҷони шарқӣ муайян кард.
Ҳанӯз норушаниҳои зиёде дар бораи ин ҳодиса вуҷуд дорад. Тибқи гузоришҳо, минтақа шоҳиди бориши зиёд ва меғи (туман) шадид ҳангоми сарнагун шудани чархболи ҳомили раиси ҷумҳури Эрон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ будааст.
Саидмуҳаммад Оли Ҳошим, имоми ҷумъаи Табрез, Ҳусайн Молик Раҳматӣ, раиси вилояти Озарбойҷони шарқӣ ва чанд тани дигар, аз ҷумлаи сарнишинони ин чархбол будаанд.
Телевизиони давлатии Ҷумҳурии исломии Эрон дар соатҳои аввали субҳи душанбе эълон карда буданд, ки бо кашфи маҳали суқути чархболи ҳомили Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ, то кунун нишоне аз зинда будани сарнишинон мушоҳида нашудааст.
Бо расидани нерӯҳои имдодӣ ба маҳалли суқуим чархболи Иброҳим Раисӣ, Шабакаи хабари Эрон дар зернависи барномаи худ навишт, "то кунун ҳеҷ асаре аз зинда будани сарнишинони чархбол мушоҳида нашудааст".
Дар пайи эълони ҳалокати Иброҳим Раисӣ, тибқи Қонуни асосии Эрон, муовини аввали ӯ бо мувофиқати раҳбари он кишвар Алии Хоманаӣ, масъулиятҳои раиси ҷумҳуриро ба ӯҳда мегирад.
Банди 131-и Қонуни асосии Эрон мегӯяд, дар сурати фавт, барканорӣ, истеъфо, нопадид шудан ё бемории беш аз ду моҳи раиси ҷумҳур ва ё дар мавриде, ки муддати раёсати ҷумҳурӣ поён ёфта ва раиси ҷумҳури нав бар асари монеаҳо ҳанӯз интихоб нашуда ва ё умури дигаре монанд ба ин, муовини раиси ҷумҳур бо мувофиқати раҳбарӣ, ихтиёрот ва масъулиятҳои вайро бар ӯҳда мегирад".
Ҳамчунин бар асоси ҳамин қонун, шӯрое иборат аз раиси порлумон, раиси Додгоҳи олӣ ва муовини аввали раиси ҷумҳур вазифадор аст, ки заминаҳоро барои интихоби раиси ҷумҳур дар панҷоҳ рӯз фароҳам кунад.
Муҳаммад Мухбир, ҳамакнун муовини авали раиси ҷумҳури Эрон аст ва дар сурати мувофиқати Алии Хоманаӣ, масъулиятҳои Иброҳим Раисиро ба ӯҳда мегирад.
Чархболи президенти Эрон нопадид шуд. Аз Раисӣ хабаре нест
Чархболи президенти Эрон дар шарқи вилояти Озарбойҷони ин кишвар пас аз фуруди сахт нопадид шудааст.
Ин фуруд бегоҳи рӯзи 19-уми май дар пайи ҳавои номусоид сурат гирифтааст.
Расонаҳои Эрон рӯзи 19-уми май хабар доданд, ки дар дохили чархбол Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон, Ҳусейн Абдулоҳиён, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, раиси вилоят ва имоми намози ҷумъаи Табрез қарор доштаанд.
Аҳмад Ваҳидӣ, вазири корҳои дохилии Эрон ба хабаргузории "Тасним" гуфтааст, ки ҳангоми бозгашт аз вилояти Озарбойҷон чархболи президент ва ҳамроҳонаш дар ҳавои меҳолуд “маҷбур ба фуруди сахт шудааст.”
“Алъон гурӯҳҳои мухталифи имдодӣ ба тарафи минтақа дар ҳаракат ҳастанд. Бо сабаби номуносиб будани ҳаво шояд гурӯҳҳои имдодӣ дертар ба ҷои ҳодиса бирасанд,”—гуфтааст Аҳмад Ваҳидӣ.
Хабаргузории "Тасним" навиштааст, ки дар лаҳзаи ҳодиса яке аз мусофирони чархбол ба тими наҷотдиҳандагон тамос гирифтааст, вале ҳоло дигар ҳеч тамосе бо ин гурӯҳ барқарор нашудааст.
Маълум нест, ки охирин тамос дар лаҳзаи нишасти сахт будааст ва ё пас аз он.
Расонаҳои Эрон навиштанд, ки Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон бо се чархбол аз маросими бозкушоии сарбанди наве дар Порсободи вилояти Озарбойҷон, ҳаммарз бо ҷумҳурии Озарбойҷон, бармегаштанд.
Дар ин маросим Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон низ ширкат доштааст. Ду чархбол баргаштаанд, вале аз сарнавишти чархболи президент хабаре нест.
Дар Маскав хобгоҳи муҳоҷирони тоҷику қирғиз сӯхтааст
Як хобгоҳи муҳоҷирони тоҷику қирғиз дар шаҳри Маскав оташ гирифтааст.
Ҳодиса рӯзи 17-уми май дар наздикии истгоҳи метрои “Новые Черёмушки” дар маҳалли кори муҳоҷирон рух додааст.
Гуфта мешавад, ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони корӣ сӯхта аст.
Сабаби ҳодиса ва ҳаҷми зарари сӯхторро ҳанӯз шарҳ надодаанд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Президенти Гурҷистон ба қонуни "агенти хориҷӣ" вето гузошт
Президенти Гурҷистон, Саломе Зурабишвилӣ, эълон кард, ки ба қонуни “агенти хориҷӣ” “вето” гузошт.
Ин қонуни баҳсбарангезро, ки боиси эътирозҳо дар Гурҷистон ва мухолифати созмонҳои ҳуқуқӣ шудааст, рӯзи 14-уми май вакилони порлумони Гурҷистон қабул карданд. Аммо президенти Гурҷистон, ахиран дар нишасте гуфт:
“Имрӯз ман ба “қонуни русӣ ”, ки ба сарқонуни кишвари мо ва меъёрҳои Аврупо мухолифат мекунаду дар роҳи мо маҳдудиятҳое пеш хоҳад овард, вето гузоштам. Он бояд бекор карда шавад. ”
Ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ", ки тарҳи қонунро пешниҳод кардааст, имкон дорад бо ба даст овардани 77 райъ веторо бекор кунад. Дар баррасии сеюми ин қонун 84 вакили Гурҷистон ба тарафдории он раъй дода буданд.
Бино ба ин қонун, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳое дар Гурҷистон "агенти хориҷӣ" эътироф мешаванд, ки бештар аз 20 дарсади даромадашон аз хориҷа аст. Норозиён онро тақлид ба қонуни "агентҳои хориҷӣ" дар Русия донистанд.
Даҳҳо ҳазор нафар чанд ҳафта алайҳи ин қонун дар Тбилиси (Тифлис) эътироз карданд. Мақомоти Гурҷистон зидди норозиён аз обу гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода карданд.
Марги 50 нафар бар асари обхезӣ дар Афғонистон
Бино ба иттилои мақомоти Толибон бар асари обхезии шаби гузашта дар Афғонистон 50 нафар кушта ва даҳҳо кас бедарак шудаанд.
Абдулвоҳиди Ҳамос, сухангӯйи Ҳукумати Толибон дар вилояти Ғур ба Радиои Озодӣ гуфт, обхезӣ ҳазорон хонаву дӯкон ва садҳо гектар замини кишоварзиро вайрон кардааст. Вай афзуд: “Тақрибан 50 нафар, аз ҷумла занону кӯдакон, ба ҳалокат расида, баъзеи онҳо бедарак шудаанд, 2000 хона пурра ва чор ҳазор манзили дигар қисман валангор шудаанд, инчунин садҳо гектар замини кишоварзӣ ва хоҷагиҳои истеҳсолӣ зарар диданд. ”.
Ба гуфтаи ин масъул, дар маркази вилоят шаҳри Фирӯзкуҳ, беш аз ду ҳазор мағозаву дӯконҳои мардум зери об мондаанд.
Абдулқосим Фирдавсӣ, як сокини шаҳри Фирӯзкӯҳи вилояти Ғур, ба Радиои Озодӣ гуфт, макони савдо ва анборҳои мардум пур аз об шудаанд. "Вазъият ба дараҷае бад аст, ки мардум дар як дақиқа тамоми сармояи худро аз даст доданд. Хеле тарсидаанд, онҳое, ки зарар дидаанд, бори дигар аз обхезӣ нигаронанд. Мардум ба сарпаноҳу ғизо ниёз доранд”
Сафдар Алӣ, як сокини маҳаллаи Талхаки Лаъли вилояти Ғур, мегӯяд, ки сели рӯзи ҷумъа заминҳои кишоварзии ӯро вайрон кард. "Дирӯз дар мавзеи Талхак дар соати 4-и шаб сел омад ва баъд аз 6-и шаб мо аз замини кишоварзӣ маҳрум шудем. Худоро шукр, ки талафот надорем, панҷ гектар замини гандуму заъфаронамро хароб кард.”
Дар наворҳое ҳам, ки бархе корбарон аз Форёб ба Радиои Озодӣ ирсол кардаанд, дида мешавад, ки сел ба хонаҳои мардум ворид шуда ва мардум дар боми хонаҳояшон паноҳ бурдаанд. Сокини Форёб, ки нахост номаш гуфта шавад дар бораи хисороти сели шоми ҷумъа ба Радиои Озодӣ нақл кард: "Ҳеҷ чиз намондааст. Молу мулкамон зери об монд. Мототсикли нав харида будам, он ҳам зери об мондааст. Вазъият хеле бад аст. Хонаҳо вайрон шуданд."
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон дар саҳифаи X-и худ ба қурбониёни обхезии ахир изҳори ҳамдардӣ карда, гуфтааст, ки гурӯҳҳои имдодрасони онҳо ба манотиқи осебдида сафарбар шудаанд.
Дар ҳамин ҳол осебдидагони сел дар вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон, бахусус дар Бағлон, ки талафоти зиёде дар пай дошт, мегӯянд, то ҳанӯз интизори кӯмакҳои башардӯстона ҳастанд.
Латукӯби донишҷӯёни хориҷӣ ва эътирози садҳо нафар дар Бишкек
Бино ба иттилои расмӣ дар пайи бетартибиҳо дар шаҳри Бишкек, шаби 18- уми май 28 нафар осеб дидаанд. Сафорати Покистон гуфт, дар ин ҳодиса 14 шаҳрвандаш осеб дидааст. Дар робита ба эътирозҳо, мақомоти Ҳиндустон ва Покистон вокуниш карда, аз донишҷӯёни худ хостанд, аз ҷойи зисташон берун нараванд.
Таҳдиди пайваста. Дар Тоҷикистон чӣ гуна бо офатҳои табиӣ мубориза мебаранд?
Ҳар сол айёми баҳор дар Тоҷикистон бо офатҳои табиӣ ҳамроҳ аст ва талафоти ҷонӣ, молӣ ва иқтисодии зиёде ба кишвар мерасонад. Ниҳодҳои давлатӣ аз чораҳои пешгирона сухан мегӯянд, аммо коршиносони мустақил онҳоро нокофӣ медонанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 14-уми май бо нашри баёнияе аз эҳтимоли омадани сел дар гӯшаҳои гуногуни кишвар хабар дод. Намояндагонаш аз мардум хостанд, ки эҳтиёт кунанд, муроқиби кӯдакони ноболиғ бошанд ва бо ҳадафи пешгирӣ аз сел ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза кунанд. Ин ҳушдори аввалин аз ибтидои баҳори соли ҷорӣ ба мардуми кишвар нест.
Соли 2023 дар кишвар 560 офати табиӣ сабт шуд, ки дар натиҷа 51 нафар ҷон бохтанд ва хисорот ба иқтисоди кишвар бештар аз 76 миллион сомонӣ шумурда шудааст. Дар ҳамин ҳол, тибқи пешбинии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хатар аз соли гузашта камтар нахоҳад буд.
Бар асоси омори расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 1200 минтақа зери хатари офатҳои табиӣ, ба мисли селу тарма ва сангфароӣ ҳастанд. Дар ин манотиқ беш аз 72 ҳазор хонавода ё 400 ҳазор одам зиндагӣ мекунад. Чаро Тоҷикистон ҳар сол бо пайомадҳои зиёнбори офатҳои табиӣ дучор мешавад ва кӯшиши мақомот барои пешгирӣ аз он то чӣ андоза муассир аст?
