Дар тарҳи нави Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ банди махсус ворид кардаанд.
Мақсуд Низомӣ, сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлия, рӯзи 13-уми феврал гуфт, "тарҳ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор барои баррасӣ ва омӯзиш ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод гашт."
Ҳуқуқдон Хусрав Зикруллоев илова шудани банди вижаро дар мавриди хушунати хонаводагӣ дар Кодекси ҷиноӣ амри зарурӣ донист.
Ӯ гуфт: "Имрӯз зиёд шудани хушунати хонаводагиро мушоҳида мекунем. Он боис ба расондани зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ мегардад ё дар баъзе ҳолат шахси таҳти хушунати хонаводагӣ қасди худкушӣ мекунад."
Як пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ низ нишон дод, ки сокинон дар ин масъала назари яксон надоранд. Кароматхон Абдуллоева, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 13-уми феврал гуфт, ҷонибдори таъйини ҷазо барои зӯроварӣ дар оила нест.
"Танҳо маслиҳат ва насиҳат кардан даркор. Фаҳмондан даркор. Шояд асабӣ мешаванд. Ба фикри ман, агар бо гапи нағз фаҳмонанд, нағзӣ меорад. Ҳамон одам пагоҳ калон мешавад, модар, падар мешавад ва аз фарзандонаш мебинад. Барои ҳамин, ҷазо даркор нест. Танҳо насиҳат," – афзуд ӯ.
Аммо ҳамсуҳбати дигари мо аз шаҳри Роғун Мулло Шоев назари дигар дорад. Вай мегӯяд, ҷазо бояд таъйин карда шавад: “Албатта, вақте фаҳмад, ки ҷазо сахт аст, ба ин кор ё хатоӣ роҳ намедиҳад.”
Дар Тоҷикистон бо вуҷуди қабули барномаҳои зиёде барои маҳви хушунати хонаводагӣ, ҳанӯз бадрафториву озору азияти занон, аз ҷумла озори ҷинсӣ зиёд мушоҳида мешавад. Ба ҳисоби миёна аз панҷ зан камаш яке мавриди хушунат қарор гирифта, сеяки занону духтарон аз дасти шавҳар, бародар ё хешовандони дигар азоб мекашанд.
Як пажӯҳиши Барномаи Рушди Созмони Милал дар гузашта нишон дода, ки 67 дарсад дар Тоҷикистон ба ин боваранд, ки зӯроварӣ ба зан дар оила як кори маъмулист.
Видеоро дар инҷо бинед: