Дар Узбекистон тарҳеро омода кардаанд, ки дар сурати пазируфта шудан монеи никоҳи хешовандони наздик хоҳад гашт. Тоҷикистон 8 сол пеш издивоҷи амакбачаву аммабачаҳоро манъ кард. Мақомот мегуфтанд, чунин издивоҷ сабаби асосии таваллуд шудани 30%-и кӯдакони бемору маъюб аст. Дар Узбекистон чӣ мегӯянд?