Расонаҳои русӣ ва афғонистонӣ аз мулоқоти Сергей Шойгу бо муовини нахуствазири ҳукумати Толибон ва вазири дифои ин гурӯҳ, хабар доданд.
Бо вуҷуди он, ки Русия ҳанӯз ҳукумати Толибонро ба расмият намешиносад ва ошкор мегӯяд, ки ҳанӯз хеле барвақт аст, то дар бораи эътирофи ҳукумати Толибон суҳбат шавад, аммо Маскав ва Кобул робитаҳои нисбатан наздик доранд.
Дафтари муовини раиси вазирони ҳукумати Толибон эълон кардааст, ки дар ин дидор робитаҳои сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, транзитӣ ва сармоягузорӣ мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.
Ба гуфтаи дафтари Мулло Бародар, ин мақоми русӣ бо дастури Владимир Путин ба Кобул омад ва дар ин сафар намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон ва муовини нахуствазири он кишвар вайро ҳамроҳӣ мекунанд.
Мулло Бародар дар гуфтугӯ бо Шойгу гуфтааст, ки таваҷҷуҳи сиёсати хориҷии ҳукумати онҳо ба иқтисод равона шудааст ва Афғонистонро ба як маркази ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақа табдил кардааст.
Ба гуфтаи Толибон, Шойгу дар ин нишаст ваъда додааст, ки Маскав Толибонро аз "рӯйхати сиёҳ" берун хоҳад кард. Ҳамчунин ду тараф ба созиш расидаанд, ки кумитаи муштарак барои рушди ҳамкорҳои тиҷоратӣ, транзитӣ ва сармоягузорӣ таъсис диҳанд.
Дабири Шӯрои амнияти миллии Русия дар ҳоле ба Кобул сафар кард, ки дар рӯзҳои ахир диду боздидҳои сиёсӣ дар робита ба Афғонистон афзоиш ёфтааст. Намояндаи вижаи Чин дар умури Афғонистон пас аз боздид аз кишварҳои минтақа, бо мақомоти Толибон дар Кобул мулоқот кард.
Бар асоси гуфтаҳои Толибон, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия аз тарҳи "Афғон-транс", ки Узбекистонро аз тариқи Афғонистон ба Покистон васл мекунад, ҳимоят кард ва гуфт, ки ширкатҳои русӣ алоқаманди сармоягузорӣ дар бахшҳои кӯҳкорӣ, кишоварзӣ ва нақлиёт дар Афғонистон ҳастанд.
Мавлавӣ Абдулкабир, муовини сиёсии нахуствазири ҳукумати Толибон дар дидор бо Сергей Шойгу гуфтааст, ки ҳукумати Толибон мехоҳад Афғонистон дар форматҳои минтақавӣ ҳузур дошта бошад. Вай ҳамчунин гуфтааст, ҳукумати Толибон ба касе иҷозат нахоҳад дод, ки аз хоки Афғонистон алайҳи касе истифода кунад.
Дар мувофиқатномаи Давҳа низ Толибон ваъда дода буданд, ки иҷоза намедиҳанд, то хоки Афғонистон алайҳи дигар кишварҳо истифода шавад ва кишварҳои мухталиф, аз ҷумла, Покистон, аз Толибон хоҳони иҷрои ин ваъдаашон ҳастанд.
Ҳафтаи гузашта намояндаи вижаи Чин дар умури Афғонистон гуфт, ки ҳудуди 20 гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон ҳузур доранд ва вуҷуди онҳо ба Чин ва кишварҳои дигари минтақа таҳдиди амниятӣ аст.
Пеш аз ин, Созмони Милали Муттаҳид гузоришҳое аз ҳузури гурӯҳҳои террористии гуногун, аз ҷумла "Ал-Қоида" дар Афғонистон пешниҳод карда буд.
Гуфтугӯ