Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи сокинони Хоҷаи Аъло (Исфара, Тоҷикистон) ва Куктош (Бодканд, Қирғизистон)-ро дар наздикии дарғот ё Маркази тақсими оби "Головной" дар марз шарҳ доданд. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи 28-уми апрел рӯй дод, аз ду тараф чандин кас захмӣ шуда, баъзе аз онҳо дар шифохона ҳастанд.
Бино ба изҳороти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки шаби 28-уми апрел нашр шуд, дар ин ҳодиса "шаҳрвандони Қирғизистон ба ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ба сангпартоӣ пардохтанд ва дар натиҷа 7 сокини Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд."
Ҷониби Қирғизистон гузориш дод, ки ду нафар аз қисми сар захмӣ шуда, ба беморхонаҳо интиқол ёфтанд. Дар ҳамин ҳол, баъзе аз хабаргузориҳои қирғизӣ бо такя ба мақомоти Вазорати тандурустии Қирғизистон иттилоъ доданд, ки дар ин муноқиша чаҳор нафар захмӣ шуда, ба бемористон интиқол ёфтаанд. Вазорати тандурустии Қирғизистон вазъи сиҳатии онҳоро муътадил гуфтааст, аммо вазъи як нафар аз захмиён, ки ба бемористони Лайлак интиқол ёфтааст, "вазнин" арзёбӣ шудааст.
Нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон сабаби муноқишаро дақиқ нагуфтааст. Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон дар изҳороте онро "насби дурбинҳои назоратӣ дар симчӯбҳои барқ аз ҷониби Тоҷикистон" дар наздикии Маркази тақсими об номид.
Тоҷикистон бо насби ин дурбин мехоҳад, ҷараёни тақсими баробар ва одилонаи обро назорат кунад. Ба иттилои сокинони Хоҷаи Аъло, қаблан дар он ҷо мақомоти Қирғизистон низ чунин дурбин часпонда буданд, вале сарҳабонони кишвари ҳамсоя ба насби дурбин аз ҷониби Тоҷикистон мухолифат кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, "иншооти мазкур аз нуқтаҳои аҳолинишин, аз ҷумла, деҳаҳои Куктош ва Оқсойи ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон дар масофаи хеле дур воқеъ мебошад. Ба ин нигоҳ накарда, раиси ноҳияи мазкур Ақилбек Орозов сокинони гирду атрофи нуқтаҳои аҳолинишинро ҷамъ оварда, барои муноқиша бо ҷониби Тоҷикистон сафарбар намудааст.Тибқи харитаи солҳои 1924-1927 ва 1989 иншооти мазкур пурра дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, соли 1968 дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ барои обёриии шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон истифода мешуд."
Дар изҳороти Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон иддао шудааст, ки "аз ҷониби Қирғизистон дар байни сокинони барои таҳрики муноқиша сафарбаршуда, хидматчиёни воҳидоти таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ бар зидди сокинони осоиштаи маҳаллии тоҷикзабон истифода шуданд."
Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба ин бахши изҳороти ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз вокуниш накарда, вале дар баёния гуфтааст, "ҳангоми насби дурбини дувум, марзбонон ва кормандони полис ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, талаб карданд, кор қатъ карда шавад. Тақрибан соати 12.25 дар деҳаи Тоҷикистони Хоҷаи Аъло эҳтимол аз милтиқи шикорӣ тир кушода шуд."
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, аз ду ҷониб садои тирандозиро шунидаанд. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтанд.
Ба фарзияи ҷониби Қирғизистон, дертар мулоқоти намояндагони марзии ду кишвар баргузор шуда, ҷонибҳо ба хулосаи ягона омада натавонистанд ва, сипас, сокинон ба тарафи якдигар санг партофтанд.
Сокинони Хоҷаи Аъло гуфтанд, ки дар сангандозӣ камаш 15 нафар захмӣ шуда, ҳашт касро ба шифохона бурдаанд. Ашӯрбой Сафаров, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло, рӯзи 28-уми апрел гуфт: "Ба сари ман ҳам як санг зад. Сарам кафид, ҳамроҳи як рафиқи дигарам ба беморхона рафтем."
Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ҳоло вазъ ба эътидол омада, мардуми ду тараф пароканда карда шуданд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон низ вазъро дар марз муътадил арзёбӣ кардааст.
Рӯзи 17-уми апрел низ дар марзи Исфараву Бодканд миёни шаҳрвандони ду кишвар бар сари тақсими об баҳс рух дода буд. Он замон кормандони Идораи оби Бодканд дар ҷамоати Оқсой бозсозии маркази асосии обтақсимкунӣ дар дарёи Оқсуро оғоз карданд, вале марзбонони тоҷик талаб кардаанд, корро қатъ кунанд.
Баъдан, рӯзи 22-юми апрел, намояндагони идораҳои оби се кишвар – Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистон – дар вилояти Фарғона масъалаи тақсими об аз маркази "Головной"-ро баррасӣ карда буданд.
Ин нахустин муноқишаи сокинони атрофи Маркази тақсими об набуда, дар моҳи январи соли 2014 байни Тоҷикистону Қирғизистон даргирӣ сурат гирифт ва дар он ҳодиса аз ду тараф нӯҳ кас маҷруҳ шуд. Маркази тақсими обро солҳои 60-ум сохтаанд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 900 километр сарҳад доранд, вале бо гузаштаи солҳо қисме аз онро таъину аломатгузорӣ карда наметавонанд. Минтақаҳои баҳсӣ ва номуайн сари чанд вақт сабаби задухӯрди сокинону нирӯҳои ду кишвар мешавад.