Манбаъҳои огоҳ рӯзи сешанбеи 24-уми январ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтаанд, ки интизор меравад ҳукумати Амрико рӯзи чаҳоршанбе тасмимашро барои вогузор кардани танкҳои "Abrams" ба Украина эълон кунад.
Ин хабаргузорӣ мегӯяд, Олаф Шолтз, садри аэъзами Олмон низ мувофиқати худро барои фиристодани танкҳои "Леопард" ба Украина эълон карда ва гуфтааст, бо вогузор кардани ин танкҳо аз сӯи кишварҳои дигар ба Украина мухолифате надорад.
Ду манбаи огоҳи амрикоӣ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтаанд, ИМА омодаи додани танкҳои "Абрамз" ба Украина аст. Як мақоми дигари амрикоӣ низ гуфтааст, ин кишвар 30 танки "Абрамз" дар ихтиёри Киев қарор хоҳад дод.
Манбаъҳои огоҳ дар Олмон ҳам гуфтаанд, ки садри аъзами ин кишвар бо додани танкҳои "Леопард 2" ба Украина мувофиқат кардааст ва мухолифате ба тасмими Лаҳистон барои фиристодани чунин танкҳо ба Украина надорад.
Лаҳистон гуфта буд, ки танкҳои ёдшуда сохти Олмон аст ва Берлин бояд ба Лаҳистон, ки харидори танкҳо аст, иҷозати вогузор кардани онро ба кишвари севум бидиҳад. Лаҳистон дархости додани танкҳо ба Украинаро расман рӯзи сешанбеи 24-уми январ ба Олмон пешниҳод кард.
Дар гузоришҳои пешин омада буд, ки Олмон ба ин шарт розигии худро барои супурдани ин навъи танкҳои муосир ба Украина дода буд, ки Амрико низ танкҳои пешрафта, аз ҷумла "Абрамз"-ро ба Киев бидиҳад.
Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, дар ҳоле, ки ҳанӯз Берлин ва Вашингтон ба таври расмӣ ин гузоришҳоро таъйид накардаанд, мақомоти украинӣ мегӯянд, дарёфти чунин танкҳо метавонад боиси тағйир дар ҷабҳаи ҷанг бо Русия шавад.
Андрей Ермук, раҳбари дафтари раёсати ҷумҳури Украина дар ҳисоби корбарии худ дар "Телеграм" навишт, "чанд сад танк барои нерӯҳои мо... ин чизе аст, ки ба мушти воқеии демократия табдил хоҳад шуд".
Киев моҳҳост аз кишварҳои ғарбӣ талаб дорад, ки ба нерӯҳои дифоии Украина танкҳои пешрафта бидиҳанд. Украина мегӯяд, ки чунин иқдом ба нерӯҳояш дар шикасти хати дифои Русия ва бозпасгирии сарзаминҳои ишғолӣ дар шарқ ва ҷануби Украина имкони бештар медиҳад. Олмон то кунун аз иқдоме, ки метавонад боиси бештар шудани таниш бо Маскав шавад, худдорӣ кардааст.
Гуфтугӯ