Ҳашт созмони байнулмилалӣ*, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа ва Ҳамкорӣ барои ҳуқуқи башар марги чор зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар зиндонҳои Тоҷикистон маҳкум карда, ҳамзамон аз мақомот хостаанд, ки таъқибу саркӯби помириҳоро бас кунанд. Изҳорот рӯзи 4-уми август нашр шуд. Фаъолони маданӣ аз Бадахшон аз он пуштибонӣ карданд. Вокуниши ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз дастрас нест.
Марги Қулмамад Паллаеви 50-сола дар моҳи январ, Аслан Гулобови 35-сола ва Музаффар Давлатмирови 61-сола дар моҳи июн ва Эроншо Мамадраҳимови 39-сола дар моҳи июли имсол расонаӣ гашт.
Ҳамаи онҳо дар соли 2022 ва пас аз амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Рӯшону Хоруғ дастгир ва зиндонӣ шуданд. Мақомот онҳоро ба терроризму ҷиноятҳои дигар гунаҳкор карданд, вале наздиконашон хулосаи Додгоҳро напазируфтанд.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар изҳороти худ шароити номуносиби боздоштгоҳҳо, адами дастрасӣ ба ёрии пизишкӣ ва марги дастгиршудаҳоро аз мушкилиҳои идомадор дар Тоҷикистон номбар кардаанд. Онҳо гуфтаанд, “аз бад шудани саломати помириҳои зиндонӣ бар асари шиканҷа ва нарасондани ёрии пизишкӣ ба онҳо сахт дар ташвиш ҳастем.”
"Нашр шуданаш ба фоидаи ҳукумат нахоҳад буд"
Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи марги пайиҳами чор зодаи Бадахшон суҳбат накардаанд, вале ҳафтае пеш вазири адлия Музаффар Ашӯриён дар нишасти матбуотӣ гуфт, маҳбусони беморро табобат мекунанд ва барои ин кор шароит доранд.
Таҳлилгар Хурсанд Хуррамов, ки аз вазъи вилояти Бадахшон огоҳ аст, гуфт, “омори расмӣ дар ин бора ҳеч вақт нашр нашудааст. Нашр шудани он ба фоидаи ҳукумат нахоҳад буд. Марги чор зиндонӣ дар соли 2025 тасдиқ шудааст. Марги қариб чиҳил сокини вилоят дар солҳои 2022-2023 дар пайи саркӯби гирдиҳамоӣ низ тасдиқ шудааст.”
Ба ҷуз, ин ба иттилои ӯ, “теъдоде аз сокинони вилоят бо сабабҳои гуногун минтақаро тарк кардаанд. Ин ҳама нишонгари коҳиши боварӣ миёни ҷомеа ва ҳукумат аст, аз ин сабаб, эҳтимол мо ҳеч вақт шоҳиди тасдиқи ин рақамҳо нахоҳем шуд.”
Ҳашт созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз он норизоӣ кардаанд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи марти имсол 897 зиндониро афв кард, аммо муроҷиатҳои батакрорро дар бораи раҳоии фаъолони бадахшонӣ нодида гирифт. Аз ҷумла, ба иттилои онҳо, Гурӯҳи кории Созмони Милал дар мавриди боздоштҳои худсарона озодии Фаромуз Иргашов, Манучеҳр Холиқназаров, Улфатхоним Мамадшоева, Хурсанд Мамадшоев ва Сорбон Юноевро талаб карда буд.
“Мо дархост дорем, ки қурбониёни саркӯби фаромиллӣ алайҳи помириҳо дар Русия – Чоршанбе Чоршанбиев, Амриддин Аловатшоев, Ораз Вазирбеков ва Рамзӣ Вазирбеков – низ озод карда шаванд. Боздошти худсарона танҳо бо фаъолони помирӣ, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва рӯзноманигорон маҳдуд намешавад. Он мансабдорони баландпояи помирӣ ба мисли Холбаш Холбашевро низ ҳадаф қарор додааст,” – гуфта шудааст дар гузориш. Холбаш Холбашов афсари пешини нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аст.
