Cокинони рустоҳои наздик ба шаҳри Бор дар Сербия ва Панҷакент дар Тоҷикистон изтиробу ташвиши яксон доранд. Он ҳам аз олудагиҳо аз конҳои маъдани мутаалиқ ба Чин. Агарчи ҳукуматҳои Душанбе ва Белград аз сармоягузории Чин хушҳоланд, мардуми маҳал аз олудагии замину ҳавои худ метарсанд. Ширкати "Зиҷин" мегӯяд, муҳити зистро олуда намекунанд.
Ассадулло ва Милош 5 ҳазор километр дур аз ҳам зиндагӣ мекунанд, вале як ҳамсоя доранд. Ҳамсояи онҳо конҳои маъданеанд, ки ширкати азими чинии "Зиҷин" истихроҷ мекунад - дар Сербия аксаран мис ва дар Тоҷикистон тилло.
Асадулло Раҳмонов, сокини деҳаи Хумгарони Панҷакент мегӯяд: "Вақте аз назди ҳамон обанбор мегузаред, аз дами саҳар, ё саҳар мехезед, бӯе, ки ба димоғатон мезанад, нафас мегиред, сари одам гиҷ мешавад.”
Милош Бозич, узви Шӯрои маҳаллаи Кривелии Сербия гуфт: “Мардуме, ки дар маҳалҳои олудашуда зиндагӣ мекунад, аз деҳқонӣ даст кашидаанд. Бо ин ғубор, ҳеч чизи сиҳат парвариш карда наметавонед.”
Ширкат мегӯяд, муҳити зистро олуда намекунад, ҳукуматҳои Белград ва Душанбе ҳам аз сармоягузориҳои Чин хушҳоланд. Сербияву Тоҷикистон аз тариқи барномаи "Як камарбанд, як роҳ"-и Чин ба ҳам васланд. Тарҳи стратегии раиси ҷумҳур Си Ҷинпин, ки ҳадафаш тавсеаи нуфузи Чин дар Ғарб аст.
Пас аз солҳо истиҳола, Дйорде Андйелич, муҳандиси бознишаста аз наздикии кони маъдани Бор моликияташро ба ширкати чинӣ фурӯхт. Барои кӯчидан аз рустои Острели омода мешавад, ки то ҳол онро 200 хонавода тарк кардаанд. Мардуми деҳа талаб доштанд, бар асоси барномаи махсус кӯч дода шаванд. Чизе ки аслан нашуд.
Драгослав Стансулович, раиси Шӯрои маҳаллаи Острели гуфт, намедонад куҷо биравад. "Ман куҷо биравам, наметавонам, бору бандамро гирифта равам. Чӣ кор кунам, номусу шарафамро фурӯшам, номуси аҷдодонамро фурӯшам?"
Ширкати "Зиҷин" соли 2018 аксарияти саҳмияҳои кони мисро аз ҳукумати Сербия харид. Соли 2021 ширкати чинӣ ба истихроҷи кони нави маъдани Сукару Пеки оғоз кард.
Снезена Сербула, профессори Донишгоҳи техникӣ дар Бор мегӯяд:
“Баъди харидани кон ва коркарди маъдан, ширкати "Зиҷин" тавлидотро бисёр зиёд кард. Аз ҳама бештар се манбаи ҳаётӣ олуда шудааст, обу ҳаво ва замин.”
"Зиҷин" мегӯяд, ки барои ҳифзи муҳити зист ва назорати олудагӣ 259 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст ва мушкили асосӣ олудагиҳои диоксиди сулфур аз ҳаворо аз байн бурдааст.
"Вале олудагиҳои кимиёвӣ ва рӯҳ ҳанӯз ҳам ҳастанд. Олудагиҳо зарраҳои фулузоти сангинро доранд. Дар ҳаво мемонанд ва мардуми Бор ҳар рӯз онро нафас мегиранд", гуфт Сербула.
Бино ба оморҳои молӣ, ширкатҳои чинӣ соли 2024 фурӯшандагони аслии Сербия будаанд ва дар маҷмӯъ 1 миллиард доллар фоида гирифтаанд.
Деян Лазар, фаъоли созмони “Садои ҷавонон” мегӯяд: "Ба онҳо тамоми ихтиёрро додаанд. Шаҳри Бор дар атрофи кони маъдан бунёд шудааст, ҳеч кас мухолифи истихроҷ нест. Аммо истихроҷи инҷо ғайримантиқӣ аст. Истихроҷ босуръат идома дорад, маъдани зиёде мегиранд, аммо барои мардуми маҳаллӣ фоидаи ночизе мегузоранд".
Ҳафт гектар аз замини Миодраг Зивковичро панҷ сол пеш гирифта ба "Зиҷин" доданд. Мегӯяд, ӯро дар се рӯз ронданд ва то ҳол дар додгоҳ бо "Зиҷин" даъво дорад.
Миодраг Зивкович гуфт: “Он замин манбаи даромади ман буд. Ман ҳамчунин тақрибан 200 евро ҳаққи нафақа мегирам. Фақат ҳамин. Касе гуфта метавонад, ки чӣ гуна бо 200 евро зиндагӣ мекунед. Дар он замин хӯроки чорво доштем, чорво парварида мефурӯхтем.”
Ширкати "Зиҷин" мегӯяд, 98 дар сади заминҳои атрофи Статинаро аз мардум ва бо ихтиёри онҳо харидааст, фақат 1.5 дар сади онро давлат моликияти муҳими умумӣ эълон карда, ба ширкат додааст.
"Зиҷин Майнинги Сербия" дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ навишт: “Ҳадафи мо ҳамеша як роҳи ҳалли ризоиятбахш барои ҳама тарафҳо буд ва хоҳад монд. “
Вазорати ҳифзи муҳити зисти Сербия ва ҳукумати шаҳри Бор ба дархостҳои мо посух надоданд.
Вазорати маъдан иддаоҳо дар бораи беиҷоза фаъолият кардани "Зиҷин"-ро рад кард. Кони маъдани инҷоро дар Сербия аввалин «кони сабз» номидаанд ва "Зиҷин" мегӯяд, тамоми меъёрҳои зистмуҳитиро риоят мекунад.
Миодраг Зивкович, сокини Слатина гуфт: "Дар ин саёра ҳеч гуна “кони сабз” вуҷуд надорад. Ман мухолифи пешрафт нестам, мухолифи пешрафти давлат нестам. Ман на мухолифи ҳукуматам, на мухолифи ширкати чинӣ. Ман мухолифи зӯргуӣ ҳастам, мухолифи қонуне ҳастам, ки давлат ба нафъи ширкати хориҷӣ қабул кардааст".
Дар Тоҷикистон вазъ чӣ гуна аст?
"Зиҷин" соли 2007 - 70 дар сади саҳмияҳои ширкати "Зарафшон"-ро харид. Агарчи барои олудасозии муҳити зист борҳо ҷарима шудааст, аммо ҳамчунон аз ҳимояти сахти мақомоти расмӣ бархурдор аст. Ҳукумати кишвар мегӯяд, аз ҳисоби он миллионҳо доллар молиёт мегирад. Мардуми маҳал мегӯянд, ширкат обу ҳавову замини онҳоро олуда кардааст.
Асадулло Раҳмонов, сокини Хумгарони Панҷакент гуфт:
"Помидор нағз намепазад, пурра намепазад. Ман ҳар сол бодиринг кишт мекардам, аз бозор намехаридам. Сел сол аст, ки мекорам, панҷа зада хушрӯ мешавад ва гул мекунад, вале гулаш мерезаду меравад. Шафтолу ҳам намешавад".
Абутолиб Мухторов, сокини дигари деҳаи Шинги Панҷакент аст. Ӯ гуфт:
“Аз сари саҳар дуди ғализ мебарояд, димоғи одамро месӯзонад. Болои қишлоқро мегирад. Вақте бод вазид, дуд нест мешавад".
Ба иддаои сокинон, ҳангоми борони сел, обе, ки аз ҳавзи партоби кон ба рӯдхона мерезад, онро заҳрогин карда, моҳиҳоро мекушад. Сокинони деҳа мегӯянд, маъмурони амниятӣ ба онҳо таҳдид кардаанд, ки ширкатро танқид накунанд, агарчи он ба ваъдаҳои худ барои таъмири роҳу бунёди шифохона ва таъмини оби пок вафо накардааст.
Саидаҳмад Бобоев, сокини Шинги Панҷакент гуфт:
"Мо роҳҳоро таъмир мекунем, бо мошинҳои вазнини онҳо роҳ дар ду ҳафта вайрон мешавад. Агар борон борад, дар се рӯз вайрон мешавад. Тамом. Боз ҳамон ҳолати аввала мешавад".
Гурӯҳи занони безоршуда аз олудагӣ соли 2023 барои шикоят ба маркази Панҷакент дар маркази вилояти Суғд рафтаанд. Ба ҷойи шунидани шикоят маъмурони милиса онҳоро дастгир карда ва огаҳӣ додаанд.
Фирӯза Қаҳҳорова, сокини деҳаи Хумгарони Панҷакент яке аз онҳ буд. Ӯ гуфт:
"Вақте моро дарун бурданд, гуфтанд, ки шуморо 15 рӯз дар таҳхона мешинонем. Мо чӣ гуноҳ кардем, гуноҳи моро гуфта баъд моро ҷазо диҳед. "Не" гуфтанд, моро ба масхара гирифтанд. Гапҳои пасту баданд заданд ба мо. Вақте ки ман дар дарун худам шахсан беҳуш шудам, "ба ин об надиҳед, хок диҳед", гуфта дод заданд.
Бисёре аз сокинони деҳа, ки бе зикри ном бо Радиои Озодӣ сӯҳбат карданд, ҳоло аз мақомот метарсанд ва нигарони ояндаи фарзандонашон ҳастанд.
Ширкати "Зиҷин" мегӯяд, ки тамоми қоидаҳои ҳифзи муҳити зистро риоят мекунад то 20 соли дигар ҳаққи истихроҷро дорад. Бо васеътар шудани доманаи фаъолияти "Зиҷин", сокинони дармонда зери гарду ғубори он барои ояндаи худ мубориза мебаранд.
Гуфтугӯ