Мақомот дар Киев рӯзи 4-уми март хабар доданд, ки дар давоми 24 соати гузашта нирӯҳои украинӣ аз чандин ҳамлаи русҳо ба шаҳри Бахмут пешгирӣ карданд.
Раиси ҷумҳури Украина дар мусоҳиба бо рӯзномаи олмонии "Велт", ки рӯзи душанбеи 20-уми феврал нашр шуд, ҳушдор дод, ки ҳимояти Чин аз Русия дар ҳамлаи низомӣ ба Украина, ба як ҷанги ҷаҳонӣ сабаб мешавад.
Муассиси гуруҳи хусусии низомии Вагнер гуфтааст, неруҳои онҳо деҳаи Красна Ҳора дар вилояти Донетски Украинаро ишғол карданд, ки дар канори шаҳри Бахмут қарор дорад. Яке аз ҳадафҳои аслии неруҳои Русия ишғоли ҳамин шаҳр аст, ки онҷо неруҳои украинӣ сахт муқовимат нишон медиҳанд.
Шиносномаи Русия барои баъзе аз зодагони Қирғизистон дарди сар офаридааст. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, онҳо аз эҳтимоли сафарбарӣ ба ҷанг дар Украина меҳаросанд.
Нахуствазири собиқи Исроил, ки дар рӯзҳои аввали ҷанги Русия дар Украина барои муддати кутоҳе байни ду кишвар миёнҷигарӣ кард, гуфтааст, ки раиси ҷумҳур Владимир Путин ба ӯ ваъда дод, ки Владимир Зеленский ҳамтои украиниашро намекушад.
Манбаъҳои огоҳ рӯзи сешанбеи 24-уми январ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтаанд, ки интизор меравад ҳукумати Амрико рӯзи чаҳоршанбе тасмимашро барои вогузор кардани танкҳои "Abrams" ба Украина эълон кунад.
Вазорати дифои Русия рӯзи 21-уми январ гуфт, дар шаҳри Маскав шеваҳои рафъи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба иншооти низомӣ ва муассисаҳои давлатиро тамрин кардаанд.
Дар Украина як сарбозе, ки бовар меравад, неруҳои Русия дастгираш кардаанд, беному нишон шудааст. Волидони сарбозе, ки дар шаҳри Мариупол дастгир шуд, садои фарзандашонро дар як видео шинохтаанд.
Вазорати дифои Русия гуфт, неруҳои кишвар шаҳри шарқии Соледари Украинаро ишғол кардаанд, ки дар натиҷаи ҷангҳои сахт ба як вайрона мубаддал шудааст.
Дар Украина маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ шуд. Шабакаҳои барқии Украина, “Укрэнерго” дар изҳороте, рӯзи 6-уми январ гуфтааст, ки ҳамарӯза аз соати 8-и субҳ то 23-и шаб барқ хомӯш мешавад.
Ёфтҳои бештар