Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, ки пайваста барои саркӯби дигарандешон дар кишвараш танқид мешавад, рӯзи 11-уми октябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад.
Ҳукумати Суғд рӯзи 18-уми сентябр бо нашри чанд акс аз пайомади даргирӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон, аз созмонҳои байнулмилалӣ ва минтақаӣ хостааст, ба ҳодиса баҳои дурусту ҳақиқӣ диҳанд. Ин аксҳоро дар деҳаҳои наздимарзии Исфара гирифтаанд.
Баъзе аз сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд, ки шоми 16-уми сентябр ва баъди эълони оташбас бар асари ҳамлаи нерӯҳои Қирғизистон "чанд нафар" дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача "захмӣ ва ё кушта шудаанд".
Маликаи Бритониё, Елизаветаи дувум, ки ҳафтод сол бар тахт нишаста буд, шаби 8-уми сентябр дар 96-солагӣ даргузашт. Писараш, Чарлзи 73-сола, подшоҳи Бритониё шуд.
Михаил Горбачёв, раҳбари охирини Иттиҳоди Шӯравӣ, дар 91-солагӣ даргузашт. Иддае ӯро ба фурӯпошии СССР гунаҳкор мекунанд, дигарон аз поёни ҷанги сард, беруншавии артиши Шӯравӣ аз Афғонистон ва баргузории интихоботи озод дар аҳди ӯ ситоиш мекунанд.
Сокинони деҳае дар шаҳри Турсунзода мегӯянд, 80 дарсади мардонашон тарки ватан карданд ва бори зиндагӣ асосан ба дӯши занон уфтодааст. Дар ин деҳа кӯдакон ва мардони солхӯрдае ҳастанд, ки тавони ба муҳоҷират рафтанро надоранд.
Дар 10-километрии марзи Афғонистон дар ҳудуди деҳаи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини Тоҷикистон дувоздаҳ сар бузҳои морхӯр ва гӯсфандони бухороӣ парвариш меёбанд.
Таркишу сӯхторҳо гандумзори Украинаро нобуд ва хатари бӯҳрони озуқаро дар ҷаҳон шадидтар мекунанд. Аксари кишварҳо роҳи фавран раҳо кардани ғаллаи муҳосирашудаи Украинаро ҷустуҷӯ доранд.
Раисиҷумҳури Украина Русияро ба ҳамлаи мушакӣ ба як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ дар вилояти Донетск гунаҳкор кард. Владимир Зеленский гуфт, Маскав қасдан аҳолии осоиштаро нишон гирифтааст. Кремлин пайваста ҳамла ба ғайринизомиёнро рад мекунад.
Ёфтҳои бештар