Паноҳандагони мулкии афғон ба шаҳри Хоруғ расиданд. Дар ин бора Муллораҷаб Юсуфӣ ва Барот Юсуфӣ гузориш медиҳанд.
Тайи як ҳафтаи охир аксар минтақаҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон зери тасарруфи Толибон афтода, беш аз 1500 нерӯи амниятии он кишвар ба тарафи Тоҷикистон фирор кардаанд.
Рӯзи 18 июн дар Эрон президенти нави Ҷумҳурии Исломиро интихоб мекунанд. Раҳбари Олӣ аз сокинон хост, ки ҳатман овоз диҳанд, дар ҳоле, ки бархе баъди роҳ наёфтани бисёр номзадҳои нисбатан озодандеш ба бойкоти интихобот даъват карданд
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон, рӯзи 10-уми июн бо сафари расмӣ ба Душанбе омад. Дар ҷараёни сафари ӯ мақомоти ду кишвар 36 санад, аз ҷумла дар бораи интиқоли бору сафари сокинонро имзо карданд.
Даҳҳо мусофири бандмонда дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 26-уми май аз мақомот талаб карданд, ки мушкили онҳоро ҳал кунанд. Мусофирон мегӯянд, аз ширкати "Северний ветер" билет харидаанд, аммо як ҳафта боз наметавонанд, ба Русия бираванд.
Раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон манъи парвози ҳавопаймоҳои "Северний ветер" ва "Сибир"-ро аз Душанбеву Хуҷанд ба Русия ба нархи гарони билетҳо рабт дод. Намояндагони ширкатҳо мегӯянд, ин иддао дуруст нест.
Садҳо мусофир дар фурудгоҳи Душанбе ва Хуҷанд як ҳафта боз имкони парвоз ба Русияро надоранд.
Назирмад Мӯсоев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, ки дар синни 69-солагӣ ва ҳангоми кор дар утоқи студияи филмсозии “Хатлон синамо” ҷон дод.
Намози иди Фитр дар масҷидҳои Тоҷикистон соати 6-и субҳи 13-уми май хонда шуд. Мусалмонони Тоҷикистон баъд аз хуруҷи бемории COVID-19 бори нахуст дастаҷамъона дар масҷидҳои кишвар ҷамъ омада, иди Фитрро истиқбол карданд.
Рӯзи 12 май дар Қазон ва манотиқи мухталифи Тотористон маросими хоксупории қурбониёни тирандозии рӯзе пеш баргузор шуд. Дар ҳамла ба гимназияи 175-уми шаҳри Қазон ҳафт талаба ва ду омӯзгор кушта шуданд
Боронҳои сахт ва давомдор рӯзи 11-уми май сабаби сарозер шудани сел дар бисёре аз минтақаҳои Хатлон шуд. Бештари харобиҳо дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сабт шудааст.
Ёфтҳои бештар