Аз соли 1999 корманди Радиои Озодист. То соли 2001 дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият дошт ва ҳоло дар шаҳри Прага кору зиндагӣ мекунад. Соли 1974 дар шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Пас аз хатми бахши суханшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1997 ба ҳайси хабарнигор дар телевизиони "Пойтахт" ва сипас хабаргузориву нашрияи "Азия-Плюс" кор кардааст.
Ба тозагӣ китоби Фиона Наим, донишманди улуми инсоншиносии Донишгоҳи Ҳумболдти Олмон, нашр шуд, ки ба таърихи фарҳангиву сиёсии мардуми Бадахшон таваҷҷӯҳ кардааст. Номи китоб “Дунёи зиндагии помириҳо. Хотираҳо ва густастагӣ дар ВМКБ-и Тоҷикистон” аст ва онро мешавад дар “Амазон” пайдо кард.
Бо гузашти тақрибан як ҳафта аз қатли Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик дар вилояти Маскав, ҳеч яке аз раҳбарони баландпояи Русия ин ҳодисаро ошкоро маҳкум накардаанд. Чанде аз намояндагони миллатҳои ғайрирус гуфтанд, ки ин фоҷиа оқибати бадгӯиҳои сиёсатмадорони Русия нисбат ба ғайрирусҳост.
Як пажуҳиши нав нишон додааст, ки пули фиристодаи муҳоҷирон манбаи асосии даромади оилаҳои зиёде дар Тоҷикистон буда, бе он мумкин аст, зану фарзанду волидони онҳо гурусна монанд.
Як таҳқиқи нави гурӯҳе аз табибону донишмандон нишон додааст, ки ҳарчанд издивоҷи хешутаборӣ дар Тоҷикистон камтар шуд, ҳанӯз ҳам ташвишовар ё нигаронкунанда мемонад.
Шаҳзодаи Самарқандӣ (Шаҳзода Назарзода), рӯзноманигор ва нависандаи тоҷики муқими Ҳолланд, ки ҳуқуқи одамон, бавижа занону духтарон, дар эҷодиёташ мавзӯи асосӣ аст, рӯзи 19-уми ноябр панҷоҳсола шуд.
Вакилони мардумии Русия бо баҳсу баррасии зиёд ва баёнияҳои олуда ба таҳқир дар ҳаққи муҳоҷирон тарҳи қонунеро қабул карданд, ки мактабҳоро ӯҳдадор месозад, ҳамаи иттило дар бораи фарзандони муҳоҷиронро ба вазорати умури дохилӣ бидиҳанд.
Як гузоришгари Созмони Милал аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки Рухшона Ҳакимова, хабарнигори зиндониро фавран озод кунад, чун муҳокимаи ӯ бо қонуншиканӣ ва мухолиф ба меъёрҳои байналмилалӣ, сурат гирифтааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон зери қонуне имзо гузошт, ки ба хатмкардаҳои донишгоҳҳо имкон медиҳад, ҳангоми хидмат дар артиш дар муддати се моҳ рутбаи афсарӣ бигиранд.
Дидбони Ҳуқуқи Башар, як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, дар гузориши наве гуфтааст, ки пас аз ҳамла ба толори консертии "Крокус", муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ пайваста дар Русия озору азият мешаванд. Муаллифон аз ҳукумати Русия хостаанд, нагузорад, ки ҳуқуқи муҳоҷирон зери по шавад.
Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар таҳқиқоти наве гуфтааст, ки пас аз ҳамла ба толори консертии “Крокус”, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия пайваста таъқиб ва озору азият мешаванд.
Агар президент, ё масалан вазири корҳои дохилӣ, ё фарз кардем додситони кулли Тоҷикистон зан мебуд, чӣ мешуд? Ё фақат бояд мардҳо раису вазиру президент бошанд? Медонед, ки имрӯз дар миёни 14 вазир дар кишвар танҳо 2 нафар зан ҳастанд. Чаро? Барномаи "Салом, хоҳар" дар ҳамин бора аст.
Дар рӯзи 8-уми март, ки дар Тоҷикистон “Рӯзи Модар” таҷлил мешавад, ҳама ҷо васфи бонувонро мекунанду аз бузургии мақоми онҳо мегӯянд.
Интихобот чист? Интихобот дар ҷомеа ба мардум имкон медиҳад, раҳбарону вакилони кишварашонро интихоб намоянд ва рафтору сиёсатгузориҳои онҳоро мутобиқ ба хостаҳои худ дигар кунанд.
Гузориши зер аз барномаи Салом, хоҳар аст ва ёдрас мекунем, ки сӯҳбатҳои бисёр маҳрамона дорад ва мумкин аст, барои баъзеҳо нохушоянд бошад.
Дар ин барномаи Салом хоҳар ба моҷарои ҷуфте дар масъалаи бакорат рӯ меорем. Баҳси ба истилоҳ “нодухтарии” як бону, ки то додгоҳ кашида шуда, баъди муҳокимаҳои батакрор ба фоидаи зан анҷом ёфт. Чаро ба ин мавзӯи барои ҷомеаи Тоҷикистон ҳассос рӯ овардем?
Ёфтҳои бештар