Дар рӯзи 8-уми март, ки дар Тоҷикистон “Рӯзи Модар” таҷлил мешавад, ҳама ҷо васфи бонувонро мекунанду аз бузургии мақоми онҳо мегӯянд.
Созмонҳои байнулмилал мақом ва ҳузури ин қишрро, ки тақрибан нисфе аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, дар мақомҳои раҳбарӣ ва тасмимгириҳои муҳими кишвар нокофӣ медонанд.
Беш аз 24 дарсад аз курсиҳои раҳбарӣ дар Тоҷикистон дар дасти занон будааст: Ду зан вазир, як зан муовини сарвазир, 22 зан дар сатҳи раис ва муовини раҳбарони кумитаву вазоратҳо, беш аз 80 зан додрас.
Раиси дастгоҳи иҷроияи президент ва як сафири Тоҷикистон ҳам зан, дақиқтараш духтарони президент Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд.
Ин оморест, ки ҳукумат дар гузорише ба Кумитаи маҳви табъизи занони Созмони Милал пешниҳод кардааст. Дар ин гузориш, ки вазъи занон дар солҳои 2022 ва 2023-ро арзёбӣ кардааст, мақомот гуфтаанд, сафи бонувон дар мақомҳои раҳбарӣ бештар шуд.
Кумитаи маҳви табъизи занони Созмони Милал дар гузориши худ ҳамоно аз кам будани нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ ва мақомҳои раҳбарӣ ба Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Муаллифони гузориш ба ҳукумат тавсия додаанд, ки теъдоди занони раҳбарро то 50 дарсад боло барад.
Онҳо бо таассуф гуфтаанд, дар кишвар ин боварҳои куҳнаву шахшуда, ки занон қобилияти раҳбарӣ надоранд, ҳифз шудааст ва аз мақомот хостаанд, нобаробарии гендериро дар тақсими курсиҳои раҳбарӣ аз байн баранд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 7-уми март гуфт, 25 дарсади хидматчиёни давлатиро занон ташкил медиҳанд. Ба иттилои ӯ, “73 фоизи кормандони соҳаи маориф” ва “71 дарсади кормандони соҳаи тиб” ҳам занон будаанд.
Шикоят аз камбуди занон дар мақомҳои раҳбарӣ дар ҳолест, ки ба гуфтаи баъзе аз таҳлилгарон мушкил на дар шумораи занони раҳбар, балки дар камранг будани нақши онҳо дар тасмимгирӣ ё қарорҳои муҳим аст. Ба гуфтаи онҳо, ин гурӯҳ аз занон бештар барои пур кардани омор ва намоиши баробарии гендерӣ қабул мешаванд.
Дар ҳар сурат, оё имрӯз дар Тоҷикистон занони ба истилоҳ лидер ё дорои мавқеи фаъоли иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҳастанд? Дар нашри навбатии барномаи “Салом, хоҳар” баҳс сари ҳамин мавзуъст. Видео дар инҷо: