Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокини Хатлон барои зулм ба наврас ҷазо гирифт. Тарси ҳамсоягон аз бозгашти ӯ


Сангалӣ Ғайратовро пас аз муроҷиати ғамангези наврас дастгир кардаанд.
Сангалӣ Ғайратовро пас аз муроҷиати ғамангези наврас дастгир кардаанд.

Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ҳамин вилоятро барои бадрафторӣ бо духтарандарони ноболиғаш ба 15 шабонарӯзи ҳабс маҳкум кардааст.

Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ҳамин вилоятро барои бадрафторӣ бо духтарандарони ноболиғаш ба 15 шабонарӯзи ҳабс маҳкум кардааст. Сангалӣ Ғайратов, сокини 27-солаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадониро пас аз муроҷиати ғамангез ва дилрешкунандаи видеоии яке аз духтарони ноболиғи ҳамсараш дастгир кардаву ҷазо додаанд.

Дар муроҷиати видеоии духтари 12-сола, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, ӯ мегӯяд, ки падарандараш ба онҳо таҳдид мекунад, ки ӯрову модараш ва тифли бемори хурди хонаводаро мекушад.

Ба қавли тифл, падарандараш ҳангоми мастӣ ӯрову модарашро, аз ҷумла бо лагад мезанад ва дашномҳои зишт медиҳад. Видеоро маълум нест, ки сабт кардааст, вале зане аз духтар дар бораи рафтори падараш мепурсад ва наврас бо гиря мегӯяд, ки ӯро аз дасти падарандар халос кунанд.

Яке аз ҳамсоягони ин хонавода рӯзи 4-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски мақомоти милиса ба доди ин зан, Файзиниссои Нуралӣ нарасидаанд, онҳо маҷбур шудаанд, ки аз ин роҳ садои хонаводаро ба гӯши мақомоти болоӣ расонанд.

Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт: “Ҳамсояамон Файзиниссо шаш маротиба ба мақомот муроҷиат кард, ариза навишт. Шавҳараш он қадар мезанад, ки хун мепартояд. Ҳамсояҳо безор шудем, участковой гуфт, ки айби худат аст. Як нимашаб гурехт, участковий омад, гуфт, ки ту бева хоб меравӣ, мо барои ту кӯдак мекобем.”

Ҳомиёни ҳуқуқ ҳам пайваста нозирони минтақавии шаҳраку маҳаллаҳоро барои нодида гирифтани хушунат бар занон ва маҷбур ба хона бозгардонидани занони ҷабрдида танқид мекунанд.

Ба қавли ҳамсоягон Файзиниссои Нуралӣ, аз шавҳари аввалаш ду фарзанд дорад, ки яке ҳам 6-сола ва гирифтори бемории фалаҷи атфол аст ва роҳ рафта наметавонад. Ба қавли ҳамсоягон падар ба ин тифли маъюб ҳам раҳм намекунад ва ӯро мезанад. Ӯ афзуд: “Ҳамсарашро бо мушту лагад мезанад, рӯи замин кашола мекунад, мегӯяд, ин беваро мекушам, фоҳиша аст, ҳаром аст.“

Ба қавли ҳамсоягон Сангалӣ Ғайратов, ки ҷое кор намекунад, аз ҳамсари аввалаш ҷудо шудааст ва дар хонаи Файзиниссои Нуралӣ зиндагӣ дорад. Таъмини оила бар дӯши занаш будааст. Ба гуфтаи ҳамсоягон, падари тифлони худаш барои таъмини онҳо алимент месупорад, аммо суроғ намекунад.

Раёсати корҳои дохилии Хатлон гуфтааст, ҳангоми таҳқиқ маълум шуд, ки “ноболиғи дар навор инъикосгардида хонандаи синфи 5-и яке аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ буда, аз хушунати хонаводагӣ ранҷ мебарад.“

Ба гуфтаи раёсат, мақомот маълум карданд, ки “дастгиршуда бо модари духтари ноболиғ оила барпо намуда, аз зиндагии якҷоя боз соҳиби як нафар фарзанд гардидаанд. Дар доираи санҷишу таҳқиқи ҳодиса ҳукмфармо будани фазои носолими хонаводагӣ, номуросоӣ, хушунату бадрафторӣ дар муносибатҳои оиладорӣ муайян карда шуд.”

Бо назардошти ин ҳама, додгоҳи вилояти Хатлон Сангалӣ Ғайратовро бо гуноҳи авбошӣ, рафтори таҳқиромез ва дарафтодан ба одамон ба 15 шабонарӯзи ҳабс маҳкум кардааст. Назари Сангалӣ Ғайратов дар робита ба ин иттиҳом маълум нест.

Яке аз ҳамсояҳои хонаводаи ҷабрдида ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷазое, ки Сангалӣ Ғайратов додаанд, бисёр сабук аст ва ба қавли ӯ: “Агар баргардад, ҳамаи инҳоро мекушад.”

Бо айни мазмун корбарони зиёде зери хабари Раёсати корҳои дохилии Хатлон шарҳ гузоштаанд ва яке ҳам чунин аст: “Ин баъди баромадан аз маҳбас ҳатман қасд мегирад ва рӯзи бади ин кӯдак бадтар мешавад. Илтимос ягон чорае дида ин кӯдакро аз ин хона ва аз ин падарандар наҷот диҳед, ки оқибати бад доштанаш мумкин.”

Агарчӣ мақомоти Тоҷикистон то кунун барои риояти ҳуқуқи кӯдак қонуну санадҳои зиёде қабул кардаанд, аммо беэҳтиромӣ ба ҳаққи онҳо, зӯроварӣ ва задани тифлону наврасон дар кишвар як кори оддӣ ва ё расм аст. Соли 2024 Тоҷикистон 67-умин кишвари ҷаҳон шуд, ки танбеҳи ҷисмонӣ ба кӯдакро бар асоси қонун манъ кард, вале бо вуҷуди ин ба гуфтаи ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон “, дар амалия ҳолатҳои алоҳидаи зўроварӣ, ҷазои ҷисмонӣ ва ҷинояткорӣ нисбат ба кўдак дар оила ва ҷомеа ба назар расида, вокунишҳои зиёдро ба бор меорад.

Бино ба омори вазорати корҳои дохилӣ, соли 2024 тақрибан 1000 ҷинояте сабт шудааст, ки ҷабрдидагону қурбониёни он кӯдакону наврасон будаанд ва теъдоди ингуна ҷиноятҳо дар кишвар дар муқоиса ба соли 2023 бештар аз 35 дар сад афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла дар 48 маврид кӯдакон ё захми миёна ва ё сахт бардоштаанд. Ҳашт наврас ва ё кӯдаки маъсум ҳам дар он сол ба дасти калонсоле кушта шудаанд.

Бар тибқи гузориши ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон: “Таҳлили маълумот нишон медиҳад, ки ҷиноятҳои расонидани зарари миёна ва вазнин ба саломатӣ, одамкушии барқасдона, таҷовуз ба номус, алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳанўз ба синни 16-солагӣ нарасидааст, дуздӣ, қаллобӣ, ғоратгарӣ, авбошӣ, монеъ шудан ба гирифтани таълимоти ҳатмии умумии асосӣ, ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида ва бастани ақди никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳ нарасидааст, бештар гардидааст. Илова бар ин, дар давоми як сол ба вуқуъ омадани 17 ҳолати таҷовуз ба номус, 96 ҳолати алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳанўз ба синни 16-солагӣ нарасидааст, 209 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таълимоти ҳатмии умумии асост, 20 ҳолати ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида ва 27 ҳолати бастани ақди никоҳ бо шахсе, ки ба синни никоҳӣ нарасидааст, вазъи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кўдакро мураккаб ва ташвишовар мекунад.”

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG