Мирҳусайн Назриев ба Радиои Озодӣ гуфт, 11-уми июл вақте намояндагони идораи сохтмони роҳу пулҳои Душанбе барои тахриби манзили ӯ меоянд, писаронаш қарори додгоҳ талаб мекунанд.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони шинохта ва муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон боздошт шудааст.
Ду ҷавони нобино дар вилояти Хатлон се сол боз наметавонанд маблағи фурӯши мошинашонро ба даст оранд. Соли 2021 як ҷавон мошини Хуршед ва Валиҷонро бо 62 ҳазор сомонӣ харид, вале 56 ҳазорашро надод.
Мақомоти Узбекистон алайҳи як рӯзноманигори тоҷикзабони ин кишвар бо иттиҳоми паҳн кардани «маводе, ки ба амнияти ҷамъиятӣ таҳдид мекунанд», парванда кушодаанд. Салим Иномзода рӯзноманигор ва муттасаддии гурӯҳи "Тоҷикони Узбекистон" дар Фейсбук 13-уми июл боздошт шудааст.
Гурӯҳе аз сокинони Хуҷанд аз тасмими тахриби як бинои қадимӣ нороҳат шудаанд.
Як сокини ноҳияи Ёвон даъво дорад, ки корманди милисаи шаҳри Хуҷанд писарашро бо гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт карда, барои озодиаш пул талаб кардааст. Аммо пулис шикояти занро рад мекунад.
Идораи назорати тағйири иқлим дар Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, моҳи июни соли равон гармтарин июн аз замони назорати ҳаво будааст.
Мақомоти интизомӣ Бобохон Абдураҳмонов, сардори яке аз дармонгоҳҳои Кӯлоб ва ва мудири шуъбаи тандурустии ҳукумати шаҳрро бо иттиҳоми авбошӣ боздошт кардаанд.
Дар Тоҷикистон имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳ ва коллеҷҳо шуруъ шуд. Тибқи омори Маркази милли тестӣ, баръакси соли гузашта имсол шумораи хоҳишмандони таҳсил дар мактабҳои олии Тоҷикистон зиёд шудааст. Як сабаби ин вазъ камтар шудани орзумандони таҳсил дар хориҷа, махсусан Русия будааст.
Бисёре аз занон дар деҳаи Сомғор, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон, барои кори саҳро ва кашондани об дигар аз хару ароба истифода намекунанд. Онҳо ба "мотороллер" рӯй овардаанд. Сечархаи сохти Чин, ки газу сӯзишворӣ наметалабад.
Дар гузориши нави Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар мавриди мубориза бо қочоқи инсон нишондодҳои Тоҷикистон як зина бадтар шудаанд. Гузоришро рӯзи 24-уми июн котиби давлатӣ Энтони Блинкен дар Вашингтон муаррифӣ кард. Он вазъи қочоқи инсонро дар соли 2023 дар бар мегирад.
Навори ҳаракатҳои мавзуни гурӯҳе аз раққосон дар пасманзари қолинҳо бо нақши қазоқӣ дар юрта ё хаймаи бодиянишинҳо дар Қазоқистон баҳбарангез шуд.
Ёфтҳои бештар