Талаб аз Тоҷикистон ва кишвару созмонҳои ҷаҳонӣ
Дар охир аз ҳукумати Тоҷикистон хоста шудааст, ки масъулиятҳои байнулмилалии худро иҷро карда, таъқиби пайваста ва шиканҷаи ҳадафмандонаи помириҳоро хотима диҳад ва ба фаъолони зиндонӣ аз Бадахшон ёрии пизишкии муносиб расонад. Ҳамзамон аз кишварҳои узви Созмони Милал, Иттиҳоди Аврупо ва фаъолони байнулмилалӣ даъват шудааст, ки Тоҷикистонро барои раҳоии помириҳо водор кунанд.
- Монеъ шудан ба нақши раҳбарии Душанбе дар нишастҳои бахшида ба обу иқлим;
- Ҳимояи паноҳҷӯёни помирӣ;
- Ҳамкорӣ бо Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дар пайванд ба шикояти зидди ҳукумати Тоҷикистон;
- Оғози таҳримҳои ҳадафманд;
- Ва манъи сафари мансабдорони баландпояи тоҷик, ки дар саркӯби мунтазам даст доранд аз талабҳои дигари ҳомиёни ҳуқуқи башар аст.
Фаъолони маданӣ аз Бадахшон мегӯянд, бо вуҷуди дер нашр шудани изҳорот, аз талабҳое, ки нисбат ба ислоҳи вазъ ва поён додан ба таъқибу саркӯби идомадори бадахшониҳо пеш оварда шудааст, тарафдорӣ мекунанд.
Алим Шерзамонов, яке аз фаъолони бадахшонӣ ва намояндаи мухолифони тоҷик дар хориҷ, рӯзи 13-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт: “Вазъи воқеии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳатто бадтар аз ин гузориши созмонҳост ва рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Фактҳо дардноканд. Ҳоло муҳим аст, мақомоте, ки дар бадрафториҳо даст доштанд, ислоҳ шаванд ва аз пайи бозбинии амали худ гарданд."
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар моҳҳои май ва июни 2022 саҳнаи тазоҳурот ва саркӯби мардуми норозӣ буд. Ин ҳодиса рӯзи 16-уми майи соли 2022 ва пас аз он сар шуд, ки гурӯҳе аз ҷавонон барои додхоҳӣ аз маҳаллаи Бархоруғ ба маркази шаҳри Хоруғ равон шуданд. Онҳо аз мақомот талаб карданд, ки куштори Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа ва ду нафари дигарро дар ҷараёни эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 дар Хоруғ одилона таҳқиқ кунанд. Истеъфои раиси шаҳри Хоруғ ва раиси вилояти Бадахшон аз хостҳои дигари ҷавонон буд.
Мақомот талаби онҳоро напазируфтанд ва барои пароканда кардани онҳо тирҳои резинӣ ва гази ашковар ба кор бурданд. Дар он ҳодиса Замир Назаршоев, сокини 31-солаи гузари Гулакени Хоруғ ҷон бохт.
Мавҷи эътирозҳо рӯзи 17-уми май аз Хоруғ ба ноҳияи Рӯшон кӯчид. Рӯзи дигар амалиёти, ба гуфтаи мақомот, “зиддиттеррористӣ” дар ноҳия шуруъ шуд. Мақомот гуфтанд, пас аз ҳамла ба мошини ходимони амнияти Тоҷикистон ва бастани қитъаи роҳи байнулмилалии Тоҷикистон – Чин амалиётро ба роҳ монданд.
Ба иттилои расмӣ, аз он лаҳза то 17-уми июни соли 2022 дар Рӯшон ва Хоруғ 29 кас кушта шудаанд. Ин шумора дар гузориши дипломатҳои Созмони Милал то 40 нафар номбар шуда буд. Кандукови Радиои Озодӣ номи 34 кушташударо ошкор кард. Онҳо аз 30 то 57-сола ва аксаран аз ноҳияи Рӯшонанд.
*Ҳашт созмон:
Anti-Discrimination Centre Memorial Brussels
CIVICUS
International Communities Organisation
International Federation for Human Rights (FIDH)
International Partnership for Human Rights
Ligue burndaise des droits de l'homme Iteka
Vuka! Coalition for Civic Engagement
World Organisation Against Torture (OMCT).