Бархе ҳунармандонро дастгирӣ ва гурӯҳи дигар ин амали онҳоро маҳкум намуда, гуфтанд, хонаи бодиянишинҳо ҷойи баданҷумбонӣ нест.
Аида Балаева, вазири фарҳанг ҳам ба ин баҳсу ҷанҷол ҳамроҳ шуд ва гуфт, "чунин наворҳо метавонад сабаби тафриқаандозӣ ва нооромӣ дар ҷомеа шавад.” Ӯ ин рақсро иғвоангезӣ ва мухолиф ба фарҳанги мардуми қазоқ номид.”
Ибораи “арзишҳои миллӣ” аз сӯйи мансабдорон дар Қазоқистон ҳоло серистифода шудааст. Ин истилоҳ дар қонуни нав дар бораи воситахои ахбори омма низ ворид шудааст. Аммо дар тарҳи қонун дақиқ гуфта нашудааст, ки ин арзишҳо аз чӣ иборатанд.
Диана Окремова, раҳбари бунёди як Маркази ҳуқуқӣ дар Қазоқистон мегӯяд, “ҳар мафҳуми норушану нофаҳмо дар қонун метавонад аз сӯйи мақомоти давлатӣ ба шакли дигар тафсиру сӯистифода шавад ва табиист, ки он ба маҳдудсозии озодии баён ва нақзи ҳуқуқи одамон мерасонад.”
Видеоро инҷо бинед:
Навори рақс дар юрта дар Қазоқистон торафт ҷанҷолбарангез шуда, то ба порлумон роҳ ёфт. Вакилони қазоқ аз мақомоти қудратӣ хостанд, дар ин робита чораандешӣ кунанд.
Самат Мусабаев, вакили порлумони Қазоқистон гуфт: "Тавҳин ба шаъни миллат, думра, юрта, либоси миллӣ ва ғизо бояд ҳамчун таҳқир, тамасхур, ҷинояте арзёбӣ шавад, ки бо ҳадафи бадном кардани миллат анҷом шудааст. Барои ин бояд ҷазо пешбинӣ шавад. Мо аз Додситонии кул ва Кумитаи Амният хоҳиш мекунем, ки ба ин навор баҳои ҳуқуқӣ дода, чораҳои мушаххас андешанд.”
Яке аз онҳое, ки бо пояфзоли пошнабаланд дар юрта мерақсид, хореографи қазоқ Алишер Султонбеқкулӣ буд. Вай дар шабакаи иҷтимоӣ ин мавзӯъро шарҳ дод ва гуфт, иштибоҳе накардааст.
“Ман фикр намекунам, ки ин навор таҳқир ба суннатҳои мо бошад. Эҷодкори ҳамин аст. Ба фикри ман дарки одамони эҷодкор барои мардуми оддӣ мушкил аст. Эҷодкорон дунёи тамоман дигар доранд. Он ҷо ҳама чӣ ба шакли дигар аст,”—гуфт ӯ.
Ҳомии ҳуқуқ, Диана Окремова бо интиқод аз маъракаи мубориза барои ба истилоҳ “арзишҳои анъанавӣ” мегӯяд, мақомдорони қазоқ барои ҳалли мушкилоти муҳимтари ҷомеа чунин талош намекунанд.
“Мо мебинем, ки солҳои зиёд ҷомеаи мо хушунат нисбат ба занону кӯдаконро таҳаммул мекунанд. Мо ба фасод одат кардаем. Бо кадом сабабе инро мо чун нақзи арзишҳои умумиинсонӣ қабул намекунем. Вале дар айни замон мавзӯҳое мисли “арзишҳои анъанавӣ” ҳоло хеле муҳим шудаанд,”—гуфт ӯ.
Гуфтугӯ