Мубориза бо пайомадҳо?
Муродалӣ Амонзода, коршиноси масъалаҳои муҳитзистӣ, мегӯяд, ҳукумат асосан ба роҳҳо, обрасонӣ ва хати барқ тавваҷуҳ дорад. Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, “дар замони Шӯравӣ барои ҷилавгирӣ аз ҷараёни сел сад сохта мешуд, мутахассисҳо омӯзиш дода мешуданд ва бунёди хона дар мавзеъҳои пурхатар мамнуъ буд. Дар даврони пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, ба вижа дар даҳаи 90 ва аввали 2000-ум ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ намешавад.”
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳар рӯз дар мавриди бартараф кардани пайомадҳои офатҳои табиӣ иттилоъ медиҳад. Аммо, ба гуфтаи Амонзода набояд танҳо ба оқибатҳои офатҳои табиӣ посух дод, балки корҳои пешгиронаи муассиртарро бояд рӯи даст гирифт, то камтар зиён расад.
Хонаҳо дар ҷойҳои номуносиб
Ҷамшед Камолов, намонядани КҲФ, рӯзи 14-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд марҳила ба марҳила мардумро аз ҷойҳои хатарбор мекӯчонанд: "Нақшаи миёнамуҳлати кӯчондани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2024-2026 тасдиқ шудааст. Бар асоси он, дар умум, дар се сол 525 хоҷагӣ ба мавзеъҳои бехавф кӯчонида мешаванд."
Ба гуфтаи вай, ҳоло ҳангоми тақсими замин барои сохтани хона ба фарқ аз соли 90 омили хатар дар назар гирифта мешавад. Он замон барои сохатани хона заминро новобаста аз пурхатар будани ҷой медоданд. Моҳи марти соли 2023 Додситонии кул бештар аз 1,5 хазор қарорро, ки аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо ва мақомдорони дигари марбут ба замин қабул шудаанд, ғайриқонунӣ шумурд ва ба зидди 252 нафар парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Муноқиша бар сари замин барои солҳои дароз яке аз мушкилиҳои муҳим дар Тоҷикистон мондааст. Бисёре аз сокинон на танҳо нисбат ба тақсими ноодилонаи замин ибрози норизоятӣ мекунанд, балки аксаран аз ин дар ҳайаратанд, ки чаро барои бунёди хона дар минтақаҳои хатарнок замин дода мешавад.
Дар солҳои гузашта ҳангоми сар задани сел дар вилояти Хатлон сокинон мақомотро дар кори соҳилбандӣ ва камтаваҷҷуҳӣ ба бозсозии зерсохтҳои фарсудаи даврони Шӯравӣ муттаҳам карданд. Мақомот аз корҳои анҷомшуда гузориш медиҳад. Аммо, аён аст, ки натиҷагирии лозим аз офатҳои табиии гузашта сурат нагирифтааст.
Ҳудуди 93 дарсади масоҳати Тоҷикистон кӯҳистон аст. Офатҳои табиӣ ба далели тағйирёбии иқлим афзоиш меёбанд. Дар натиҷа, минтақаҳои кӯҳистонии кишвар дар баробари сел, обхезӣ, тарма ва заминҷунбӣ шадидан осебпазир шудаанд. Бисёре аз деҳаҳо дар ин ноҳияҳо дар маконҳои дурафтода қарор доранд, ки талошҳои имдодрасониро дар сурати ба вуқуъ омадани офатҳои табиӣ печида ва хатарнок мекунад.
Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти 78-умии Маҷмаи Умумии СММ таъкид кард, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари чолишҳои тағйироти иқлим аст. Ӯ ба иҷрои стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030 ишора кард ва таъкид дошт, ки барои дастёбӣ ба ҳадафҳои он ниёз ба кумаки молӣ ҳаст.
Бар асоси гузориши раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Рустам Назарзода, дар 4 соли охир хисороти расида аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон тақрибан ба 331 миллион сомонӣ расидааст.
Селу тарма ва сангрез. Зиндагии 72 ҳазор оила дар минтақаҳои хатарбор
Зиёда аз ҳазору дусад минтақа дар Тоҷикистон зери хатари офатҳои табиӣ эълон шуданд. Ба онҳо селу баҳман ё тарма, ярчу сангрез ва фурӯравии замин таҳдид мекунад.
Ба гуфтаи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар ин минтақаҳо 72 ҳазор оила ё 400 ҳазор нафар зиндагӣ доранд, ки бояд ба ҷойи дигар кӯчонда шаванд. Мақомот иддао доранд, ки сокинон худсарона дар заминҳои зери хатар хона сохтаанд. Мардум мегӯянд, заминро ба онҳо намояндагони ҳукумати маҳаллӣ доданд.
Ҷамшед Камолов, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи 14-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тасмим доранд, сокинонро марҳила ба марҳила ба ҷойҳои амн баранд.
"Нақшаи миёнамуҳлати кӯчондани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2024-2026 тасдиқ шудааст. Бар асоси он, дар умум, дар се сол 525 хоҷагӣ ба мавзеъҳои бехавф кӯчонида мешаванд," – шарҳ дод ӯ.
Гуфта мешавад, ин теъдод аз шаҳрвандон дар солҳои гузашта ҳангоми бунёди худсаронаи манзил сокини минтақаҳои хатар шудаанд. Ҷамшед Камолов мегӯяд, ҳоло тақсими замин барои сохтани маскан бо назардошти хатари минтақаҳо амалӣ мегардад.
Ӯ афзуд: "Дар Тоҷикистон як даврае буд, солҳои 90-ум, тақсими замин дар ҳама ҷойҳо амалӣ карда шуд. Яъне, аксарият хонаҳои ғайриқонунӣ ҳам сохтанд, бе иҷозаи мақомот хонаҳои худро дар ҷойҳои хавфнок сохтанд."
Баъзе аз шаҳрвандон мегӯянд, мақомоти маҳаллӣ аз бунёди хонаҳо дар минтақаи хатар огоҳ буданд ва худи онҳо ба сокинон дар ин ҷойҳо замин додаанд.
