Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Абдулло ва Дилмуродро озод кунед." Эътирози тоҷикон дар Берлин


Гуруҳе аз фаъолони тоҷикистонӣ, рӯзи 7-уми июл дар назди Сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Берлин тазоҳурот карда, хостори озодии Абдуллоҳи Шамсиддин ва Дилмурод Эргашев шуданд. Ин ду паноҳҷӯи тоҷик дар солҳои 2023 ва 2024 аз Олмон ихроҷ шуда, дар Тоҷикистон ба зиндон маҳкум шуданд.

Фарҳод Одинаев, фаъоли сиёсӣ ва яке аз ширкатдорони намоиши эътирозӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, се соат мунтазири посухи намояндагони Сафорати Тоҷикистон мемонанд ва баъдан барои эътироз назди Вазорати корҳои хориҷии Олмон мераванд.

Дар навор ва аксҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, як гуруҳ зодагони Тоҷикистон ва зани олмоние бо шиор ва аксҳои Абдуллоҳи Шамсиддин ва Дилмурод Эргашев дида мешаванд. Фарҳод Одинаев мегӯяд, зани олмоние, ки акси Абдуллоҳи Шамсиддинро рӯи даст бардошта бо баландгӯяк озодӣ ва баргардондани ӯро талаб дорад, модархонди ӯ хонум Корнелия Суҳан аст.

"Борҳо дар назди Сафоратхонаи Тоҷикистон гирди ҳам омадем, вале то ҳанӯз ҳеҷ намояндаи дипломатӣ ба ҳарфҳои мо гӯш намедиҳад, ба назди мо намеоянд," – афзуд Фарҳод Одинаев.

Тазоҳурот рӯзи 10-уми декабри 2024 дар Дортмунд гузашта буд
Тазоҳурот рӯзи 10-уми декабри 2024 дар Дортмунд гузашта буд

Моҳи декабри соли гузашта низ гуруҳе аз фаъолони тоҷикистонӣ дар назди Вазорати кор бо муҳоҷирони Дортмунд ҷамъ шуда, хостори озодӣ ва бозгардонии Абдуллоҳи Шамсиддин ва Дилмурод Эргашев ба Олмон шуданд.

Мақомоти Олмон дар моҳи январи соли 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст.

Дилмурод Эргашев, паноҳҷӯи дигари тоҷик низ бо вуҷуди ҳушдорҳо аз эҳтимоли шиканҷаву ҳабс шуданаш дар Тоҷикистон, моҳи ноябри соли 2024 аз Олмон ихроҷ шуд. Намояндагони мухолифин гуфтанд, ӯ дар Тоҷикистон боздошт шудааст, вале сарнавишти баъдиаш маълум нашуд. Талошҳои хабарнигори Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи расмӣ аз мақомот ва чор додгоҳ дар Душанбе бенатиҷа буд.

Кишварҳои Аврупо дар солҳои ахир чандин паноҳҷӯи тоҷикро ихроҷ карданд, ки баъдан дар Тоҷикистон боздошт ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Азҷумла Фаррух Икромов моҳи апрели соли 2024 аз Лаҳистон ихроҷ шуда, дар Душанбе ба 23 сол зиндон маҳкум гашт.

Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод шуд ва 20 сол гирифт.

Билол Қурбоналиев, паноҳҷӯи дигари тоҷик ҳам аввали соли 2024 баъди ихроҷ аз Олмон ба Тоҷикистон, ба 10 сол зиндон маҳкум шуд. Ӯ яке аз ширкатдорони тазоҳуроти мухолифон дар Берлин ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон буд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG