Маликаи Бритониё, Елизаветаи дувум, ки ҳафтод сол бар тахт нишаста буд, шаби 8-уми сентябр дар 96-солагӣ даргузашт. Писараш, Чарлзи 73-сола, подшоҳи Бритониё шуд.
Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар 91-солагӣ даргузашт. Иддае ӯро ба фурӯпошии СССР гунаҳкор мекунанд, дигарон аз поёни ҷанги сард, беруншавии артиши Шӯравӣ аз Афғонистон ва баргузории интихоботи озод дар аҳди ӯ ситоиш мекунанд.
Сокинони деҳае дар шаҳри Турсунзода мегӯянд, 80 дарсади мардонашон тарки ватан карданд ва бори зиндагӣ асосан ба дӯши занон уфтодааст. Дар ин деҳа кӯдакон ва мардони солхӯрдае ҳастанд, ки тавони ба муҳоҷират рафтанро надоранд.
Дар 10-километрии марзи Афғонистон дар ҳудуди деҳаи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон дувоздаҳ сар бузҳои морхӯр ва гӯсфандони бухороӣ парвариш меёбанд.
Таркишу сӯхторҳо гандумзори Украинаро нобуд ва хатари бӯҳрони озуқаро дар ҷаҳон шадидтар мекунанд. Аксари кишварҳо роҳи фавран раҳо кардани ғаллаи муҳосирашудаи Украинаро ҷустуҷӯ доранд.
Раисиҷумҳури Украина Русияро ба ҳамлаи мушакӣ ба як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ дар вилояти Донетск гунаҳкор кард. Владимир Зеленский гуфт, Маскав қасдан аҳолии осоиштаро нишон гирифтааст. Кремлин пайваста ҳамла ба ғайринизомиёнро рад мекунад.
Мардум дар Тоҷикистон мегӯянд, ин шабу рӯз айёми гармтаринро таҷриба мекунанд. Мақомот ҳам рад намекунанд, ки ҳарорат баланд аст ва аз беморону пирон ва хурдсолон хостаанд, ки дар хона бимонанд. Дар Душанбе ин рӯзҳоро чӣ гуна мегузаронанд? Акси ҳамкори Радиои Озодиро бибинед.
Аз эътирози мардуми норозӣ ва амалиёти мақомот дар ноҳияи Рӯшону шаҳри Хоруғи ВМКБ, ки ба иттилои расмӣ 16, вале ба хабари манобеи мустақил беш аз 30 кушта ба ҷой гузошт, зиёда аз як моҳ гузашт. Аксҳои навро аз Бадахшон инҷо бинед.
Рӯзи 2-юми май мусалмонон дар Тоҷикистон ва бисёр кишварҳои дигар иди Фитрро таҷлил карданд. Соати 6 дар масҷидҳо намози ид хонда шуд. Баъд аз ду соли пандемияи COVID-19 имсол намозгузорон бидуни ягон маҳдудият намозро адо карданд.
Ёфтҳои бештар