Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзёбии нав: нерӯгоҳи Роғун қудратмандтар мешавад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мутахассисони хориҷӣ ва мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, нерӯгоҳи барқи обии Роғун баръакси арзёбиҳои пешина қудратмандтар мешавад ва метавонад солона тақрибан 14 миллиарду 500 миллион киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад.

Бар асоси тарҳи асосӣ ва арзёбии байналмилалии соли 2014, нерӯгоҳи Роғун бо шаш агрегати 600-мегаваттӣ қодир ба истеҳсоли 14 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ мешуд, аммо арзёбии нав нишон додааст, ки нерӯгоҳи азимтарини Тоҷикистон аз ончи ки қаблан пешбинӣ мекарданд, қудратмандтар мешавад.

Дар арзёбии навшудаи таъсири экологӣ ва иҷтимоии Роғун, ки онро ҶСК “НБО Роғун” анҷом додааст, омадааст, бо назардошти истифодаи технологияҳои нав иқтидори ҳар агрегат ба 630 мегаватт расонда мешавад ва дар натиҷа тавоноии неругоҳ аз 3600 мегаватти пешбинишуда то ба 3780 мегаватт зиёд хоҳад шуд.

Арзёбии навро, ки бо мусоидати Бонки Ҷаҳонӣ омода шудааст, ҳукумат моҳи август нашр кард ва ҳадафи он ҷалби сармояи хориҷӣ ва зудтар ёфтани пул барои сохтмон аст, ки ҳукумат сахт ба он эҳтиёҷ дорад.

Чанде пеш нашрияи русии "Независимая газета" навишт, ки ояндаи нерӯгоҳи азими "Роғун" таҳти суол қарор гирифтааст, чун баъзе аз сармоягузорони асосии нерӯгоҳ дар бораи ояндаи он эроду мулоҳизот доранд ва, аз ҷумла, Бонки Ҷаҳонӣ ба ҳамин сабаб ҷудо кардани пулро барои нерӯгоҳ ба таъхир андохтааст.

Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам баъдан ба маҳалли сохтмон рафт ва аз мақомот хост, ки талошҳоро барои гирифтани пул аз сармоягузорон дучанд кунанд. Дар арзёбии тоза омадааст, ҳадафи он “риояи қонунгузорӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, инчунин талаботи қарздиҳандагон, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ аст, то ки маблағгузорӣ барои анҷом додани сохтмон дастрас шавад.”

Айни замон кор дар нерӯгоҳ идома дорад ва, ба гуфтаи мақомот, дар Роғун ҳоло бештар аз 18 ҳазор нафар коргару муҳандисон кор мекунанд. Ҳоло сарбанди 335-метриро то ба сатҳи 145 метр расонидаанд. Ба гуфтаи ҳукумат, моҳи январи имсол ширкати "Фойт ҳайдро" дар Олмон ба тавлиди чархаи нави Роғун оғоз кардааст ва онро бояд то моҳи сентябри соли 2027 насб кунанд, ки ба маънии ба кор андохтани чархаи саввуми нерӯгоҳ мешавад.

Мутахассисони хориҷӣ мегӯянд, нерӯгоҳи "Роғун" қудрати тавлиди нерӯйи бештар доштааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:44 0:00

Дар ин гузориши беш аз 500-саҳифаӣ омадааст, ки ҳадафи арзёбӣ муайян кардани таҳдидҳои эҳтимолӣ, ки аз ҷумла аз тарафи “ҳамлакунандагон ё рақибоне равона шудааст”, ки метавонанд ба тарҳ зарар расонанд. Таҳдидҳо, ба қавли мутахассисон, қасдан осеб ва зарар расондан ба тарҳи Роғун маҳсуб мешаванд.

Таҳдидҳоро ба панҷ табақа тақсим кардаанд, ки терроризм ва харобкорӣ низ аз ҷумлаи онҳо будааст. Дар арзёбӣ омадааст, ки Тоҷикистон, ки дар Осиёи Марказӣ воқеъ аст, “бо мушкилоти мураккаби амниятӣ рӯ ба рӯ мешавад, ки аз сарчашмаҳои гуногун, аз ҷумла терроризм, ҷинояткории муташаккил ва ноустувории минтақавӣ сарчашма мегирад. “Ин таҳдидҳо барои сохтмони сарбандҳо, ки кори зиёде дар онҳо ҷараён дорад ва аз ҷумла барои чархаҳои нерӯгоҳ оқибатҳои ҷиддӣ доранд.

Як таҳдиди дигар рахнагарӣ ваё, ба қавли мақомот, ҷиноятҳои сайберӣ ва ё кибернетикӣ аст, ки барои зербунёдҳои муҳими Тоҷикистон, аз ҷумла сарбандҳо ва сарбанди Роғун хатари ҷиддӣ доранд. Дар кишвар афзоиши таҳдидҳои сайберӣ мушоҳида мешавад: қариб 61 % корбарон бо таҳдидҳои сайберӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар байни кишварҳои Муштаракулманофеъ мебошад.

Дар ин арзёбӣ омадааст, “Роғун, яке аз бузургтарин таррҳои зербунёдӣ дар Тоҷикистон, махсусан дар баробари ҳамлаҳои кибернетикӣ осебпазир аст. Сарбанд, ки интизор меравад, пас аз ба итмом расидани сохтмон баландтарин дар ҷаҳон бошад, барои амнияти энергетикӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон аҳамияти ҳаётӣ дорад.

Аммо вобастагии он аз системаҳои идораи рақамӣ онро дар муқобили таҳдидҳои сайберӣ осебпазир мекунад. Ҳамлаи бомуваффақияти сайберӣ метавонад сарбандро вайрон кунад, ки боиси қатъи нерӯи барқ гардад ва ба миллионҳо одамоне, ки аз нерӯи барқи сарбанд вобастаанд, таъсир расонад.

Илова бар ин, қатъи истеҳсоли нерӯи барқ метавонад на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кишварҳои ҳамсоя, ки аз содироти нерӯи барқ вобастаанд, талафоти назарраси иқтисодӣ ба бор орад”.

Воқеан ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, Роғун дар сурати итмоми сохтмонаш дар соли 2032 бузургтарин нерӯгоҳи минтақа мешавад ва метавонад, дар таъмини Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо нерӯи барқи тоза мусоидат кунад. Ҳадаф аз арзёбии нав ҳам омода шудан ба ҳама гуна таҳдидҳои эҳтимолие аст, ки бояд аз он ҷилавгирӣ шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG