Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.
Гуруҳе аз фаъолони тоҷикистонӣ, рӯзи 7-уми июл дар назди Сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Берлин тазоҳурот карда, хостори озодии Абдуллоҳи Шамсиддин ва Дилмурод Эргашев шуданд. Ин ду паноҳҷӯи тоҷик дар солҳои 2023 ва 2024 аз Олмон ихроҷ шуда, дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шуданд.
Чин аз соли 2007 то аввали 2025, ба иқтисоди Тоҷикистон 5,1 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст. Ин оморро Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлати сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон 30-юми июн дар ҷаласаи порлумон эълон кард.
Фарҳод Неъматов, як паноҳҷӯи тоҷик, ки ахиран аз Шветсия ихроҷ шуда буд, бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнуъи “Ҳизби таҳрир” ба 8 сол зиндон маҳкум шудааст. Ҳукми Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд охири моҳи май баромадааст.
Фарҳоди Дарё, овозхони маъруфи афғон мегӯяд, дубора рӯзе фаро хоҳад расид, ки метавонад дар ватанаш дар назди мухлисони хеш овоз бихонад.
Бо афзоиши ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Эрон, даъватҳо дар Теҳрон барои хуруҷ аз Паймони Манъи Густариши Силоҳҳои Атомӣ (NPT) ва бастани гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки яке аз роҳҳои муҳими нафт дар ҷаҳон аст, зиёд шудаанд.
Ҳамлаи васеъмиқёси Исроил ба Эрон зоҳиран раҳбарони низомии кишварро ғофилгир кард ва шояд сабаби таъхир дар ҳамлаи ҷавобӣ ба Исроил шуд.
Cокинони рустоҳои наздик ба шаҳри Бор дар Сербия ва Панҷакент дар Тоҷикистон изтиробу ташвиши яксон доранд. Он ҳам аз олудагиҳо аз конҳои маъдани мутаалиқ ба Чин. Ширкати "Зиҷин" мегӯяд, муҳити зистро олуда намекунанд.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи нӯҳ нафар аз сокинони маҳаллаи “Дарвоз” дар Душанберо, ки бисёре аз онҳо ба ифротгароӣ муттаҳам мешаванд, барои муҳокима ба додгоҳ фиристодаанд.
Президенти Русия Владимир Путин дар Кремл барои аввалин бор раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин мулоқот, ба гуфтаи дафтари матбуоти порлумони Тоҷикистон, ҳамкориҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия баррасӣ шудааст.
Мақомоти интизомии Кӯлоб 15 нафари дигарро бо иттиҳоми ифротгароӣ ва фиристодани пул ба Муҳаммадиқболи Садриддин, яке аз мухолифони тундлаҳни ҳукумати Тоҷикистон дастгир кардаанд. Ба гуфтаи хешовандонашон, 15 муҳоҷири собиқи корӣ аз деҳаи Хонаободро шоми 17-уми май дастгир кардаанд.
Бо вуҷуди таҳдид ба зиндон дар Эрон вақтҳои охир шумори занони овозхон зиёд мешавад ва онҳо бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ талош мекунанд барномаҳои ҳунарии худро барои доираи васеи бинандагон муаррифӣ намоянд. Вале мақомот хонандагонро боздошту бозпурсӣ ва гоҳо ҳабсу зиндонӣ мекунанд.
Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро бо фарорасии Наврӯз табрик карда, изҳори умедворӣ намудааст, ки ҳамкориҳои ду кишвар рушд хоҳад кард. Дар дидори ахири ду президент дар Маскав 8 санади нав имзо карданд. То куҷо баъди ин муносибатҳо беҳтар мешаванд?
Таъкид ба шарикии стратегӣ ва таваҷҷӯҳи зиёди Русия ба бахшҳои саноат ва низомӣ ва ҳашт санади нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар сафари ахири Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав баёнгари ҳузури густардатари Русия дар оянда ин бахшҳои Тоҷикистон аст.
Дар Тоҷикистон 53 зан ва 147 мардро аз зиндонҳои Ёвон ва Норак озод карданд. Ҳамроҳи онҳо 23 ноболиғ ҳам раҳо карда шудааст. Раёсати зиндонҳои Вазорати адлия номи онҳоро нагуфт.
Онгуна ки интизор мерафт, интихоботи Порлумони Тоҷикистон бо пирузии ҳизби ҳокими Халқӣ демократӣ анҷом ёфт. Ин ҳизб аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон 49 курсиро ба даст овард. Суол ин аст, ки воқеан ин маърака интихобот буд ва ё ба қавли мухолифони ҳукумат саҳнасозӣ. Ҳамин аст мавзуи Гапи озод.
Мақомоти Амрико чанде пеш як шаҳрванди Тоҷикистонро бо гумони фиристодани даҳҳо ҳазор доллар ба ҷангҷӯёни ДОИШ ва оилаҳои онҳо дар Туркия ва Сурия боздошт карданд. Ин қазия дар пасманзари талошҳои давомдор ва баҳсбарангези ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи мубоиза бо ифротгароии исломӣ сурат мегирад.
Теъдоде аз мухолифони тоҷик, ки аз Русия гурехта ба Гурҷистон рафтаанд, мегӯянд, сол то сол ҳузури онҳо дар ин кишвар сахттар мешавад.
Баъзе аз намояндагони мухолифон интихоботи порлумониро дар Тоҷикистон, ки ширкатдоронаш танҳо аз аъзои ҳизби ҳоким ва ё шахсону созмонҳои ҷонибдори ҳукумат иборатанд, "намоиши навбатӣ" номиданд.
Ёфтҳои бештар