Икромҷон Шоев, сокини ҷамоати Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат, 40-километрии Душанбе, мегӯяд, селу боронҳои пуршиддат ҳар бор ба хонаи онҳо зиён мерасонад: "Мардуми моро дар ҳамин ҷо оварда ҷой кардаанд. Бечораҳо ҷой надоранд, ба куҷо раванд? Ба ҳамин ҷо меоранд, маҷбур заминро мегиранд, хона сохта зиндагӣ мекунанд."
Видеоро дар инҷо бинед:
Додситонии кулли Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2023 зиёда аз якуним ҳазор қарори раисони шаҳру ноҳияҳоро барои додани қитъаи замин ғайриқонунӣ эълон кард ва гуфта буд, ки нисбат ба 252 нафар парванда кушодааст.
Тақсими замин дар минтақаҳои Тоҷикистон чанд сол боз ба як мавзӯи доғу баҳсӣ дар сатҳи болотарини ҳукумат табдил ёфтааст. Нигарониҳо аз ҳолатҳои ришваситонӣ дар ин соҳа борҳо садо медиҳад.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, барои кӯчондани сокинон аз минтақаи хатар ба онҳо дар дигар ҷой қитъаи замин ва қарзҳои боимтиёз дода мешавад. Сокинон бар инанд, ки тавони бунёди манзилро дар минтақаи дигар надоранд ва аз ин рӯ талош мекунанд, аз манзилҳои феълии худ накӯчанд.
Бар пояи омори расмӣ, соли гузашта ҳамагӣ 225 оила ба минтақаҳои амн кӯчонида шудаанд.
Дар соли 2023 бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 51 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Зиёни молии қариб 560 офат ба аҳолӣ ва иқтисоди кишвар 76 миллион сомониро ташкил додааст. Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ шумурда мешавад ва осеби ҷонию молӣ ҳар сол рӯ ба афзоиш аст.
Оби дарёи Панҷ дар ҳудуди Фархор баланд шудааст. Хатараш чист?
Оби дарёи Панҷ, ки Тоҷикистону Афғонистонро аз ҳам ҷудо мекунад, дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон бештар ҷорӣ шуда, ба қавли сокинон, "соҳилҳоро хароб мекунад".
Мардум аз он нигаронанд, ки агар вазъ чунин идома ёбад, эҳтимол садҳо гектар замини кишт ва хонаҳои зиёд зери об хоҳанд монд. Намояндагони ҳукумати ноҳия гуфтанд, соҳилбандӣ бо тахтасангҳои бетонӣ идома дорад.
"Мардум метарсанд, чун 30 сол пеш ҳам об зиёд шуда буд. Мо пешгирӣ мекунем. Раҳмат ба мардум, ки ба мо ёрӣ карданд. Ҷаноби олӣ то 2000 ҳазор кубик дода буд, ҳоло бо он соҳилҳоро мустаҳкам мекунем," – гуфт Зариф Вализода, раиси ноҳияи Фархор.
Аз баландиҳои Фархор дида мешавад, ки оби Панҷ чӣ қадар баланд шудааст. Солҳои пеш аввал симхор ва то як километр бешазорро тай карда, сипас ба дарё мерасидед. Акнун аз соҳили дарё то ба симхор панҷ метр ҳам намондааст.
Дар наворҳое, ки чаҳор рӯз пеш сабт шудааст, сокинон аз наздик шудани дарёи Панҷ ба деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор мегӯянд. "Хок оварда рехта истодаем, то лаби симхор қариб омадааст," – мегӯяд яке аз сокинон дар видео.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор 22 мавзеи хатарнокро сабт кардааст. Яке аз онҳо ҷамоати Дарқад дар соҳили рӯди Панҷ аст.
Акнун ин ҷо таҷҳизоте насб мекунанд, ки бояд дар ҳолати зарурӣ бонги хатар занад. Содиқҷон Раҳмонзода, сардори Идораи ҳолатҳои фавқулода дар минтақаи Кӯлоб, гуфт: "Дар се ноҳияи наздисарҳадӣ дастгоҳи огоҳкунанда насб шуд. Ба ба наздикӣ ҳамаи онҳоро аз нав санҷиданд."
Ҳоло сокинони ин минтақа аз боло шудани сатҳи оби Панҷ ва омадани сел ҳарос доранд. Мақомот мегӯянд, тамоми талошро хоҳанд кард, то пеши об гирифта шавад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Вакилонаш хостаанд, Раҳматшоҳ Қурбоновро ба ҳабси хонагӣ гиранд
Вакилони мудофеи Раҳматшоҳ Қурбонов, ронандаи 44-солаи зодаи Тоҷикистон (ҳамзамон шаҳрвандии Русияро дорад), аз Додгоҳи Санкт-Петербург хостаанд, ки то поёни таҳқиқи парвандааш ӯро аз Боздоштгоҳ ба ҳабси хонагӣ гузаронад.
Мусофирбари зери идораи ӯ рӯзи 10-уми май ба дарёи "Мойка" афтод ва ҳоло ба марги 7 нафар гумонбар аст. Ду мусофири дигар дар ҳолати вазнин дар бемористон ҳастанд.
Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 12-уми май дастур дод, ки Қурбоновро то 9-уми июл ва то поёни таҳқиқи парванда ба ҳабс гиранд.
Яке аз шахсони наздик ба Раҳматшоҳ Қурбонов рӯзи 13-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, “азбаски парвонаи ронандагиро аз ӯ гирифтаанд, имкони идораи мошинро надорад ва ба ҷомеа хатар надорад. Муддати дароз шаҳрванди Русия аст, доғи судӣ надорад.”
Раҳматшоҳ Қурбонов ронандаи ширкати “Таксӣ” буд. Худаш гуфтааст, тормози мусофирбар мушкил дошт ва аз наздикони қурбониён маъзарат хостааст.
Ба нақли ҳамсараш, Раҳматшоҳ Қурбонов як рӯз пеш аз ҳодиса 20 соат кор кард, вале раҳбараш баъди ҳамагӣ панҷ соати истироҳат дубора ӯро ба кор хонд. Мудири ширкати “Таксӣ”-ро низ дастгир кардаанд.
Тафтишот тасдиқ мекунад, ки ба Раҳматшоҳ Қурбонов дар муддати чанд рӯз шароити кору истироҳати зарурӣ фароҳам нашудааст.
Аммо ин ягона иттиҳоми зидди Раҳматшоҳ Қурбонов нест. Кумитаи тафтишотии Русия ӯро ба он муттаҳам кардааст, ки як сол пеш дар ивази пул даҳ муҳоҷирро дар хонааш ғайриқоннуӣ номнавис карда буд.
Садама дар ноҳияи Айнӣ. Ҷасади се касро ёфтанд, тақдири чор каси дигар номаълум
Дар натиҷаи ба дарё сарозер шудани як мошин дар роҳи Душанбе-Чаноқ, се кас ба ҳалокат расида, сарнавишти чор нафари дигар номаълум аст. Ҳодиса баъд аз зуҳри 8-уми май дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ рух додааст.
Дафтари матбуоти ширкати "Инновейтив роуд солюшнз" гуфт, ронандаи мошини "Опел-Зефира" аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромад ва худрав аз баландӣ ба дарё рафтааст.
Ба гуфтаи манбаъ, то ин дам ҷасади 3 нафар пайдо шуда, ҷустуҷӯи мусофирони дигар идома дорад. Наздикони яке аз фавтидагон гуфтааст, дар дохили нақлиёт ҳафт нафар буданд.
Як манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, дар дохили нақлиёт ду зан ва як кӯдак низ будааст.
Дар наворҳое, ки корбарон аз ҷойи ҳодиса ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мошин ва мусофирони онро ҷустуҷӯ доранд.
Солона дар Тоҷикистон даҳҳо нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷонашонро аз даст медиҳанд.
Дар Варзоб як мардеро меҷӯянд, ки ҳангоми сел нопадид шудааст
Дар пайи борони шадиду омадани сел дар Варзоб як сокини ноҳия бо чорвояш нопадид шудааст. Пайвандони Ҷалолиддин Оеви 61-сола мегӯянд, чанд рӯз боз ӯро ҷустуҷӯ доранд, аммо бенатиҷа.
Онҳо мегӯянд, дар рӯзи аввали ҳодиса маъмурони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мақомоти ноҳияро хабардор карданд, вале ҳанӯз хабаре нест.
Далер Олимов, ҷияни Ҷалолиддин Оев, рӯзи 7-уми май гуфт, “бояд маъмурони наҷот омада, ёрӣ мерасонданд. Ҳамроҳ мекофтем. Ҷое, ки ҳодиса шудааст, ҷое, ки баромада буд, ҳамаро дидем, нест.”
Ҷалолиддин Оев дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Варзоб мезист. Ӯ ҳам дар рӯзе нопадид шуд, ки сел омаду заминҳои мардум, мактаб ва пули деҳаро вайрон кард.
Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Варзоб мегӯянд, чанд рӯз боз дар деҳаҳое, ки осеби бештар дидаанд, машғули коранд ва ҳоло ба деҳаи Даҳана мераванд.
Мақомот аз бепарвоии мардум ба ҳушдору огоҳиҳо нигаронӣ мекунанд. Мегӯянд, пеш аз офатҳои табиӣ ба сокинон ҳушдор доданд, ки эҳтиёт кунанд ва ба маконҳои осебпазир дар баробари селу обхезӣ нараванд.
Селу обхезӣ, ки дар Тоҷикистон чанд рӯз боз идома дорад, то кунун сабаби марги 3 нафар шудааст. Хонаву киштзори зиёде осеб диданд. Фалокат мумкин аст, такрор шавад, барои ҳамин ҳавошиносони тоҷик аз сокинони Ваҳдату Варзоб, Ҳисор, Норак ва навоҳии дигар хостаанд, рӯзҳои 10-12-уми май ба кӯҳу саҳро нараванд.
"Бе хонаву бе дар мондем." Пайомадҳои сели харобиовар дар Тоҷикистон
Дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Варзоб ва шаҳри Истаравшан се нафар ҷон бохта, дар чанд минтақаи дигари Тоҷикистон пулу роҳу хонаҳо вайрон гаштаанд. Мақомот мегӯянд, ба қадри тавон ба ҳама кумак мерасонанд. Баъзе аз сокинони осебдида гуфтанд, ҳанӯз ёрӣ нагирифтанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 6-уми май дар баёнияе гуфт, "яке аз онҳое, ки дар деҳаи Дуобаи Варзоб ба ҳалокат расид, 40 сол ва дигаре 67 сол дошт". Ҳувияти онҳо ҳанӯз эълом нашудааст. "Як зани 20-сола аз ҷамоати Гули Сурхи шаҳри Истаравшан низ рӯзи панҷуми май зери сел монда, ҷон бохт," – хабар дод манбаъ. Ин зани ҷавон, ба гуфтаи мақомот, барои чарондани чорво ба саҳро рафта буд.
"Мо ҳар сол обод мекунем, сел вайрон мекунад"
Боронгарии шадид рӯзи 5-уми май ба чанд деҳаи ноҳияи Варзоб, аз ҷумла Гулбоғ, дар канори шаҳри Душанбе, зарар расондааст. Миҷгона Нурдонаева даҳшати селро чунин қисса кард: "Соати шаши субҳ омад. Ҳамин қадар фурсат ёфтем, ки кӯдаконро гирифта, ба ҷойи бехавф кӯчидем. Аммо бе хонаву бе дар мондем. Ман зани танҳоям, се фарзанд дорам. Вазъияти моро бинед, ёрӣ кунед."
Ҷамила Ҳайитова, сокини дигари Гулбоғ, мегӯяд, ба ҷуз аз либоси танашон чизи дигареро аз коми сел наҷот дода натавонистанд: "Аз ҳамин ҷо моро ба ягон ҷойи ободтар баранд. Чанд сол шуд ҳоли мо ҳамин аст. Мо ҳар сол обод мекунем, сел вайрон кардан гирад, ҳамроҳи фарзандон ба куҷо равем?"
Деҳаи Гулбоғ дар маконе, ки пештар ба номи "Бӯстонсароҳои ВКД" маъруф буд, дар 20-25 соли охир бунёд шудааст. Сел аз 62 хонаи ин деҳа (зиёда аз 200 бошанда дорад) зиёда аз 30 хонаро пурра ва ё қисман вайрон кардааст.
Муродалӣ Далиев, сокини деҳаи Гулбоғ, мегӯяд, ба ёрии фаврӣ ниёз доранд, "зеро то ҳозир дар адир хобем". Сокини дигари деҳа Гулчеҳра Исҳоқова гуфт: "Сел хонаи хоҳарамро вайрон кард. Чизе надоранд. Дар адир то кай хоб мекунанд, дар ҳамин борону хунукӣ? Ӯ ҳомила аст, агар ҳамин шаб таваллуд кунад, куҷо меравем?"
Аъзои Кумисюн ба мардум чӣ гуфт?
Раиси маҳаллаи Гулбоғ Меҳроб Далиев сари вақт нарасидани ёриҳоро ба мардуми ниёзманд тасдиқ кард: "Кумакҳоро агар гӯем, чизе нашудааст. Ягон чиз. Ҳамсояҳое, ки хонаҳояшон соз аст, хӯрок пухта, ба мардум медиҳанд. Агар надиҳанд, халқ ҳеч чиз надорад."
Фирӯз Суюнов, сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Варзоб, рӯзи 6-уми май гуфт, ба мардум ёриҳои лозимро мерасонанд: "Дирӯз ба мардум ёрӣ расонда, онҳоро аз даруни обу сел наҷот додем. Айни ҳол дар ҳудуди деҳа корҳои бартарафкунӣ ҷараён дорад. Аз ҷониби Кумисюни ташкилшуда дар рӯзҳои наздик оқибатҳои сел бартараф карда мешавад."
Видеоро дар инҷо бинед:
Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода дар суҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, Кумисюн зиёни расидаро муайян мекунад ва сипас расондани ёриҳо ба мардум оғоз хоҳад шуд. Қурбоналӣ Мирзоев, сокини деҳаи Гулбоғ, мегӯяд, "намояндагони Кумисюн гуфтанд, агар сел хонаро вайрон карда бошад, ёрӣ мерасонанду бас. Мегӯянд, бо девори муҳофизатӣ, дарвоза ва замин кор надоранд. Гуфтанд, агар хонаатон зарар медид, ёрӣ мерасондем. Мо гуфтем, ҳамаи ин ҳам пул аст, аз куҷо меёбем."
Сел ҳамчунин ба ҷамоати Лучоби ин ноҳия хисорот расонда, пули мошингузари миёни деҳаҳои Меҳробод ва Чорводор (Муғулони собиқ)-ро валангор кард ва роҳи 5-6 деҳаи ин ҷамоатро ба самти Душанбе баст.
Ба ин монанд давоми ду рӯзи охир бар асари боронҳои зиёду пайдарпай дар вилоятҳои Суғд, ноҳияҳои Ховалингу Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин, Балҷувон, Восеъ, Ёвон, Хуросон ва шаҳри Кӯлоби Хатлон, ноҳияи Дарвози Бадахшон ва минтақаҳои атрофи Душанбе низ сел омад. Дар ин манотиқ замин, иншооти ёрирасон, роҳҳои мошингузар ва чанд пулу хона вайрон шудааст.
Аксҳои бештар дар инҷо:
Ҳалокати се нафар ҳангоми омадани сел дар гӯшаҳои Тоҷикистон
Дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Варзоб ва шаҳри Истаравшан се нафар ҷон бохтаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 6-уми май дар баёнияе гуфт, яке аз онҳое, ки дар Варзоб ба ҳалокат расид, “40 сол ва дигаре 67 сол дошт”.
“Як зани 20-сола аз ҷамоати Гули Сурхи шаҳри Истаравшан низ рӯзи панҷуми май зери сел монда, ҷон бохтааст,” – хабар дод манбаъ. Ин зани ҷавон, ба гуфтаи мақомот, барои чарондани чорво ба саҳро рафта буд.
Давоми ду рӯзи охир бар асари боронҳои зиёду пайдарпай дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва ноҳияҳои атрофи Душанбе сел омад.
Дар наворҳое, ки корбарон аз ноҳияи Сангвор (Тавилдара) ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки сел ба хонаи сокинон даромадааст. Дар чанд минтақаи дигар роҳу пулҳоро вайрон кард.
"Бурдану задан ва кандани чашм набуд." Муҳокимаи вазири собиқ
Таваҷҷӯҳи бисёре аз сокинони Қазоқистон ва берун аз он як моҳ боз ба муҳокимае равона шудааст, ки дар Додгоҳи шаҳри Остона ҷараён дорад.
Қувондиқ Бишимбоев, вазири пешини иқтисоди Қазоқистонро ба қатли ҳамсараш муттаҳам медонанд. Худаш мегӯяд, бегуноҳ аст. Ба иддаои ӯ, захму осебҳое, ки боис ба марги ҳамсараш, Салтанат Некунова, гаштааст, кори дасти ӯ нест.
Додгоҳ навору аксҳои телефони Бишимбоевро гирифт ва таҳқиқ кард. Қаблан гумонбар иҷоза намедод, ки телефонашро тафтиш кунанд. Дар телефон наворҳои рӯзи марги Салтанатро ёфтанд ва дар он дида мешавад, ки Бишимбоев ҳамсарашро таҳқир мекунад.
Вазири собиқ дар додгоҳ гуфтааст, наворҳо дасткорӣ шудаанд: "Иҷоза аст як сония биистем? Ин ҳама танзимшуда аст. Бояд Вотсапро бинем. Шояд телефони маро кушода ҳамаи ин наворҳоро гирифтаанд."
Хабарнигороне, ки дар мурофиа ширкат доштанд, мегӯянд, наздикони Салтанат Некунова бо дидани наворҳои телефони Бишимбоев гиря мекарданд. Аҳволи як нафар бад шудааст. Дертар муттаҳам ба ҷиноят эътироф карда, ки наворҳоро худаш сабт карда буд.
“Дар воқеъ, ба ҳолате расида будам, ки мехостам коре кунам ва ба таҳқирҳои ӯ бо таҳқир посух диҳам. Гап дар бораи кадом таҳқир аст? Ман дар баёноти худ гуфтам, ки дашном кард, ҳадяҳои овардаамро дар ҳоҷатхона партофт,” – гуфт Бишимбоев.
Наворҳоро ба хабарнигорон нишон надоданд. Вакилони дифои Қувондиқ Бишимбоев видеоҳоро диданд ва яке аз онҳо гуфт, дар ин наворҳо чизи даҳшатноке набуд: “Ягон шиканҷа, бурдану задан ва кандани чашм набуд дар он. Онҷо чунин чизе нест. Баръакс, ин навор исботи он аст, ки соати 8:24 вай аллакай дар рӯйи ҷойгаҳ хоб буд.”
Видеоро дар инҷо бинед:
Дар ҳар сурат, ба эҳтимоли зиёд муҳтавои наворҳо зимни эълони ҳукм ба инобат гирифта мешаванд. Вакили мудофеи маъруфи қазоқ, Ҷавҳар Утебеков, бовар дорад, ки Бишимбоев беҷазо намемонад.
Ӯ гуфт: "Бишимбоев як маъракаи тарғиботии бемаъниро ташкил кард. Тамоми мурофиаро ба ҳам зад, кӯшиш дошт, аз ҷавобгарӣ гурезад. Бо вуҷуди бадхашмӣ худро аз даст надод. Вале дар ниҳоят фаромӯш кард, ки шаби куштор дар ҳолати мастӣ наворҳои ваҳшатнок гирифта буд.”
Қазия аз он сар шуд, ки шаби 9-уми ноябри соли 2023 вазири пешини иқтисоди Қазоқистон Қувондиқ Бишимбоев, ҳамсараш Салтанат Нукеноваро дар тарабхонаи муттаалиқ ба президенти собиқ латукӯб кард. Дар бадани зани кушташуда доғу осеби зиёде аз мушту лагад буд.
Дар курсии айбдорӣ ҳамчунин бародари Бишимбаев, Баитҷон Бойҷонов нишастааст. Ба иттилои тафтишот, вай барои аз байн бурдани осори ҷиноят мадад кардааст.
Тоҷикони Қазоқистон ба кумаки осебдидагон шитофтаанд
Муҳоҷирони тоҷик барои кумак ба мардуми осебдидаи Қазоқистон дасту остин бар задаанд. Онҳо соҳилҳоро мустаҳкам мекунанд ва сад(д) месозанд, то аз обхезӣ ва зарари он ба хонаҳои мардум пешгирӣ шавад.
Мардуми зиёде дар Қазоқистон ва Русия чанда ҳафта боз ранҷи обхезиро мекашанд.
Гурӯҳи 30-40-нафарии муҳоҷирони тоҷик, ки бархе дар сохтмонҳо кор мекунанду бархе тиҷорат, дар шаҳри Урал ба ҳашар баромаданд. Онҳо дастҷамъона ба сокиноне, ки имкон дорад хонаҳояшон зери об монад, мадад мерасонанд.
Тоҷикони дигар коргаронро бо обу хӯрок таъмин мекунанд. Фарҳод Сатторов аз Қазоқистон гуфт, “мардумро ба ёрӣ даъват кардем. Кадоме натавонист ё вақт надошт, кумак карданд, барои 200-300 нафар ош ташкил кардем.”
Сатҳи оби дарёи Урал ҳар рӯз зиёд ва сокинони минтақаҳои наздик ба дарё нигаронтар мешаванд.
Чанд рӯз пеш тоҷикони Қазоқистон ба мардуми аз сел зиёндида беш аз 100 тонна маҳсулоти ниёзи аввал дода, барои ба ҷойи амн кӯчондани онҳо кумак карданд.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 22-юми апрел гуфтанд, ки барои мардуми осебдидаи Қазоқистон 3,5 ҳазор тонна ёрии башардӯстона фиристоданд. Дар умум барои рафъи обхезӣ дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ қариб 17 ҳазор кас ҷалб шудааст.
Маҳмадкарими Эмомалӣ чӣ гуна аз ошёнаи панҷум афтоду ҷон бохт?
Пайвандони Маҳмадкарими Эмомалӣ хоҳони ёфтан ва ҷазо додани сабабгорони марги ӯ ҳастанд.
Ин ҷавони 24-сола дар пайи сарозер шудан аз ошёнаи панҷуми як бинои истиқоматӣ дар шаҳри Ваҳдат, наздикии Душанбе, ҷон бохт. Додситонӣ санҷишро сар кардааст, вале байни фарзияи расмӣ ва тахмини наздикон зиддият вуҷуд дорад.
Ҳодиса рӯзи 12-уми апрели имсол дар ҳоле рух додааст, ки ба нақли шоҳидон Маҳмадкарими Эмомалӣ мехост, бо банд аз ошёнаи панҷум поин шавад. Ба иддаои баъзе аз наздиконаш, эҳтимол ӯ аз тарси "облава" ё "сарбозшикор" ин роҳи пурхатарро барои фирор интихоб кардааст.
Муҳаммад Эмомалӣ, бародари Маҳмадкарим, рӯзи 22-юми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар хона ҳамроҳи ӯ як ҳамсинфаш будааст. Ҳоло бедарак аст. Мақомот ӯро мекобанд."
Ба нақли наздикон, баъд аз ҳодиса падару модари Маҳмадкарими Эмомалӣ ба Додситонии шаҳри Ваҳдат даъват шуда, дар онҷо ариза навиштаанд.
"Дар Прокуратура (Додситонӣ) гуфтаанд, ҳамон рӯз пушти дари Маҳмадкарим нозири барқ омада буд. Ин як тахмин аст. Он рӯз дарро сахт зада, қариб шикастаанд. Нозири барқ то шикастан дарро намекӯбад," – афзуд яке аз пайвандони Маҳмадкарими Эмомалӣ.
Волидони ин ҷавон аз мақомот талаб кардаанд, ки қазияи писарашон ҷиддӣ таҳқиқ шавад. Дар маркази матбуоти Додситонии кул мавзуъро шарҳ надода, гуфтанд, ба Додситони шаҳри Ваҳдат муроҷиат кунед.
Достон Тағойзода, як масъули Додситонии шаҳри Ваҳдат, рӯзи 22-юми апрел дар суҳбати кӯтоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, вобаста ба ҳодиса санҷиш идома дорад ва аз шарҳи бештар худдорӣ кард. Вай афзуд, "агар суол бошад, марҳамат, ба шуъбаи матбуоти Прокуратураи генералӣ муроҷиат кунед".
Ҷасади Маҳмадкарими Эмомалиро рӯзи 12-уми апрел аз сардхонаи шаҳри Ваҳдат гирифта, дафн карданд. Бародараш Муҳаммад мегӯяд, "пойҳояш аз се-чор ҷо шикаставу баромада буд. Дар баданаш пайи захм буд. Зоҳиран вақти афтодан дар девор ё кондитсионерҳо задааст."
Волидони ҷавон дар маҳаллаи "9-ум километр"-и Душанбе зиндагӣ мекунанд, аммо худи вай ба гуфтаи наздиконаш, ним моҳи охир дар Ваҳдат кор ва дар хонаи иҷорае истиқомат дошт.
Пайвандони Маҳмадкарими Эмомалӣ мегӯянд, вай баъд аз хатми як коллеҷ дар Тоҷикистон ба варзиш машғул буд ва сипас роҳи Русияро пеш гирифт. Соле қабл аз Русия ихроҷ шуда, ба Тоҷикистон баргашт ва ба таъмири мошинҳо машғул буд. Чанд вақти охир бо як ҳамсабақаш дар манзили иҷора дар Ваҳдат мезист.
Маҳмадкарими Эмомалӣ оиладор набуда, дар артиш ҳам хидмат накардааст. Ба гуфтаи наздикон то замони ҳодиса ба ӯ расман даъватномаи ҳарбӣ наомада буд.
Ҳодиса дар шабу рӯзе рух додааст, ки дар Тоҷикистон мавсими даъвати баҳории ҷавонон ба хидмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ идома дорад ва дар гузашта шикоятҳо аз талоши ба манзили ҷавонон даромадану ҷалби иҷбории онҳо борҳо садо додааст.
Масъулон ҳамеша иддаоро дар бораи иҷборан ба хидмат бурдани ҷавонон рад мекунанд, аммо тақрибан дар ҳар мавсим шикоятҳо аз "сарбозшикор" ё “облава” расонаӣ мешавад.
Дар гузашта ҳам ҳодисаҳое буд, ки талоши фирори ҷавонон аз артиш бо фоҷеа анҷом ёфтанд. Чанд сол пеш дар Хуҷанд ҳангоми фирор аз “облава” ҷавони 23-солае аз ошёнаи чаҳорум афтода, сутунмуҳрааш шикаста буд.
Ёдгорой ва даҳҳо нафари дигар чаро хонаву дари худро тарк карданд?
Борону сел ба даҳҳо хонавода дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Темурмалик ва Восеъ осеб расондааст. Ҳар сол ба сабаби фалокатҳои табиӣ чандин нафар хонаву зодгоҳи худро тарк карда, ба минтақаҳои амн мекӯчанд. Чӣ гуна?
Ёдгорой Махмалиева ва аъзои оилааш чаҳор сол пеш дар як минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд. Бар асари омадани ярч хонаи онҳо пур аз сангу хок ва вайрон шуд. Як муддат дар хайма зиндагӣ карда, баъди як соли фалокати табиӣ ба деҳаи навбунёд дар ноҳияи Хуросон кӯчиданд.
“Аллакай чаҳор сол шуд, ки дар инҷо зиндагӣ дорем. Ин ҷо нағз аст, об дорад. Роҳро мумфарш карданд. Дар наздикии хона нуқтаи тиббӣ аст. Мактаб барои фарзандону набераҳо қариб аст,” – нақл кард Ёдгорой Махмалиева.
Ӯ ва шавҳару фарзандонаш лаҳзаи даҳшатбори зери хоку лой мондани хонаи пешинаро ҳамеша ба ёд меоранд. Ҷамолиддин Махмалиев, шавҳари Ёдгорой, гуфт: “Дар натиҷаи боридани борон хоку лою ярч фаромада, хонаҳои моро зер кард. Як ҳафта муҳлат доданд. Ҳар чизеро, ки имкон дошт, кандаву ба инҷо овардем.”
Видеоро дар инҷо бинед:
Фалокатҳои табиӣ ва хатари омадани селу ярч мисли ин хонавода садҳо нафарро водор кардааст, ки аз минтақаҳои хатарбор ба ноҳияҳои дигар бикӯчанд. Барои гурӯҳе аз ин муҳоҷирони дохилӣ ё экологӣ дар ҷануби Тоҷикистон хонаҳои хоксорона сохтаанд. Мардум ҳам ба зиндагӣ дар ҷойи нав то ҷое одат кардаанд.
Мӯниса Махмалиева, набераи Ёдгорой ва Ҷамолиддин, мегӯяд, “ҷои пешина аз мактаб дур буд. Вақти зиёдро дар роҳ ба мактаб сарф мекардем. Дар инҷо метавонем аз хоб дер хезем, дарсҳоямонро тайёр карда, баъд ба мактаб равем. Ба имтиҳонҳои давлатӣ тайёрии хуб бинем.”
Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, аз соли 2000 то 2017-ум 45 ҳазор нафар ба минтақаҳои бехатар кӯчонда шудаанд. Даҳҳо ҳазор хонаводаи дигар дар навбатанд. Масъулон мегӯянд, дар кишвар беш аз сад минтақаи хатарбор барои зиндагӣ ҳаст, ки бояд сокинон аз ин маконҳо кӯчонда шаванд.
Муродбек Муродов, масъули Идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Хуросон, гуфт, “дар деҳаи 30-солагии Истиқлол 67 манзил сохта, зиёда аз 900-920 сокини деҳаи Неъматулло Асадуллоро, ки дар минтақаи хавфнок ҷойгир буд, ба ҷойи навбунёд кӯчондем.”
Ба иттилои расмӣ, танҳо дар соли 2023 дар Тоҷикистон беш аз 550 офати табиӣ рух дода, 51 нафар ҷон бохтаанд. Дар гузориши имсолаи Созмони Милал дар бораи тағйирёбии иқлим Тоҷикистон кишвари осебпазиртарин дар Осиёи Марказӣ гуфта шудааст.
Бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, аз соли 1992 то 2019 дар пайи офатҳои табиӣ кишвар беш аз 1,8 миллард доллар зиён дидааст. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайваста аз хисороти зиёди молии офатҳои табиӣ ибрози нигаронӣ мекунад. Сокинон дар гузашта аз камтаваҷҷӯҳии мақомот шикоят доштанд.
Гуфтугӯ