Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирон намехоҳанд ё мардуми Русия? Таҳқиқи канорагирии муҳоҷирон аз ҷомеаи Русия


Ду донишманди тоҷик ва рус дар як мақолаи илмӣ дар бораи ҳамоиши муҳоҷирон ба ҷомеаи Русия навиштаанд, ки рафтор ва муносибати ҳам муҳоҷирон ва ҷомеаи мизбон сабаби бегонагӣ ва ба шеваи зиндагӣ дар Русия мутобиқ нашудани муҳоҷирон аст.

Убайдулло Баҳриев, унвонҷӯи Академияи кор ва муносибатҳои иҷтимоӣ дар Маскав ва Полина Ананченкова, ҷомеашиноси муқими ин шаҳр гуфтаанд, яке аз сабабҳои ин мушкил, дар худи ҷомеаи Русия аст, ки майл надорад бо онҳое, ки корҳои сиёҳу арзон мекунанд, муошират ва муносибати наздик дошта бошад.

Дар ин мақола, ки дар Маҷаллаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба тозагӣ нашр шудааст, омадааст, солҳои дароз аст, ки муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ дар Русия дар маҳаллаҳои хос ва ҷудо аз мардуми маҳаллӣ зиндагӣ мекунанд ва ба ҷомеаи Русия ҳамоиш наёфтаанд.

Онҳо фақат бо ҳамдигар муоширату рафтуо мекунанд, бо мардуми таҳҷоӣ зиёд дар тамос нестанд. Дар ин ҳолат, ба гуфтаи муаллифон, зарурати омӯхтани фарҳангу забон ва урфу анъанаҳои кишвару миллати мизбон кам мешавад, ки хуб нест. Айни замон, ба қавли муаллифони мақола, чунин навъи муҳоҷирати корӣ барои мардуми кишвари мизбон ҳам муносиб аст, зеро муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон барои онҳо нерӯи кории арзон ба ҳисоб мераванд, ҳаргуна кори сиёҳро анҷом медиҳанд ва аз ин муносибат бо ин табақа зиёд барои мардуми маҳаллӣ муҳим нест.

Азбаски ҳадафи асосии сиёсати муҳоҷиратии Русия ҷалби коргарони мавсимӣ аз ҳисоби муҳоҷирон аст, қонунгузории кишвар ба ҳамоиши муносиби муҳоҷирон бо ҷомеа мусоидат накардааст. Бино ба оморҳои расмӣ, дар Русия бештар аз 5 миллион муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кору иқомат мекунанд. Як сабаби дурӣ ҷустани онҳо аз мардуми маҳаллӣ ва ҷудо мондани онҳо аз ҷомеа, ба гуфтаи муаллифони мақола, матбуоти муҳоҷирситези Русия аст, ки дар зеҳни мардуми кишвар дар бораи муҳоҷирон тасаввури манфӣ офаридаанд ва аз ин сабаб онҳо худашон ҳам намехоҳанд, муҳоҷирон ба ҷомеаи Русия ҳамоиш ёбанд.

Муҳоҷирон намехоҳанд ё мардуми Русия? Таҳқиқи канорагирии муҳоҷирон аз ҷомеаи Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:06 0:00

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, матолиби расонаҳои Русия аксар вақт муҳоҷиронро сабаби тамоми балову бадбахтиҳо дар кишварашон ҷилва медиҳанд, агарчӣ чунин нест. Дар матбуоти Русия масъалаи муҳоҷирон, ба гуфтаи ҷомеашиносон, бештар сари ҷинояткории онҳо ва табъизомез сурат мегирад ва на дар бораи роҳҳои коҳиш додани қонуншиканӣ дар байни онҳо. Дар расонаҳои русӣ муҳоҷиронро гурӯҳе бегонагони шубҳабарангезе нишон медиҳанд, ки беҳтар аст, онҳоро ба Русия камтар роҳ диҳанд ва ё аслан роҳ надиҳанд.

Омилҳои дигари ҳамоиш наёфтани муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, ба гуфтаи муаллифони мақола, худи муҳоҷирони ҷавон ҳастанд, ки забони русиро дуруст намедонанд, ихтисоси зарурӣ дар бозори кори Русияро надоранд. Гузашта аз ин, кӯшиш ҳам намекунанд, ба ҷомеаи Русия ҳамоиш ёбанд, зеро фақат барои кори муваққатӣ меоянд, то барои хонавода пул ҷамъ кунанду ба хона баргарданд.

Муаллифони мақола бо такя ба таҳлиле дар бораи забондонии муҳоҷирон аз Тоҷикистону Узбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон гуфтаанд, ки тақрибан 78 дар сади муҳоҷирон забони русиро ба қадри кофӣ медонанд, 20 дар сади онҳо бо ин забон дуруст муошират карда наметавонанд ва 2,7 дар сади онҳо тамоман дар ҷойи кор бо забони русӣ гуфтугӯ намекунанд, чун забонро намедонанд.

Муаллифони мақолаи илмӣ бо пешниҳоди чанд роҳи ҳамоиши муҳоҷирон ба ҷомеаи Русия гуфтаанд, ҳар иқтисоди пешрафтае ба дасти муҳоҷирони корӣ эҳтиёҷ хоҳад дошт ва сахттар кардани сиёсатҳои муҳоҷират, ки Русия ҳоло пеш гирифтааст, роҳи кӯтоҳмуддати ҳалли мушкилоти муҳоҷират аст, вале дар ояндаи дур мумкин аст, сабаби фалокатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ шавад.

Соли 2024 мақомот бештар аз 80 ҳазор хориҷӣ ва аз ҷумла 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикро аз Русия ронданд ва дар даҳҳо вилоят муҳоҷиронро аз ҳаққи кор дар соҳаҳои гуногун маҳрум карданд. Бештар аз 1 миллион аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия кору иқомат мекунанд ва солона даҳҳо ҳазор нафари онҳо ҳаққи шаҳрвандии Русияро ба даст меоранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG