Субҳи 20-уми июл дар ҳама масҷидҳои шаҳри Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон намози Иди Қурбон хонда шуд. Ин бори аввал аст, ки намози Иди Қурбон дар шароити пандемия баргузор мешавад.
Як қисмати бузурги Олмони Ғарбӣ аз боронҳои шадиди шаби 15-уми июл осеб дид, ки боиси обхезиҳои ногаҳонӣ шуд, биноҳо варон шуд, мошинҳоро об бурд. Субҳи 16-уми июл шабакаи иттилоотии АRD-и Олмон хабар дод, ки бар асари борону сел дар минтақаҳои ғарбии ин кишвар камаш 81 нафар ба ҳалокат расид.
Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегӯянд, дар пайи ишғол шудани чанд минтақаи наздимарзии Афғонистон аз сӯи Толибон, беш аз ҳазор афғонистонӣ дар қаламрави кишвар паноҳанда шудаанд.
Паноҳандагони мулкии афғон ба шаҳри Хоруғ расиданд. Дар ин бора Муллораҷаб Юсуфӣ ва Барот Юсуфӣ гузориш медиҳанд.
Тайи як ҳафтаи охир аксар минтақаҳои марзии Афғонистон бо Тоҷикистон зери тасарруфи Толибон афтода, беш аз 1500 нерӯи амниятии он кишвар ба тарафи Тоҷикистон фирор кардаанд.
Рӯзи 18 июн дар Эрон президенти нави Ҷумҳурии Исломиро интихоб мекунанд. Раҳбари Олӣ аз сокинон хост, ки ҳатман овоз диҳанд, дар ҳоле, ки бархе баъди роҳ наёфтани бисёр номзадҳои нисбатан озодандеш ба бойкоти интихобот даъват карданд
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбекистон, рӯзи 10-уми июн бо сафари расмӣ ба Душанбе омад. Дар ҷараёни сафари ӯ мақомоти ду кишвар 36 санад, аз ҷумла дар бораи интиқоли бору сафари сокинонро имзо карданд.
Даҳҳо мусофири бандмонда дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 26-уми май аз мақомот талаб карданд, ки мушкили онҳоро ҳал кунанд. Мусофирон мегӯянд, аз ширкати "Северний ветер" билет харидаанд, аммо як ҳафта боз наметавонанд, ба Русия бираванд.
Раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон манъи парвози ҳавопаймоҳои "Северний ветер" ва "Сибир"-ро аз Душанбеву Хуҷанд ба Русия ба нархи гарони билетҳо рабт дод. Намояндагони ширкатҳо мегӯянд, ин иддао дуруст нест.
Садҳо мусофир дар фурудгоҳи Душанбе ва Хуҷанд як ҳафта боз имкони парвоз ба Русияро надоранд.
Ёфтҳои бештар