Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия шеваҳои рафъи ҳамла ба Маскавро тамрин кардаанд


Системаи зиддимушакии Пантсир дар болои боми вазорати дифои Русия.
Системаи зиддимушакии Пантсир дар болои боми вазорати дифои Русия.

Вазорати дифои Русия рӯзи 21-уми январ гуфт, дар шаҳри Маскав шеваҳои рафъи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба иншооти низомӣ ва муассисаҳои давлатиро тамрин кардаанд.

Дар баёнияи вазорат омадааст, дар ҷараёни машқҳои низомӣ системаи пешрафтаи дифои зиддимушакӣ S-300 – ро ҳам истифода бурдаанд. Ба қавли вазорат, ҳангоми тамрин сарбозон ҳамлаҳои гуруҳи шартии харобкор ба корвони низомиро рафъ кардаанд. Дар машқҳо 150 сарбоз ширкат доштаанд, вале вазорат нагуфтааст, ки размоиш маҳз дар кадом минтақаи вилояти Маскав сурат гирифтанд.

Машқҳо чанд рӯз баъд аз нашри аксҳое доир шуд, ки нишон медиҳанд, низомиёни Русия дар боми вазорати дифо дар Маскав ва дигар гӯшаҳои шаҳр системаҳои зиддимушакӣ гузоштаанд. Аксҳои зиёде аз ин системаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезананд.

Дмитрий Песков, сухангӯи ҳукумати Русия аз шарҳи ин аксҳо худдорӣ кард ва дар посух ба ин суол, ки оё Русия бим дорад, ки Маскав метавонад, ҳадаф қарор бигирад, ба хабарнигорон гуфт, барои ҷавоб ба вазорати дифо муроҷиат кунанд. Ӯ рӯзи 20-уми январ гуфт: “Вазорати дифо дар умум масъули таъмини амнияти тамоми кишвар ва бахусус пойтахт аст, аз ин рӯ беҳтар дар бораи тамоми ин тадбирҳои андешидашуда ба вазорат муроҷиат кунед.”

Системаи Пантсир қодир ба маҳви ҳавопаймоҳо низ ҳаст.
Системаи Пантсир қодир ба маҳви ҳавопаймоҳо низ ҳаст.

Кумитаи дифои Думаи Давлатии Русия видео ва аксҳоро сохта номид. Пажуҳишгоҳи Ҷанг, як муассисаи таҳқиқотӣ дар Амрико рӯзи 20-уми январ дар як гузорише дар ин бора гуфт, ки насби системаҳои зиддимушакӣ дар Маскав ба таҳдиди ҳамла аз Украина робитае надорад ва ҳадафи он ангезаҳои дохилӣ аст. Дар ин гузориш омадааст: “Кремл ғолибан системаҳои дифои ҳавоиро дар Маскав ба ин сабаб нашр кардааст, ки тасвири воҳимаангезе дар бораи хатари ҷанг ба Русияро ба ҷомеа нишон бидиҳад.”

Дар гузориш гуфта мешавад, ки Русия бовар надорад, ки Украина ба Маскав ҳамла мекунад, вале Маскав зоҳиран мехоҳад, “аз ин роҳ ҷомеаи кишварро ба як ҷанги дароз ва қурбониҳои бештар омода кунад.” Пажуҳишгоҳи Ҷанг ҳамчунин гуфтааст, гузоштани системаҳои зиддимушакӣ дар Маскав метавонад, нишондиҳандаи он ҳам бошад, ки мақомоти Русия мехоҳанд, хатари Украина бароиРусияро баробар ба хатари Олмон ба Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар замони Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум нишон бидиҳанд.

Дар гузориши ин муассисаи таҳқиқотӣ омадааст:”Мумкин аст, ҳукумат аз ин роҳ мехоҳад, теъдоди тарафдорони ҷанг дар байни мардумро зиёд карда ва онҳоро барои сафарбарӣ дар оянда омода намояд.”

Аксу видеоҳои гузоштани системаҳои зиддимушакӣ дар болои бомҳои баъзе аз муассисаҳо дар маркази Маскуав ва дар наздикии қароргоҳи раиси ҷумҳур Владимир Путин дар Ново- Огорёво ва ҳам дар наздикии фурудгоҳи Остафйево аввали ҳамин ҳафта дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуданд.

Яке аз ин системаҳо бо номи Пантсир S-1 дар болои боми вазорати дифои Русия гузошта шудааст, вале маълум нест, ки онро кай мондаанд. Пештар аз он акси системаи зиддимушакии S-400 дар канори шаҳри Маскав нашр шуд.

Гузоришҳо дар бораи насбу гузоштани системаҳои зиддимушаки ва дифои ҳавоӣ дар боми биноҳо дар Маскав баъд он нашр мешаванд, ки моҳи гузашта ду фурудгоҳи низомии Русия дар шаҳрҳои Рязан ва Саратов садҳо километр дур аз майдонҳои ҷанг дар Украина ҳадафи дрон ва ё паҳпод қарор гирифтанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG